ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ: СОҲИБИ МЕРОС ВА ОДОБИ МУОШИРАТ
(БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ)
Кӯдак пеш аз он ки роҳ гаштанро ёд гирад, садои модарашро мешиносад. Аввалин калимаҳое, ки ба гӯшаш мерасанд алла, навозиш, дуо бо забони модарӣ гуфта мешаванд. Шояд барои ҳамин мардуми мо онро «модарӣ» номидааст: ин забонро на аз китоб, балки аз оғӯши модар мегирем. Ва ҳамроҳи калимаҳо ба мо чизи дигаре низ мегузарад – тарзи дидани олам, фарқ кардани неку бад, одоби рафтор бо одамон.
Вақте ки аз забон ва ахлоқ сухан меравад, аксар вақт онҳоро ду мавзӯи алоҳида мепиндоранд. Ба назари ман, ин дуруст нест. Забон ва ахлоқ ба ду тори як ресмон монанданд: агар яке суст шавад, дигаре ҳам дер тоб намеорад.
Дар забони тоҷикӣ барои эҳтиром ҷой бисёр аст. Мо ба калонсол «шумо» мегӯем, ба падар «падарҷон», ба муаллим «устод». Калимаҳое чун «марҳамат», «бубахшед», «ташаккур», «саломат бошед» танҳо ибораҳои хушмуомилагӣ нестанд ҳар кадоме дарси хурди ахлоқ аст, ки кӯдак ҳар рӯз такрор мекунад. Вақте ки ӯ ба бобояш «шумо» мегӯяд, дар дилаш ҳисси эҳтиром ҳам ҷой мегирад. Ва баръакс: ҷое ки забон дағал мешавад, рафтор низ дағал мегардад
Бинобар ин, тозагии забон на танҳо масъалаи грамматика аст. Сухани пур аз дашному калимаҳои бегона, ки имрӯз дар кӯча ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шунида мешавад, оҳиста-оҳиста ахлоқро ҳам хира мекунад. Инсон он чиро, ки мегӯяд, дер ё зуд зиндагӣ ҳам мекунад.
Мо бисёр вақт бо ифтихор мегӯем, ки ворисони Рӯдакию Фирдавсӣ ҳастем. Аммо ворис будан ва соҳиби мерос будан як чиз нест. Ворис меросро мегирад; соҳиб онро нигоҳубин мекунад, афзун мегардонад ва ба насли баъдӣ солим месупорад. Агар аз падар хонае мерос гирию дар он зиндагӣ накунӣ, як рӯз деворҳояш мерезанд. Бо забон ҳам ҳамин тавр аст.
Соҳиби мерос будан яъне ба дасти фарзанд китоби тоҷикӣ додан, на танҳо телефон; дар хона бо забони модарӣ суҳбат кардан, ҳатто агар забонҳои дигарро хуб донӣ; ба зарбулмасалҳои ниёгон, ба қиссаву афсонаҳои бибиҳо арзиш додан. Дар ин гуфтаҳо таҷрибаи садсолаҳо ҷамъ омадааст ва бисёрашон худ дарси тайёри одоб мебошанд. Масалан, «Забони ширин морро аз хона мебарорад» – беҳтарин шарҳи он аст, ки сухани нарм аз зӯру дағалӣ қавитар аст.
Одоби муошират шояд нозуктарин қисми мероси мост, зеро онро дар осорхона нигоҳ дошта намешавад. Он танҳо дар рафтори ҳаррӯзаи одамон зинда аст: дар он ки чӣ гуна салом медиҳем, чӣ гуна гӯш мекунем, чӣ гуна мухолифат мекунем. Ниёгони мо ба ин аҳамияти калон медоданд. Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» чунин насиҳат мекунад:
Аввал андеша, в-он гаҳе гуфтор,
Пойбаст омадаст пас девор.
Яъне сухани бе андеша ба девори бе таҳкурсӣ мемонад. Ин панд имрӯз, ки ҳар кас метавонад дар як сония бо як шарҳ дар интернет ҳазорон нафарро ранҷонад, аз ҳар замони дигар муҳимтар шудааст. Муоширати маҷозӣ одобро бекор накардааст – танҳо майдони онро васеътар кардааст. Дағалӣ дар зери акс ҳамон дағалист, ки рӯ ба рӯ гуфта мешавад.
Одоби муошират гӯш карда тавонистанро низ дар бар мегирад. Имрӯз бисёриҳо на барои фаҳмидан, балки барои ҷавоб гардондан гӯш мекунанд. Бесабаб нагуфтаанд, ки ба инсон ду гӯш ва як забон дода шудааст – то дучанд бишнавад ва камтар гӯяд.
Аз хона. Кӯдак на аз панд, балки аз намуна меомӯзад. Агар падар бо модар бо эҳтиром гап занад, агар сари дастархон калонсолро пеш гузоранд, агар дар хона китоб хонда шавад – фарзанд инҳоро бе ягон насиҳат аз худ мекунад. Вале агар калонсолон худ дағалӣ кунанд, беҳтарин дарсҳои мактаб ҳам натиҷа намедиҳанд.
Мактаб ва донишгоҳ ин корро идома медиҳанд. Дарси забон набояд танҳо қоидаҳои имло ва аз ёд кардани шеър бошад. Он метавонад ҷойе гардад, ки ҷавон дар он фикрашро равшан ва мулоим баён карданро ёд мегирад, баҳс мекунад, вале ҳамсуҳбаташро таҳқир намекунад. Дар кори омӯзгорӣ борҳо дидаам: донишҷӯе, ки фикрашро бо забони тоза ва бо эҳтиром баён мекунад, на танҳо дар имтиҳон, балки баъдтар дар муносибат бо беморон ҳам бартарӣ дорад. Барои табиби оянда сухани нарм худ як навъ дору аст.
Забони модарӣ ва ахлоқ ба мо якҷоя расидаанд ва ҷудо кардани онҳо ғайриимкон аст. Соҳиби ин мерос будан маънои онро дорад, ки онро ҳар рӯз, дар ҳар суҳбат ва бо ҳар калима нигоҳ дорем. Охир, ахлоқи миллат на дар китобҳо, балки дар он зоҳир мешавад, ки мо бо ҳамдигар чӣ гуна гап мезанем.
Зуҳурова П.М.-омузгори калони кафедраи физиолгияи нормалӣ