ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД
Модар сарчашмаи умр ва мояи меҳру муҳаббати башарият аст. Дили саршор аз раҳмату шафқат ва беғашу орӣ аз кинаву кибру ғурури модар сурурбахши зиндагӣ буда, он ҳамчун роҳнамову ҳидоятгари насли инсон аст, ки фарзанд аз нахустин рӯзи таваллуди худ ин ҳамаро дармеёбад. Зеро шахсияти модар басо бузургу дунёи он рангин аст, ки маҳз, зиндагии одамият аз модар оғоз меёбад. Барҳақ, шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Аз сари пистони ту сар мешавад умри ҳама,
Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама.
Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ,
Қобили сурат шавад обу гиле.
Бузургии шахсияти модар аз ҳама тараф барои фарзанд равшан аст. Хазинаи бузурги меҳри беохири модар сабаб гардидааст, ки ҷойгоҳ ва мақоми он волотар аз ҳама ҳама арзишҳо эътироф гардад. Ҳамчуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост”.
Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст,
Рӯйи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон,
Ҷои ту холӣ намонад дар ҷаҳон.
Бузургони андар ситоиши меҳри оламгири модар нуктапардозиҳо намуда, гармии меҳру муҳаббаташро волотар аз ҳама маънидод намудаанд. Чуноне ки шоири муосири тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ офтоби оламтобро, ки равшаниву гармидиҳанда асту сабабгори мавҷудияти ҳаёт дар рӯй замин аст, камтар аз меҳри оламгири модар қаламдод намудааст:
Бо нураш гарчӣ ин хуршеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар!
Шоири маъруфи англис Кристофар Марлу бобати меҳри бепоёни модар сухан карда, иброз медорад, ки: “Усораи (шира) ҳамаи меҳрубониҳоро гирифта ва аз он модар сохтаанд»
Ҳамзамон, шукуҳу азамати модар бар он сабаб гардид, ки дар адабиёт “Модарнома”-ҳо таҳия гарданд, то аз бузургии ин шахси фариштахисол тараннум кунанд. Шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ дар “Модарнома”-и хеш шахсияти модарро ба авҷи аълои худ мавриди тасвир қарор дода, мақоми ӯро дар сатҳи баланд мегузорад. Махсусан, дар ғазали “Ба модарам” бахшидааш модари деҳеотиеро васф мекунад, ки дар ҳолати тангдастиву вазнинии рӯзгор бо як ҷаҳон умеду орзуҳои нек фарзандонашро тарбият намудаву дар роҳи ҳимояи Ватан раҳсипор намуда, аз ҷонфишониҳои онҳо ифтихор намудааст.
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман...
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро биғунҷондӣ.
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда пухтӣ кулчаи ширмол,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон, аё модар, аё модар!
Дуои неки ин фариштаи заминӣ муҷиби дур афкандани балоҳо гардида, дар роҳи хайр ҳамчун калиду роҳнамое аст.
Сад ҷону дил фидои як мудаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бо назардошти бузургии шахсияти модар инсонро мебояд, ҳамеша пайи хидмати модар бошад, зеро дар ҷавоб ба ҳама меҳрубониҳои беназири модар заррае ҳам бошад, некиеро ҷо гузорад. Фарзандро мебояд, аз молу ҷоҳи дунё мағрур нагардида, ҳамвора дар ҳама ҳолат эҳтироми модарро ба ҷо орад. Чуноне ки шоир фармудааст:
Аз сатвату зи шухрат гар бар фалак занам сар
Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар
Дар ҳузури модар, ки бо он ҳама қудрату тавоноӣ, матонату диловарӣ ва садоқату ҷасорат сар фуруд наовардан камоли бехирадиву нодонист.
Хушбахтона, имрӯз зан-модари тоҷик зери сиёсати Ҳукумати мамлакат мақом ва ҷойгоҳи хосаеро дорост, ки дар самтҳои гуногун фаъолият мебарад. Махсусан, саҳми модар дар самти тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, умуман, камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзандон хеле барҷаста мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мавқеи зан - модар дар ҷомеа тамоми чораю тадбирҳоро роҳандозӣ намудаанд. Дар ин гуфтаҳо байти Мирзо Турсунзода пеши назар ҷилва медиҳад, ки барҳақ, гуфтааст:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Зиҳӣ модар!
Рабиқов Хушрӯз-
мутахассиси шуъбаи тарбия