ЗАН-МОДАР - ОИНАИ РӯЗГОР ВА СУТУНИ УСТУВОРИ ҶОМЕАИ МУОСИР (БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА)

ЗАН-МОДАР - ОИНАИ РӯЗГОР ВА СУТУНИ УСТУВОРИ ҶОМЕАИ МУОСИР (БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА)

Дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Эълон гардидани «Рӯзи Модар» ва таъсиси квотаҳои президентӣ барои духтарон гувоҳи он аст, ки давлатзанро ҳамчун такягоҳи асосии худ медонад.

Дар тӯли таърихи башарият ҳеҷ падидае муқаддастар ва азизтар аз Модар нест. Зан-модар сарчашмаи ҳаёт, нахустин мураббии инсон ва рамзи муҳаббату вафодорӣ мебошад. Аммо дар ҷомеаи муосири асри XXI, нақш ва мавқеи зан аз доираи танҳо рӯзгордорӣ фаротар рафта, ба як нерӯи созанда ва пешбарандаи соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ табдил ёфтааст.


Ҳеҷ коре нест бе зан хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан хуб шуд,

Хуб шуд ки зан ба давлат ёр шуд

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

 

Имрӯз ҷомеаи муосир занро на танҳо ҳамчун кадбону, балки ҳамчун сиёсатмадори варзида, роҳбари муваффақ ва вакили мардум мешиносад. Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, занон дар мақомоти олии давлатӣ фаъолият намуда, дар қабули қарорҳои ҳаётан муҳим саҳм мегузоранд. Давлату ҳукумат ба қобилияти зеҳнии занон эътимод доранд ва ин эътимод боиси боло рафтани нуфузи зан дар ҷомеа гардидааст. Маърифати зан — маърифати миллат.

Яке аз паҳлӯҳои муҳими мавқеи зан дар ҷомеаи муосир ин сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифати ӯст. Зан-модари имрӯза кӯшиш мекунад, ки соҳибилм бошад. Зеро танҳо модари босавод метавонад фарзандеро тарбия кунад, ки ба талаботи замони нав ҷавобгӯ бошад. Саҳми занон дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ беназир аст. Бештари омӯзгорон ва табибон занонанд ва ин нишон медиҳад, ки солимии ҷисмиву рӯҳии ҷомеа дар дасти занон аст.

Яке аз мушкилтарин, вале бошарафтарин вазифаи зани муосир — ин нигоҳ доштани мувозинат байни кору фаъолияти ҷамъиятӣ ва тарбияи фарзанд аст. Модар дар баробари он ки дар коргоҳ мутахассиси хуб аст, дар хона чароғи хонадон ва тарбиятгари насли оянда мебошад. Ӯ бо меҳру навозиши худ ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ ва инсондӯстиро ба фарзанд меомӯзад. Маҳз зан-модар аст, ки сулҳу суботи ҷомеаро аз оила сар карда, то сатҳи давлатӣ ҳифз мекунад.

Мавқеи зан-модар дар ҷомеаи муосир танҳо бо вазифаҳои хонаводагӣ маҳдуд намешавад. Зан имрӯз соҳибкор, олим, варзишгар ва муҳофизи Ватан аст. Аммо дар канори ҳамаи ин муваффақиятҳо, рисолати аслии ӯ — Модар будан, ҳамоно муқаддас мемонад. Ҷомеае, ки ба зан-модар эҳтиром мегузорад ва барои рушди ӯ шароит фароҳам меорад, ҳамеша рӯ ба тараққӣ дорад.

                                       Байбутаева А.М. н.и.ф.,

омӯзгори кафераи забонҳои хориҷӣ



05.05.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php