ЗАБОНИ ТОҶИКӢ -ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Забон на танҳо воситаи муошират, балки оинаи ҳастии миллат, таҷассумгари таърих, фарҳанг ва рӯҳи миллӣ мебошад. Барои ҳар як миллат, забони модарӣ чун ганҷи бебаҳо ва сутуни пояи ҳастии ӯ арзишманд аст. Забони тоҷикӣ, ки реша дар амиқи таърихи чандҳазорсолаи миллати тоҷик дорад, маҳз ҳамин гуна ҷойгоҳро дар ҳаёти мардум ишғол мекунад.
Забони тоҷикӣ на танҳо василаи ифодаи андешаю эҳсосот, балки таҷассумгари маърифат, ахлоқ ва ҷаҳонбинии миллист. Он асарҳои бузурги адибони машҳури форсу тоҷик -аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва Бобоҷон Ғафуровро ба ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ин забон ба шарофати ин фарзандони фарзонаи миллат ба яке аз забонҳои классикии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад. Забон рукни асосии миллат аст ва бидуни он давлатдории миллӣ, маориф, илм ва фарҳанг наметавонанд дуруст рушд кунанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди Ватандӯст барои покизагии забон, дурустию саҳеҳии истифодаи он дар ҳама бахшҳои ҳаёт кӯшиш намояд.
Имрӯзҳо, бо вуҷуди таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ва вуруди вожаҳои бегона, ҳифзи забони модарӣ- забони тоҷикӣ -вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки ин забони ширин ва фасеҳро бо тамоми зебогиҳояш ба наслҳои оянда интиқол диҳем. Забонро на танҳо бояд омӯзонд, балки дӯст дошт ва ифтихор кард аз он.
Дар фарҷом метавон гуфт: то забон ҳаст - миллат ҳаст. Агар забони модарӣ аз байн равад, ҳастии миллию фарҳангӣ низ зери хатар меафтад. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ — ҳастии миллат аст ва пос доштани он пос доштани миллату давлат аст.
Алиева М.М.-ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист