Иштирок дар «Форуми офталмологии Пирогов»

Иштирок дар «Форуми офталмологии Пирогов»

Рӯзҳои 19-20 декабри соли 2018 –ум дар шахри Москваи Федератсияи Руссия, дар Маркази миллии ҷарроҳӣ-тиббии ба номи Н.И. Пирогов форуми навбатии офталмологӣ баргузор гардид. Дар форуми номбурда аз кафедраи офталмологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ассистентон Каримов М.Б. ва Хайдаров З.Б. иштирок намуданд.

Инчунин дар форуми мазкур делегатҳо аз книликаҳои чашми хама шахру вилоятҳои Федератсияи Руссия ва ш. Мосвка иштирок намуданд.         Дар конфронс Директори донишкадаи илмӣ- тадқиқотии бемориҳои чашми ФР ба номи Гелмголтс, д.и.т. профессор, Сармутахассиси Вазорати тандурустии ФР, Нероев В.В, директории Маркази миллии ҷарроҳӣ-тиббии ба номи Н.И. Пирогов, д.и.т., профессор Карпов О.Э., профессор Соболев Н.П, профессор Файзрахмонов Р.Р.. профессор Сдобникова С.В ва дигар олимони шинохтаи соҳаи бемориҳои чашм иштирок намуданд.

Дар конфронс зиёда аз 37 маърӯзаҳо шунида шуданд. Дар маҷмуи корҳои форум маколаи илмии кормандони кафедраи офталмологияи ДДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино «Чароҳии омехта ҳангоми катаракта ва глаукома бо истифодаи усули нақбӣ» чоп шуда шуд ва инчунин оиди ин мавзӯъ маърӯза пешниҳод карда шуд.

Баъд аз форуми номбурда ба иштирокчиён аз кафедраи офталмологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино сертификатҳо тақдим карда шуданд.

 Кафедраи офталмология


04.01.2019     83