ЁДЕ АЗ ОЛИМАИ ВАРЗИДАИ ТОҶИК - ҲАҚНАЗАРОВА МАТЛУБА АБДУМАҶИДОВНА

ЁДЕ АЗ ОЛИМАИ ВАРЗИДАИ ТОҶИК - ҲАҚНАЗАРОВА МАТЛУБА АБДУМАҶИДОВНА

Илми тибби тоҷик талафоти гаронеро аз сар гузаронид. Олимаи маъруф, табиби ҳозиқ, омузгори соҳибмактаб ва шахсияти фидоии соҳаи тандурустӣ - Ҳақназарова Матлуба Абдумаҷидовна аз миёни мо абадан рафт. Номи неку фаъолияти пурсамари ӯ ҳамчун яке аз бонувони пешсафи илми акушерӣ ва гинекологияи Тоҷикистон дар таърихи тибби миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Матлуба Абдумаҷидовна соли 1961 ба дунё омада, тамоми ҳаёти пурбаракати худро ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди илми тиб ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб бахшид. Соли 1984 муассисаи олии тиббиро бо муваффақият хатм намуда, солҳои 1984-1985 интернатураро аз рӯи ихтисоси акушерӣ ва гинекология гузаштааст. Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун акушер-гинекологи Беморхонаи марказии ноҳияи Совет (ҳоло ноҳияи Темурмалик) солҳои 1985-1988 оғоз намуда, бо масъулиятшиносӣ ва дониши амиқи касбӣ дар байни ҳамкорон ва беморон эҳтироми хос пайдо кард.

Солҳои 1988-1990 ординатори клиникии кафедраи акушерӣ ва гинекологияи Донишгоҳ буд. Минбаъд ҳамчун акушер-гинекологи Маслиҳатхонаи занони №7-и шаҳри Душанбе (1990-1993) ва мудири Маслиҳатхонаи занони № 3-и шаҳри Душанбе (1993-1994) фаъолияти пурсамар анҷом дод.

Солҳои 1994-2001 вазифаи сардухтури клиникаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат саҳми арзанда гузошт.

Аз соли 2001 то 2005 дар Ҷумҳурии Яман ба ҳайси акушер-гинеколог ва мушовири ҶСК «Технострой-эксперт» фаъолият намуда, бо таҷрибаи ғании касбии худ дар сатҳи байналмилалӣ низ обрӯи баланди мутахассиси тоҷикро муаррифӣ кард.

Пас аз бозгашт ба Ватан, солҳои 2005-2008 дар вазифаи ҷонишини декани факултети тибби умумӣ ва муолиҷавӣ фаъолият намуда, солҳои 2008-2013 декани факултети фарматсевтӣ ва ҳамзамон дотсенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2-и Донишгоҳ буд. Солҳои 2013-2016 ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон фаъолият намуда, дар рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ нақши назаррас гузошт. Солҳои 2016-2019 бошад, мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1-и Донишгоҳ буд ва ба омода намудани насли нави табибони соҳибкасб саҳми бебаҳо гузошт.

Матлуба Абдумаҷидовна олимаи шинохтаи соҳаи тиб буда, натиҷаи солҳои тӯлонии фаъолияти илмии худро дар корҳои таҳқиқотии муҳим таҷассум намудааст. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Ҷанбаҳои клиникӣ, эпидемиологӣ ва тиббию иҷтимоии фавти занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои кам кардани он» ва рисолаи доктории худро дар мавзуи «Солимии насловарии занон ҳангоми бемориҳое, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд» бомуваффақият дифоъ намуда, дар рушди илми акушерӣ ва гинекологияи кишвар саҳми назаррас гузошт.

Устод Матлуба Абдумаҷидовна на танҳо олими варзида ва табиби соҳибтаҷриба, балки инсони хоксор, меҳрубон, масъулиятшинос ва омузгори дилсӯз буданд. Шогирдон ва ҳамкорон аз ӯ ҳамчун шахсияти дорои фарҳанги баланди муошират, иродаи қавӣ ва садоқати беандоза ба касб ёд хоҳанд кард.

Роҳбарият ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз даргузашти нобаҳангоми олимаи барҷаста, доктори илмҳои тиб, профессор, устод Матлуба Абдумаҷидовна Ҳақназарова андӯҳи амиқи худро баён намуда, ба пайвандон, наздикон, шогирдон ва тамоми ҷомеаи тиббии кишвар ҳамдардии самимӣ изҳор менамоянд.

Номи неки устод Матлуба Абдумаҷидовна ва хизматҳои шоёни ӯ дар роҳи рушди илми тиб, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва тарбияи мутахассисони ҷавон ҳамеша дар хотири ҳамкорон, шогирдон ва аҳли ҷомеаи тиббии Тоҷикистон зинда хоҳад монд.

Рӯҳашон шод ва манзили охираташон обод бод.

Муҳиддин Н. Д., Одинаев И. С., Додхоҳ Ҷ. С., Икромӣ Т. Ш., Аҳрориён З. А., Ҳусейнзода З. Ҳ., Қаландарзода Ё. Қ., Абдуллозода С. М., Зарифӣ Н. А., Сафаров Б. И., Абдуллоева Р. А., Қозидавлатзода Б., ҳайати профессорону омузгорон ва муҳассилини Донишгоҳ


16.06.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php