ВОХӮРӢ БО САРКУРАТОРОНИ КАФЕДРАҲОИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ
Санаи 25-уми ноябр дар толори бинои асосӣ вохурии декани факултети тиббӣ бо ҳама саркураторони кафедраҳои факултети тиббӣ ва сардоронӣ гуруҳҳо ва курсҳои якум то шашум баргузор гардид. Дар рафти вохурӣ якчанд масъалаҳо асосии аз қабили сифати таълим, давомот, интизом, муқовимат бо омилҳои коррупсионӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳои ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин аз ҳамаи саркураторон ва кураторони кафедраҳо дархост карда шуд, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда мавзуҳои кураторӣ дарсҳо гузаронида шавад ва саривақт дар журналҳои электронӣ давомоти онҳо пур карда шавад.
Баъдан ёдрасӣ намуданд, ки кураторон уҳдадоранд, ки иҷрои талаботи давомоти ҳатмӣ дар ҳамаи машғулиятҳоро назорат намуда, муносибати масъулиятнок ва фаъолонаи донишҷӯёнро нисбат ба таҳсил таъмин созад, ба ҳифзи шаъну шарафи табиби оянда ва обрӯи Донишгоҳ мусоидат намояд. Барои пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби донишҷӯён дар масъалаҳои коррупсия, ифротгароӣ ва рафтори зиддиахлоқӣ, риояи интизоми намунавӣ мумтазам ёдрасӣ намоянд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки соатҳои кураторӣ дар байни гуруҳҳо аз руи нақшаи тасдиқшудаи кафедра ҳатман гузаронида шавад. Ба сардорони гуруҳҳо ва курсҳо дастур дода шуд, ки ҳама руза аз болои гуруҳҳо назорати ҷиддӣ намуда, оиди давомот ва нуқсону камбудиҳои ҷойдошта ҳатмат ба муовинони декан муроҷиат намоянд.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ