ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ КОНСТИТУТСИНӢ-ҲУҚУҚИИ ДАВЛАТ
Забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ҳамчун унсури конститутсионӣ-ҳуқуқии давлати Тоҷикистон муайян шудааст. Ин фикрро ба таври муфассалтар метавон, шарҳ дод, яъне, соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи асосии тақвияти забони тоҷикӣ бо вазъи ҳуқуқӣ дар мақоми давлатӣ мебошад ва дар ин марҳила рушди қонунгузорӣ оид ба забони давлатӣ, мустаҳкам гардиданаи замина, рукн ва пояҳои забони давлатӣ оғоз ёфта, давлат ҳифзи ҳамаҷонибаи онро дар сатҳи конститутсионӣ ва дигар қонунгузорӣ кафолат додааст. Аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, муносибатҳои ҷамъиятии ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла, муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба забони давлатиро дар худ муқаррар ва танзим намуд, ки ба эҷоду таҳия, қабулу татбиқи қонунгузорӣ оид ба забони давлатӣ асоси воқеӣ гузошт. Дар моддаи 2-юми Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ва мақоми давлатии он ба таври зерин муайяну муқаррар шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст» [1].
Ин меъёр шарҳ ва танзими худро дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бахшҳои мухталифи ҷомеа рушан менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, бо муайянсозии вазифаҳои конститутсионӣ бо назрдошти моҳияти таснифоти вазифаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ низоми нави қонунгузорӣ оид ба забони давлатиро таъсис дода, сарчашмаи асосии қабули санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад ва мутобиқи моддаи 2-юми он забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон забони давлатӣ эълон шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ ва танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ сарчашмаи асосии қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, чанд меъёр вобаста ба забони давлатӣ дар он муқаррар шудааст, аз ҷумла, моддаи 2 – Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд, моддаи 17 – Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад, моддаи 30 – Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст, моддаи 65 – Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, моддаи 88 – Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.
Яке аз вазифаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуқуқташкилнамоӣ ҳуқуқтаъсиснамоӣ мебошад. Вазифаи ҳуқуқтаъсиснамоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки баробари тағйироту муносибатҳои нав дар ҳаёти ҷомеаву давлат бо мақсади ба низом даровардани онҳо ворид намудани меъёрҳои нав ба он пешбинӣ мегардад. Вазифаи ҳуқуқташкилнамоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки на танҳо сатҳи ноилгаштаро бо асосҳои ҳуқуқӣ расмӣ ва ташкил карда, дар назди давлату ҷомеа вазифаҳои нав мегузорад, балки фаъолияти ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсати давлатиро дар ҳар як бахш бо муқаррарот мушаххасан танзим гардонида, ҳамаи фаъолияти шаҳрвандонро бо назардошти риояи меъёрҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун равона месозад.
Дар маҷмуъ, вазифаҳои Конститутсия устувор гаштани сохтори ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро ифода менамояд. Санадаҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дастрасии шаҳрвандонро ба забони давлатӣ аз ҳуқуқҳои асосию муҳим муқаррар намуда, баамалбарии онро вазифаҳои конститутсионӣ, аз ҷумла, ҳуқуқтаъсиснамоию ҳуқуқташкилнамоӣ, ҳуқуқмуайянсозию ҳуқуқмуқаррарнамоии давлат муайян кардааст. Дар пайи татбиқи ҳамин асосҳо ва меъёрҳо муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо ҳуқуқу уҳдадориҳо муайян кардани талабот дар худи Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар мегарданд. Забони тоҷикӣ, ки аз арзишҳои бузург ва хоси миллати тоҷик мебошаду шаҳрвандон онро муқаддасоти миллӣ арзиши бунёдӣ медонанд, давлати Тоҷикистон бо Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба забони давлатӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқи бевосита ба забони тоҷикӣ дар мақоми давлатиро ташкил, таъсис, муайян ва муқаррар намуда, кафолат додааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи меъёри конститутсионии забони давлатӣ заминаҳо гузошта шуда, институтҳои алоҳида дар самти рушду назорат ва ҳифзи забони давлатӣ бо таъмини ваколатҳои қонунӣ таъсис дода шудаанду фаъолият доранд. Барои ташаккулу инкишоф, танзиму такмил ва ҳифзи забони давлатӣ пайваста қонуну қарор ва барномаҳои давлатӣ қабул карда мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553[1] қабул шуда, вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 забони тоҷикиро аз хатарҳои олоиш бо дигар забонҳо ҳифз намуда, дар даҳсолаи охир забони тоҷикиро ҳамчун забонӣ аслӣ, миллӣ ва сармояи гаронмояву ёдгорӣ аз ниёгони барӯманди халқи тоҷик ба наслҳои имрӯзу оянда муаррифӣ кард. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 нисбат ба Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989, ки муносибатҳои ҷамъияти вобаста ба забони давлатӣ бо он муаяйн карда мешуд, фарқ ва бартариятҳои зиёд дорад. Агар қонуни забони қаблӣ дар замони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қабул шуда буду воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро пурра инъикос намекард, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос ёфтааст. Агар ба номи Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 таҳқиқан назар афканем, норушанию номукаммалиҳо пайдо мешаванд. Дар як нигоҳ аз номи ин Қонун дарк намешавад, ки он кадом забонро танзим мекунад. Дар қонуни нав – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 аз номаш дурустии он ки санади мазкур дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода, муносибатҳои соҳаро танзим менамояд, хуб дарк мешавад. Норасоии дигари Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 дар он буд, ки вазифаҳои Қонун муайян ва дар он зикр наёфта буд. Вазифаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 дар моддаи 1-уми он муайяну дақиқ аст ва меъёрҳои он истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим намудааст. Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад. Ин меъёрҳо аз бартариятҳои қонуни нави забон мебошад ва дар қонуни қаблӣ дида намешавад. Ҳамчунин, дар моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтани он муқаррар шудааст, ки тибқи он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст. Дар Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989[2] ба Конститутсияи давр асос ёфтани он муқаррар нашуда буд. Дар ҳоле, қонунгузории давраи Шўравӣ [3, 4, 5, 6, 7, 8] махсусан дар моддаи 71-уми Конститутсияи (Қонуни Асосии) Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1978 забони давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) муқаррар карда шуда буд. Дар Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 дар баробари калимаи тоҷикӣ (форсӣ) вуҷуд дошт, дар қонуни нав истилоҳи (форси) хориҷ карда шуд. Гарчанде дар Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ кафолати мақоми давлати шуда дода шуда бошад ҳам, меъёрҳои дигар низ дар он ҷо дода шуда буданд, ба монанди забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии гражданинҳоеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. РСС Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар республика мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, ҳуқуқи ҳаққонии гражданинҳои ҳар миллатро барои инкишофи забон ва маданияташон, баробарии ҳамаи гражданинҳоро дар назди Қонун сарфи назар аз забони модарии онҳо ҳимоя мекунад. Таҷрибаҳои амалӣ нишон доданд, ки чунин тарзи маъёрнигорӣ ҳам ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додану ҳам барои амали озодонаи дигар забонҳо шароити мусоид фароҳам овардан боиси сусту номукаммал татбиқ гардидани Қонуни мазкур гардид. Дигар ин, ки дар қонуни қаблӣ чанде аз ибораву калимаҳои ғайритоҷикӣ «РСС Тоҷикистон» ба «Ҷумҳурии Тоҷикистон», «орган» ба «мақомот», «гражданинҳо» ба «шаҳрвандон», «республика» ба «ҷумҳурӣ» ва ғ. дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 иваз карда шудаанд. Дигар камбудию норасоиҳои Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989, ки дар асл воқеияти соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва татбиқи рушани забони тоҷикиро дар мақоми давлатӣ инъикос намекард ва омили маҳдудияту таназзули забони тоҷикӣ дар истифодаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар идораҳо мегардид, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 бозбинӣ шуда, Қонуни нав дар таҳрир ҷадид қабул карда шуд.
Дар баробари ин барои дар сатҳи конститутсионӣ ҳифз намудани забони давлатӣ зарурат пеш омад, ки якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд, аз ҷумла: Барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ замима бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, №188; Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030 замима бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647; Барномаи рушди забони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016 замима бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2012, №335; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 октябри соли 1997, №459; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик» аз 3 сентябри соли 1998, №355; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории Соли забони тоҷикӣ» аз 13 сентябри соли 2007, №478; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ» аз 6 июни соли 2005, №188; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016» аз 30 июли соли 2012, №335; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 октябри соли 2009, №604 [9-18]. Албатта ҳолати қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ишорашуда имконият фароҳам оварданд, ки то ба дараҷаи имрўзаи ҳифзи забони давлатӣ омада расидааст.
Ҳамин тариқ хулоса намуданамон мумкин аст, ки тамоми мо бояд барои ҳифз намудани арзишмандтарин муқадасоти беҳамтоямон, ки аз насл ба насл ба мо расидааст барои наслҳои оянда ба таври беолоиш ва мукаммал мерос боқӣ гузошта бошем. Барои албатта ноил гардидан ба ин мақсадҳо ба мо зарур мебошад, ки тамоми қонунгуории мамлакатро аз муқаррароти конститутсионӣ сар карда то ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ нисбат ба забонро бе чуну чаро риоя намуда бошем.
Адабиёт:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994. Душанбе: ҶДММ «Эр –граф», 2016, –96 саҳ.
2. Қонуни забони РСС Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989. –Душанбе: «Ирфон», 1989. –54 саҳ.
3. Конститутсияи (Қонуни асосии) РСС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1978. –Душанбе: «Ирфон», 1989. –58 саҳ.
4. 11. Қарори Совети вазирони РСС Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои орфографияи забони ҳозираи адабии тоҷик» аз 20 апрели соли 1972, №111.
5. 12. Қарори Совети вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни забони РСС Тоҷикистон» аз 11 августи соли 1989, №142.
6. 13. Қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар кардани Рӯзи забон» аз 22 июли соли 1989.
7. 14. Қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ба амал ҷорӣ намудани Қонуни забони РСС Тоҷикистон» аз 22 июли соли 1989.
8. Қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Комунистии Тоҷикистон ва Совети вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» аз 4 майи соли 1988, №127.
9. Барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ замима бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, №188.
10. Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030 замима бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647.
11. Барномаи рушди забони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016 замима бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2012, №335.
12. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647.
13. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 октябри соли 1997, №459.
14. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик» аз 3 сентябри соли 1998, №355.
15. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории Соли забони тоҷикӣ» аз 13 сентябри соли 2007, №478.
16. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ» аз 6 июни соли 2005, №188.
17. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2016» аз 30 июли соли 2012, №335.
18. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 октябри соли 2009, №604.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор