Маҳфили илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон

Маҳфили илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон

   Санаи 19-уми октябри соли 2018 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 маҳфили илмии донишҷӯён бо иштироки кормандони кафедра ва МД ММТ ҶТ, ординаторони клиникӣ, интернаҳо ва донишҷӯёни курси 6 гузаронида шуд. Дар он маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи “Камхунии мегалобластӣ (воқеа аз таҷриба)” ва “Тахикардияи пароксизмалӣ (воқеа аз таҷриба)”, ки аз тарафи духтур-интерн Ҷабборзода Ҷонибек ва ординаторони клиникии кафедра Ҳаитов Фирӯзҷон омода шуда буд, шунида шуд.

   Баъди ҳамаи маърўзаҳо раиси конфронс мудири кафедра, д.и.т., дотсент Мустафакулова Н.И. тавсияҳои муфид оиди мавзўи муҳокимашуда доданд.

   Маҳфили илмии кафедра дар муҳити илмӣ-амалӣ бо баҳсу мунозира ва саволу ҷавобҳои пурмазмун анҷом ёфт.

Мустафакулова Н.И., мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3,  д.и.т., дотсент


20.10.2018     67