XIV НАМОИШГОХИ БАЙНАЛМИЛИИ «КИТОБИ ДУШАНБЕ»

XIV НАМОИШГОХИ БАЙНАЛМИЛИИ «КИТОБИ ДУШАНБЕ»

Дар Осорхонаи миллии Точикистон XIV Намоишгохи байналмилии «Китоби Душанбе» бо ташаббуси Вазорати фарханги кишвар ва дастгирии Хукумати Чумхурии Точикистон огоз гардид. Дар он беш аз 30 муассисаи нашриявии ватаниву хоричи, аз чумла аз Россия, Эрон, Казокистон, Киргизистон ва Узбекистон иштирок кардан. Хадафи номоишгох рушди сохаи табъу нашр, таргиби фарханги китобхони ва густариши хамкорихои байналмилалии фарханги мебошад. Санаи 24. 10 2026 кормандони кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб дар якҷояги бо донишҷӯёни курси 4-уми, гуруҳи куратории 8-уми факултаи тиббӣ-профилактикӣ тибқи супориши раёсати донишгоҳ дар Намоишгоҳи XIV-уми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватаниву хориҷӣ баргузор мешавад. Имсол дар ин намоишгоҳ ноширон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Казокистон, Киргизистон, Узбекистон ва бо беҳтарин намунаи китобҳои муассисаҳои таъбу нашр иштирок намуданд.

Баргузории намоиши китоб иттифоқи фарҳангӣ мебошад. Зеро дар ин макон бо ноширони тоҷику дигар давлатҳо аз наздик шинос шуда, бо якдигар табодули таҷриба менамоем. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.

Баргузории чунин намоишгоҳҳо барои пайдо кардани шарикони боэътимод дар самти таҳия ва нашр намудани китобҳо иқдоми хуб ба ҳисоб меравад, ки китоб чун падидаи устувори фарҳангӣ ва умдатарин неруи тамаддуни башарӣ барои нигоҳ доштану аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки ҳақиқати воқеии ҳаёти гузаштаю имрӯзаи ҷомеаро ба фардо мерос мегузорад. Муҳаммади Ҳиҷозӣ фармудааст: «Муҳимтарин ихтирои башар китоб аст. Тамоми молу мулк, бозёфте, ки ба даст меояд, нестшаванда аст. Аммо китоб барои инсонҳо ҳамеша муфид аст». Бале, китоб ба ҳайси шиносномаи шоистаи ҳар халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони миллӣ ва омӯзиши таъриху тамаддуни он пайваста мавриди истифода қарор мегирад. Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари давлат барои ҷалби китобхонӣ ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мешавад. Ба ин озмун на танҳо тарбиятгирандагону таълимгирандагони ҳамаи зинаҳои таҳсил, балки дигар табақаҳои ҷомеа, новобаста аз синну сол ҷалб мешаванд.

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


26.10.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php