Оғози машғулиятҳои амалии кафедраи фармакология дар ОМИТ

Оғози машғулиятҳои амалии кафедраи фармакология  дар ОМИТ


Азхудкунии таъсири доруҳо аз тарафи донишҷӯён барои машғулиятҳои амалии кафедраи фармакология дар ҳайвонотҳои озмоишӣ муҳим мебошад. Аз рӯи наќшаи пешбинишудаи таълимии кафедра дар ҳамкорӣ бо Озмоишгоҳи марказии илмӣ- тадќиќотӣ дар ОМИТ машғулиятҳои амалӣ барои донишчӯёни курсҳои сеюми факултаҳои фармасевтӣ, тиббӣ ва педиатрӣ дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (харгӯш, мушҳои майда, қурбоққа) оғоз гардиданд. Машғулиятҳои амалӣ аз рӯи 8 мавзӯъ дар муддати 1 моҳ гузаронида мешаванд. Дарсҳои амалӣ бевосита бо иштироки бевоситаи мудири кафедра: дотсент Урунова М.В. ва кормандони кафедра дар мавзӯъхои “Беҳискунии терминалӣ, таъсири атропин ва пилокарпин ба дили қурбоққа, таъсири пилокарпин ба чашми қурбоқоқа, таъсири обҷӯши никотин, таъсири адреналин ба чашм ва ба кори дили қурбоққа, таъсири адсорбентии антгишти фаъол, муқоисаи маҳлулшавии анестезин ва новокаин, таъсири хардалкоғаз (горчичник) ба пӯст” гузаронида мешаванд. Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар ҳайвонотҳои озмоишӣ донишҷӯён таъсири доруҳоро дида бештар ва хубтар азхуд менамоянд, ки барои дар оянда дар беморон истифода намудани ин доруҳо лозим аст.   

Озмоишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотӣ 


06.10.2018 94