Дастоварди илмӣ

Дастоварди илмӣ

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати самаранок истифода кардани сарватҳои табиии кишвар, махсусан гиёҳҳои шифобахши он ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани онҳо тибқи супориши ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ. кормандони кафедраи фармакогнозия – мудири кафедра Назаров М.Н. ва ассистенти кафедра бори нахуст дар Тоҷикистон «Атласи рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон»-ро таҳия ва нашр карданд.

Дар «Атласи рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон» муаллифон як ҳиссае аз бойгонии илмии хешро барои хонандаи гиромӣ пешкаш намуда, дар муқаддима ва пешгуфтор маълумотҳои ҷолиби таърихиро баён кардаанд. Дар оѓоз муаллифон роҷеъ ба масоили муҳимме, монанди усулҳои таҳқиқоти рустаниҳои шифобахш, рустаниҳои шифоӣ ва марҳалаҳои дар саҳро ҷамъ овардани онҳо, усулҳои ҷамъоварии рустаниҳои шифобахш, тавсифи экобиоморфологии рустаниҳои шифоӣ маълумоти арзишман дода, баъдан ба тавсифи рустаниҳо мегузаранд. Ибтидо номи тоҷикӣ, баъдан русӣ ва лотинии рустанӣ оварда мешавад. Рустанӣ ба таври муфассал тавсиф шуда, оид ба мавзеи сукунату паҳншавӣ, ашё, таркиби химиявӣ, истифодааш дар тиб ба таври муфассал маълумоти муфид дода шудааст. Дар охир феҳристи гиёҳҳои шифоӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисиву лотинӣ дода шудааст.

 

 А.И.Юсуфов, директори Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ

                             


16.01.2019 285