Омузиши хусусиятҳои зиддидиабетии хокаи лӯндаи Кинг

Омузиши хусусиятҳои зиддидиабетии хокаи лӯндаи  Кинг

Дар ҳафтаи сипаришуда дар бахши фармакалогияи эксперменталии ОМИТ корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат (2 моҳа) дар мавзӯи « Омӯзиши хусусиятҳои зиддидиабетии хокаи лундаи Кинг» таҳти роҳбарии профессор Азонов Ҷ.А. ва муттасадӣ Ҷалилов Ғ.Қ. дар ҳайвоноти озмоишӣ (калламушҳои сафед) оғоз гардиданд. Мақсади ососии тадқиқот дар марҳилаи аввал муайян намудани глюкоза дар таркиби хуни ҳайвоноти озмоишӣ мебошад.

Дар давоми тадқиқот ба ҳайвоноти озмоишӣ маводи тадқиқотшавандаи Кинг ворид карда шуда,   дигар хусусиятҳои ин мавод омӯхта мешавад. Барои натиҷагирӣ таҳлилҳои биохимиявӣ ва маводҳои морфологӣ гирифта мешавад. Аз натиҷаҳои бадастомада таъсири муcбат ва манфии маводи тадқиқшаванда омӯхта мешавад.

                               Озмоишгоҳи марказии илми-тадқиқотӣ


02.10.2020 82