ЗАН-МОДАРИ ТОҶИК ЗАҲМАТКАШУ МЕҲНАТҚАРИН БУДУ ҲАСТ ВА МЕМОНАД
Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона аз санаи 4 то 6-уми марти соли 2026 аз љониби омӯзгорони кафедра Муродов Ғ.З. ва Гиёсов А.А. дарси кушод дар мавзӯи «Рӯзи Зан-модарон» бо иштироки кормандони кафедра ва донишљӯёни курси 3-юми факултетҳои тиббї ва педиатрї гурӯҳҳои 4, 5, 11, 12-ум, 68- ва 74-ум гузаронида шуд.
Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шудаанд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!
Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст!
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст!
Баҳори некпай бо ҷашни зебои меҳрофарини Рӯзи Модар муждаи рӯзи наву паймони тозаро меорад, ки ин беҳтарин ҳадя ва меҳру ихлосу эҳтиром ба Модар аст. Аз баҳоре ба баҳори дигар расидан давлати бузургест.
Дар Тоҷикистони азиз боз фасли баҳор фаро расид, фасле ки саршор аз шодиву нишот ва ҷашну идҳост. Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои Модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Модар оғози зиндагӣ, олами эъҷоз, меҳвари умр ва маъбади меҳру вафост. Меҳри Модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне, бӯи биҳиштии Модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз фаромӯш намегардад.
Шурӯъ аз соли 2009 мардуми шарифи Точикистон бо фармони Президенти мамлакат 8 мартро ҳамчун “Рӯзи Модар” таҷлил мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 дар Паёми худ ба муносибати 8 март дар бораи аҳамияти он чунин гуфт: «Рӯзи Модар эълон гардидани ин санна дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар як шахси бонангу номус ҳар рӯз рӯзи модар аст. Лекин мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хоссаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хешофарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборӯзии Модар аст. Яъне дунё дар домони биҳиштии Модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад”.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона.