ЁДИ АБАДИИ АБАРМАРДОНИ ИЛМИ ТИББИ ТОҶИК (АЗ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК 30 СОЛ СИПАРӢ ШУД

ЁДИ АБАДИИ АБАРМАРДОНИ ИЛМИ ТИББИ ТОҶИК (АЗ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК 30 СОЛ СИПАРӢ ШУД

(АЗ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ОЛИМОНИ ТИББИ ТОҶИК 30 СОЛ СИПАРӢ ШУД)

Имрӯз, 6 майи соли 2026, аз фоҷеаи мудҳишу ҷонкоҳе, ки дар таърихи илми тибби тоҷик бо ҳарфҳои дардбор сабт гардидааст, 30 сол сипарӣ мешавад. 30 сол қабл, дар яке аз давраҳои бисёр ҳассосу фоҷеабори таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол - айёми ҷанги шаҳрвандӣ, олимони шинохта, табибони ҳозиқ, фарзандони фарзонаи миллат, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино профессор Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович ва муовини ӯ профессор Ғуломов Минхоҷ Ғуломович ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.

Ин ҳодисаи нангини таърихӣ на танҳо барои аҳли Донишгоҳ, балки барои тамоми ҷомеаи илмӣ, соҳаи тандурустӣ ва мардуми тоҷик талафоти бузургу ҷуброннопазир гардид. Бо гузашти се даҳсола, дарди ин мусибат ҳанӯз ҳам дар қалби ҳамкорон, шогирдон ва тамоми дӯстдорони илму маърифат боқӣ мондааст.

Профессор Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович аз зумраи шахсиятҳое буданд, ки тамоми ҳастии худро барои рушди илми тиб, таҳкими фаъолияти таълимӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос бахшида буданд. Ӯ ҳамчун роҳбари донишманд, омузгори соҳибмактаб ва инсони хирадманд миёни аҳли илму дониш эҳтироми хоса дошт. Дар замони роҳбарии ӯ Донишгоҳи тиббӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои пешрафти соҳаи тибби мамлакат заминаҳои устувор гузошта шуданд.

Профессор Ғуломов Минхоҷ Ғуломович низ аз ҷумлаи чеҳраҳои маъруфи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ӯ ҳамчун донишманди варзида, омузгори асил ва мутахассиси соҳибтаҷриба дар рушди фаъолияти илмӣ, табобатӣ ва таълимии муассиса саҳми арзишманд гузоштааст. Хислатҳои неки инсонӣ, муносибати самимӣ бо ҳамкорону донишҷӯён ва садоқат ба касбу миллат ӯро ба яке аз чеҳраҳои дӯстдоштании ҷомеаи тиббӣ табдил дода буданд.

Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси талафоти зиёди инсонӣ ва маънавӣ гардид, аз ҷомеаи тоҷик чунин фарзандони барӯмандро низ рабуд. Он рӯзҳо барои зиёиёни миллат давраи бисёр сангин ба шумор мерафт. Қатли ваҳшиёнаи ин ду нафар на танҳо қатли инсон, балки зарбае ба илму маърифат, фарҳанг ва ояндаи соҳаи тибби миллӣ буд.

Имрӯз, баъд аз 30 сол, ҷойи ин абармардон ҳамоно холист. Номи онҳо дар таърихи Донишгоҳи тиббӣ ва илми тибби тоҷик бо эҳтироми бузург сабт гардидааст. Наслҳои имрӯзаву оянда аз фаъолияти илмӣ, корнамоиҳои касбӣ ва зиндагии ибратомӯзи онҳо сабақ меомӯзанд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён хотираи неки профессор Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович ва профессор Ғуломов Минхоҷ Ғуломовичро гиромӣ дошта, таъкид менамоянд, ки хизматҳои арзишманди онҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд. Номи ин шахсиятҳои бузург ҳамчун намунаи садоқат ба илм, касб ва миллат дар саҳифаҳои таърих ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

Ёди неки онҳо ҳамеша зиндаву поянда аст. Ин фоҷеаи талх барои ҷавонон ва тамоми ҷомеа дарси бузурги ватандӯстӣ, ҳифзи сулҳу субот ва қадршиносии арзишҳои миллӣ мебошад. Танҳо дар фазои орому осуда илму маърифат рушд мекунад ва миллат метавонад фарзандони донишманду содиқи худро ҳифз намояд.

Рӯҳашон шоду хотираашон ҷовидон бод.

Абдураҳмонзода З. В.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


08.05.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php