ЗАБОНИ МИЛЛАТ -ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ЗАБОНИ МИЛЛАТ -ҲАСТИИ МИЛЛАТ

1 октябри соли 2026 дар доираи фаъолияти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 бо иштироки донишҷӯёни курси чоруми факултети тиббӣ-профилактикӣ миниконфронси маърифатӣ дар мавзӯи «Забони миллат-ҳастии миллат» баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ доир ба ҷойгоҳ ва аҳамияти забони модарӣ дар ҳифзи ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, фарҳанг ва маънавияти ҷомеа андешаронӣ карда шуд. Ҳамзамон, таърихи пурифтихори забони тоҷикӣ, мақоми он дар рушди илму адаб ва нақши забон дар пайванди наслҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими ҳастии миллӣ на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавии миллат ба ҳисоб меравад. Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки эҳтиром, ҳифз ва рушди забони давлатӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

 

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1

 


01.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php