ЗАНОНИ ТОҶИК -НЕРУИ СОЗАНДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии худ қарор дорад. Дар ин марҳилаи пурифтихори таърихӣ метавон бо итминон гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои занони тоҷик танҳо ба маънои соҳибихтиёрии кишвар нест, балки оғози давраи нави эҳёи ҳуқуқу имкониятҳо, рушди неруи зеҳнӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Дар тӯли сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ занони Тоҷикистон аз неруи иҷтимоии дорои имкониятҳои маҳдуд ба яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи рушди давлат ва ҷомеа табдил ёфтаанд. Ин дастоварди бузург, пеш аз ҳама, самараи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро аз рӯзҳои аввали Истиқлол яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор доданд.
Маҳз бо ташаббус ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии давлат ва ҷомеа фароҳам гардиданд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди давлат бе иштироки фаъолонаи занон ғайриимкон аст ва занон бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамчун шарики боэътимоди давлат фаъолияти босамар дошта бошанд. Ин андеша имрӯз танҳо шиор нест, балки ба сиёсати амалии давлат табдил ёфтааст. Қабули барномаҳои давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, Стратегияи миллӣ оид ба фаъолгардонии нақши занон, таъсиси механизмҳои дастгирии соҳибкории занон, ҷудо намудани квотаҳои президентӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдаст, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил ва фаъолияти илмӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба ташаккули насли нави занони соҳибкасбу ватандӯст мусоидат намуданд.
Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки ҳар ҷо барои зан имконият муҳайё гардад, он ҷо рушди устувор таъмин мешавад. Имрӯз ҳазорҳо нафар занону духтарони тоҷик дар мақомоти давлатӣ, парлумон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳим фаъолият доранд. Онҳо бо дониш, масъулиятшиносӣ ва садоқати худ дар пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Ин дастовардҳо тасодуфӣ нестанд. Онҳо натиҷаи сиёсати давлатии мақсаднок мебошанд, ки дар меҳвари он инсон, махсусан зан ҳамчун неруи бузурги созанда қарор дорад.
Пешвои миллат дар тамоми суханрониҳои худ нақши зан-модарро ҳамчун асоси пойдории ҷомеа ва тарбиятгари насли оянда махсус таъкид менамоянд. Аз нигоҳи сиёсати давлатӣ, таҳкими мақоми зан танҳо масъалаи баробарҳуқуқӣ нест, балки масъалаи таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Вақте зан соҳиби дониш, касб ва ҷаҳонбинии баланд мегардад, ҷомеа низ ба сатҳи нави рушд қадам мегузорад. Аз ҳамин лиҳоз, дастгирии занон дар сиёсати Пешвои миллат ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат арзёбӣ мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ ба яке аз марказҳои муҳими тарбия ва ташаккули занони соҳибмаърифат табдил ёфтааст. Ҳазорон нафар духтарон дар ин боргоҳи илму маърифат таҳсил намуда, ҳамчун табиб, муҳаққиқ, омӯзгор ва роҳбарони ҷавон барои рушди соҳаи тандурустии мамлакат омода мегарданд. Маҳз дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат имрӯз шумораи духтароне, ки ба таҳсилоти олӣ ҷалб мешаванд, сол аз сол меафзояд. Ин раванд нишон медиҳад, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сармояи инсонӣ ворид гардидааст.
Дар Донишгоҳ фаъолияти Шурои занон ва духтарон низ дар татбиқи сиёсати давлатии вобаста ба масъалаҳои гендерӣ, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, маърифати сиёсӣ, ахлоқи ҳамида ва тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши муассир дорад. Мо фаъолияти худро маҳз дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба роҳ монда, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки ҳар як донишҷӯдухтар соҳиби ҷаҳонбинии муосир, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ гардад. Имрӯз занони донишгоҳ на танҳо дар фаъолияти таълимӣ, балки дар корҳои илмӣ, ихтироъкорӣ, корҳои ҷамъиятӣ, варзиш ва фаъолияти байналмилалӣ низ мавқеи устувор доранд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати давлатии дастгирии занон дар амал натиҷаҳои назаррас медиҳад.
Имрӯз масъалаи таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа бо ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги волои тоҷикӣ тавъам мебошад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки зани тоҷик бояд ҳамзамон соҳиби маърифати баланд, илму дониш, фарҳанги либоспӯшӣ, ахлоқи ҳамида ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бошад. Ин сиёсати мутавозин имкон медиҳад, ки занони тоҷик дар баробари мутобиқ шудан ба талаботи ҷаҳони муосир ҳувияти миллӣ ва рисолати аслии худро низ ҳифз намоянд. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза маҳз чунин сиёсат кафолати устувории ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Имрӯз таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди иқтисоди миллӣ низ бе иштироки фаъоли занон ғайриимкон аст. Афзоиши шумораи соҳибкорзанон, олимон, табибон, омӯзгорон ва роҳбарзанон нишон медиҳад, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз иқтидори бузурги занон самаранок истифода мебарад. Давлат барои рушди соҳибкории занон, дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои нав меандешад. Ин ҳама далели он аст, ки сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат танҳо ба ҳалли масъалаҳои имрӯза маҳдуд нашуда, ба рушди дарозмуддати кишвар нигаронида шудааст.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як зани тоҷик на танҳо ҷашни миллӣ, балки фурсати арзёбии роҳи тайшуда ва муайян намудани вазифаҳои нав мебошад. Имрӯз занони кишвар хуб дарк менамоянд, ки ҳифзи Истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Зани тоҷик ҳамчун модар, омӯзгор, табиб, муҳаққиқ, роҳбар ва тарбиятгари насли оянда бояд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми боз ҳам бештар гузорад. Ин рисолат имрӯз аҳаммияти махсус касб намудааст, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз тарбияи насли худшиносу ватандӯст кафолати бақои давлат ва миллат мебошад.
Мо, занону духтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, сиёсати инсонпарварона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пурра ҷонибдорӣ намуда, онро раҳнамои фаъолияти худ медонем. Бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ минбаъд низ тамоми дониш, таҷриба ва неруи худро барои рушди илми тиб, таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи мутахассисони баландихтисос, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳем сохт. Зеро таҷрибаи сию панҷ соли Истиқлол ба таври возеҳ собит намудааст, ки занони тоҷик воқеан неруи созандаи даврони Истиқлол буда, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат метавонанд дар бунёди Тоҷикистони боз ҳам пешрафта, обод ва соҳибэътибор саҳми боз ҳам арзандатар гузоранд.
Амонзода С. Б.-номзади илмҳои сиёсӣ,
раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ