Ақли солим яке аз муҳимтарин арзишҳои инсонист

Ақли солим яке аз муҳимтарин арзишҳои инсонист

       Таҳти унвони “Чу узве ба дард оварад рӯзгор” маҳфили илмӣ – амалии донишҷӯёни курси 5-уми факултаи тиббӣ бо роҳбарии дотсенти кафедраи тибби оилавии №2 Носирова Матлуба Пулотовна гузаронида шуд. Дар маҳфили мазкур донишҷӯён дар атрофи “Инсон узви ҷудонашавандаи ҷомеа” андешаронӣ намуда, мавзӯи мазкурро ба баҳс кашиданд. Донишҷӯйи курси 5-ум Ҳабибова Шабнам зимни гузориши худ қайд намуд, ки “Танҳо бо инсонҳои ҳам аз нигоҳи ақлонӣ ва ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ солимбуда метавон ҷомеаи солим бунёд сохт. Бинобар ин, шарти асосӣ ва аввалдараҷа барои пешрафти арзишманди ҷомеа ин солимии он ба ҳисоб меравад”. Донишҷӯ Мухторова Ҷамила бошад қайд намуд, ки “Барои солимии фарзандон, яъне ҷомеа нақши модар муҳим аст”. Ӯ нақши модарро дар эҷоди як ҷомеаи солиму андешаманд аввалдараҷа пиндошта, онро дар илмомӯзӣ ва донишманд гардидани духтарон дарёфт.

        Шодрӯзи Нозим бошад солимии ақл, яъне фикр барои ҷавононро муҳимтарин арзиш пазируфт.

        Ҳамчунин дар маҳфил донишҷӯён: Саидов Шаҳбоз, Ишмирзоев Ҷурабек, Зиёӣ Фархунда , Асоев Зиёвуддин суханронӣ намуданд.

 Кафедраи тибби оилавии №2


27.10.2018     71