ВОХУРӢ БО ДОНИШҶУЁНИ КУРСИ 3-ЮМ

ВОХУРӢ БО ДОНИШҶУЁНИ КУРСИ 3-ЮМ

Санаи 19 ноябр дар толори лекионии Ю.Б.Исҳоқӣ вохурии декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор Саидзода Б.И. бо донишҷуёни курси 3-юми факултет вохурӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни вохурӣ якчанд масъалаҳои мубрами руз баррасӣ карда шуд. Яке аз масъалаҳои асосии муҳокима шуда, ин шомил нашудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва равандҳои террористӣ буд.

Зимни суханронӣ декани факултет иброз намуданд, ки ҷавононӣ имруза зиракии сиёсиро аз даст надода, кушиш намоянд, ки фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд. Зеро дар шароити имрузаи ҷаҳонӣ ҳамагуна равияҳои террористию экстремистӣ мақсаду маромҳои худро тариқи шабакаҳои интернетӣ амалӣ месозанд. Аз ҳамин лиҳоз қайд карданд, ки дар истифодаи шабакаҳои интернетӣ эҳтиёткор бошанд. Инчунин оид ба оқибатҳои даст задан ба чунин омилҳои нохалафро низ ёдрасӣ намуданд. Баъдан дар масъалаҳои даст назадан ба корҳои коррупсионӣ, давомот, интизом, сару либоси тавсиявӣ ва ахлоқи ҳамидаи касби табибӣ равшанӣ андохтанд. Ба донишҷуёне, ки дар хобгоҳҳои донишгоҳ истиқомат менамоянд хотирасон намуданд, ки ҳама қоидаҳои будубош, аввалхусус гигенаи шахсӣ дар хобгоҳҳоро риоя намоянд. Дар фарҷоми вохурӣ аз ҳамаи донишҷуён даъват карда шуд, ки саривақт шартномаи таҳсилро супоранда, дар риояи ҳамаи дастурамалҳои дохили донишгоҳӣ бетарафӣ зоҳир нанамоянд.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ


20.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php