Оғози машғулиятҳои амалии кафедраи фармакология барои донишҷўёни хориҷӣ дар ОМИТ

Оғози машғулиятҳои амалии кафедраи фармакология барои донишҷўёни хориҷӣ  дар ОМИТ <h5 class='p text-justify'>Барои машғулиятҳои амалии кафедраи фармакология азхудкунии таъсири доруҳо аз тарафи донишҷўён дар ҳайвонотҳои озмоишӣ муҳим мебошад. Аз рўи нақшаи пешбинишудаи таълимии кафедра дар ҳамкорӣ бо Озмоишгоҳи марказии илмӣ- тадқиқотӣ дар ОМИТ машғулиятҳои амалӣ барои донишчўёни хориҷии факултаҳои фармасевтӣ, тиббӣ ва педиатрӣ  дар ҳайвонотҳои озмоишӣ (қурбоққа) оғоз гардиданд. Машғулиятҳои амалӣ аз рӯи 6 мавзӯъ гузаронида мешаванд. Дарсҳои амалӣ бевосита бо иштироки бевоситаи мудири кафедра: дотсент Урунова М.В. ва  ассистентҳои кафедра дар мавзӯъхои “Беҳискунии мавзеӣ ва канорӣ, таъсири атропин ва пилокарпин ба дили қурбоққа, таъсири пилокарпин ба чашми қурбоқоқа, таъсири обҷӯши никотин, таъсири адреналин ба  чашм ва ба кори дили қурбоққа, таъсири адсорбентии антгишти фаъол, муқоисаи маҳлулшавии анестезин ва новокаин, таъсири хардалкоғаз (горчичник) ба пӯст” гузаронида  мешаванд.  Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар ҳайвонотҳои озмоишӣ  донишҷӯён таъсири доруҳоро дида, инчунин аз тарафи донишҷуён ин машғулиятҳо гузаронида мешаванд. Баъд аз мустқилона гузаронидаи машғулиятҳо ин мавзўъҳрро бештар ва хубтар аз худ менамоянд, ки барои дар оянда омўзиши дигар мавзўъҳо мусоидат мекунад.    </h5>
26.09.2019     66