Хониши синоӣ

Хониши синоӣ
Рӯзи 31 январ дар толори Сино бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён маҳфили «Хониши синоӣ» баргузор гашт. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба таълим, д.и..т., профессор Ибодзода С.Т. ифтитоҳ намуда қайд кард, ки ҳадафи асосии ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ, пеш аз ҳама бузургдошти хотири мутафаккир ва табиби бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва омӯзиши афкори илмию бадеӣ ва ахлоқию фалсафии ин нобиғаи оламшумул, инчунин баррасии масъалаҳои мубрами ҳаёти илмию таълимии донишгоҳ ва дарёфти роҳу усулҳои беҳтари таълиму тарбияи мутахассисони ҷавони тиб мебошад.
Маҳфили имсолаи Хониши Синоӣ доираи васеътари мавзӯъҳои мубрами ҳаёти илмию таълимии донишгоҳро дар бар гирифта, дар ин доира як қатор маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ пешкаши иштирокчиёни маҳфил гардонида мешаванд. Ба ҳамоиши навбатии Хониши Синоӣ мудирони кафедраҳои донишгоҳ, омӯзгорон, аспирантон, ординаторҳо ва интернаҳои кафедраҳои гуногун даъват карда шуда буданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳои асисстенти кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.т Зеваршоҳ Абдураҳмонов оид ба «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои тиб ва фалсафа», мутахассиси МЯТ Солеҳҷон Шарипов оид ба мавзӯи «Дастовардҳои Маркази ягонаи тестӣ», сардори Раёсати кадрӣ Саидҷон Абдуллоев оид ба «Омӯзгори инноватсионӣ», мудири кафедраи гистология Зуннуна Соҳибова оид ба «Барномаҳои маърифатӣ ва усулҳои таълим дар кафедраи гистология», ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 1 Фаррух Бақоев оид ба «Силлабуси электронӣ»-ро бо мароқи калон шунида дар ҷамъбаст ҳусну қубҳи онҳоро баҳогузорӣ намуданд.
Хотиррасон карданиам, ки «Хониши Синоӣ» барои такмил додани фаъолияти илмию методии ҳайати профессорону омӯзгорон аҳамияти босазое дошта, аз тарафи дигар ба дарёфти усулҳои нави таълим ва ба ин васила баланд шудани сифати дарсомӯзии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Дар рафти ҳамоиш барои иштирокчиён барномаи марғуби дастаи ҳаваскорони «Шифо» -и донишгоҳ пешкаш гардонида шуд. 
«Ворисони Сино»


Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
Хониши синоӣ
31.01.2020 249