Омӯзиши хусусиятҳои зиддиабетии хокаи КИНГ

Омӯзиши хусусиятҳои зиддиабетии хокаи  КИНГ

Ҳафтаи сипаришуда дар бахши фармакологияи эксперименталии ОМИТ корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат (2 моҳ) дар мавзӯи «Омузиши хусусиятҳои зиддидиабетии хокаи лӯндаи Кинг» таҳти роҳбарии профессор Азонов Ҷ.А. ва мутасаддӣ  Ҷалилов Ғ.Қ дар ҳайвоноти озмоишӣ (калламушҳои сафед)оғоз гардид. Мақсади ососии тадқиқот, дар марҳилаи аввал муайян намудани глюкоза дар таркиби хуни ҳайвоноти озмоишӣ мебошад.

Дар давоми тадқиқот ба ҳайвоноти озмоишӣ маводи тадқиқотшавандаи Кинг ворид карда, дигар хусусиятҳои ин мавод омӯхта мешаванд. Барои  натиҷагирӣ таҳлилҳои биохимиявӣ аз ҷумла: сафедаи умумӣ, холестерин, албумин, калций, калий, креатинин, мочевина, глюкоза, АЛТ, АСТ ва маводҳои морфологӣ гирифта шуда, аз натиҷаҳои бадастомада таъсири муcбат ва манфии маводи тадқиқшаванда омӯхта мешавад.

  Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ


05.03.2021 374