Омӯзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводҳои тадқиқотшавандаи “Феразон” ва “Феразон-липовитол”

Омӯзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводҳои тадқиқотшавандаи “Феразон” ва  “Феразон-липовитол”

        Дар бахши фармакологияи эксперименталии Озмоишгоҳ давраи сеюми омӯзиши маводҳои тадқиқотшаванда идома доранд. Санаи 12-уми декабр таҳти роҳбарии профессор Азонов Ҷ.А. барои натиҷагарии даврагии корҳои илмӣ-тадқиқотии дарозмуддат оиди «Омӯзиши хусусиятҳои гиполипидимии маводҳои тадқиқотшавандаи “Феразон” ва “Феразон-липовитол” дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (мушҳои сафед 58 адад, санаи 25.09. соли 2018 оғоз гардидааст), таҳлилҳои биохимиявии хун (холестерин, билирубин, триглисеридҳо, фосфолипидҳо, сафедаҳо, албумин, АлТ, АсТ, глюкоза, мочевина ва креатинин) гирифта шуданд. Таҳлилҳо аз тарафи кормандони бахши озмоишҳои боихимиявӣ гузаронида мешаванд. Аз натиҷаҳои ба дастомада таъсири маводи тадқиқотшаванда санҷида мешаванд.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ


17.12.2018     46