Оғози кори илмӣ-тадқиқотии «Моделкунии норасоии музмини шараёни мезентериалӣ» дар ОМИТ

Оғози кори илмӣ-тадқиқотии «Моделкунии норасоии музмини шараёни мезентериалӣ» дар ОМИТ

Дар бахши ҷарроҳии эксперименталӣ дар ҳамкорӣ бо кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 қисми эксперименталии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оиди «Усули моделкунии норасоии музмини шараёни мезентериалӣ» (“Способ экспериментального моделирования хронической артериальной непроходимости мезентериальных сосудов”) (роҳбар профессор Султонов Ҷ.Д.) аз тарафи аспиранти кафедра Юнусов Ҳ. ва донишҷӯи Донишкадаи тиббии Қарагандаи Қазоқистон Жуманбоев С.М. ки дар кафедра давраи таҳсил мегузарад, дар ҳайвоноти озмоишӣ (харгуш) 6 амалиёти ҷарроҳӣ –лапаротомия, ҷудокунӣ ва бастани шараёни мезентериалии болоӣ зери калонкунии оптикӣ гузаронида шуданд. Дар давраи баъд аз ҷарроҳӣ ҳайвонотҳои озмоишӣ назорат карда шуда, релапаротомия, тафтиши рӯдаҳо, резексияи рӯдаҳои тағъирёфта ва гузаронидани ташхси морфологии рӯда гузаронида мешаванд.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотӣ


12.10.2018     42