ЁДБУДИ УСТОД МИНҲОҶ ҒУЛОМОВ ДАР КАФЕДРАИ АСАБШИНОСӢ, ПСИХИАТРИЯ ВА ПСИХОЛОГИЯИ ТИББӢ

ЁДБУДИ УСТОД МИНҲОҶ ҒУЛОМОВ ДАР КАФЕДРАИ АСАБШИНОСӢ, ПСИХИАТРИЯ ВА ПСИХОЛОГИЯИ ТИББӢ

Дар кафедраи асабшиносӣ, психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи профессор М. Ғ. Ғуломов чорабинии илмӣ-тарбиявӣ бахшида ба рӯзи ёдбуди устод баргузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра, дотсент Қодирова З. Д. суханронӣ намуда, саҳми устод Минҳоҷ Ғуломовро дар рушди соҳаи психиатрия ва психологияи тиббӣ таъкид карданд. Ӯро яке аз чеҳраҳои барҷастаи илми тиб, омузгори фидоӣ ва поягузори мактаби миллии психиатрияи тоҷик арзёбӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ маълумоти муфассал оид ба ҳаёт ва фаъолияти зиёда аз нимасраи илмии устод пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки Минҳоҷ Ғуломов соли 1929 таваллуд шуда, таҳсилашро дар Донишкадаи тиббии Самарқанд бо аъло ба анҷом расонида, таҳсили баъдиинститутиашро дар ординатура ва аспирантураи муассисаҳои пешқадами Москва идома додааст. Ӯ соли 1957 рисолаи номзадӣ ва соли 1965 рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя кардааст.

Аз соли 1957 то соли 1996 устод Ғуломов М. ҳамчун сарпсихиатри Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, дар ташкили хадамоти махсусгардонидашудаи психиатрӣ, наркологӣ ва судӣ-психиатрӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ дар ташкили яке аз аввалин беморхонаҳои наркологӣ бо шуъбаи эҳёгарӣ дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нақши калидӣ дошт.

Профессор Ғуломов М. ҳамзамон зиёда аз 39 сол роҳбари кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ буд. Таҳти роҳбарии ӯ 2 доктор ва 34 номзади илм омода гардидаанд. Мероси илмии ӯ иборат аз 377 асари таҳқиқотӣ, аз ҷумла 8 китоби дарсӣ, 18 монография, 48 дастури методӣ ва 15 ихтироот мебошад. Китоби дарсии «Психиатрия»-и соли 1993 то ҳоло дар таълими муассисаҳои олии тиббӣ истифода мешавад.

Дар чорабинӣ инчунин саҳми устод дар рушди илми ҷаҳонӣ зикр гардид. Ӯ ҳамчун иштирокчии доимии конгрессҳои байналмилалӣ ва эксперти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи психиатрия ва наркология фаъолона ширкат варзидааст. Минҳоҷ Ғуломов ҳамчунин муаллифи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кӯмаки психиатрӣ» мебошад, ки барои ҳифзи ҳуқуқ ва беҳбудии шароити зиндагии беморони рӯҳӣ аҳамияти калон дорад.

Дар анҷоми чорабинӣ шогирдон ва ҳамкорон бо эҳтиром аз шахсияти устод ёдовар шуда, садоқат, инсондӯстӣ ва фарҳанги баланди омузгории ӯро намунаи ибрат номиданд.

Гиромидошти устод М. Ғ. Ғуломов далели арҷгузорӣ ба илму инсонгароӣ буда, омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти ӯ барои насли имрӯзу оянда дар роҳи таҳкими илми психиатрия ва психологияи тиббӣ аҳамияти бузург дорад.


08.05.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php