Курси ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ

Курси ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ

Дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шунавандагони курсҳои «Ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ» асосан дар пойгоҳҳои ОЗМОИШГОҲИ МАРКАЗИИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ (ОМИТ) ва ОЗМОИШГОҲИ КИШТИ СЕЛУЛЛАҲОИ БУНЁДӢ (ОКСБ)-и донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Машғулиятҳоро устодон Маҳкамова Б.Ҳ.- н.и.к. дар ОМИТ ва Наврӯзбекова С.А. дар ОКСБ мегузаронанд. Баъди хатми курси мазкур онҳо имтиҳони хатмро супорида, тибқи ҳуҷҷатҳои гирифтаашон дар озмоишгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамоянд. 

Директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, н.и.т., 

профессори фахрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  -  Гадоев Б. Ш.


19.11.2020 141