ВОХӮРИИ СУДМАНД

ВОХӮРИИ СУДМАНД

Имрӯз дар Донишгоҳ вохӯрии судманди намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҳайати профессорону омузгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён Зарина Асрор оғоз намуда, зимни суханронии худ ҳадаф ва аҳаммияти вохӯриро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муҳим доранд.

Сипас, сардори шуъба оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шафозода Хуршед баромад намуда, масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ дар бораи пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва оқибатҳои нанговари содир намудани ҷиноят аз ҷониби ҷавонон андешаронӣ кард.

Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат бояд дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, истиқлолу озодӣ ва арзишҳои муқаддаси миллӣ масъулияти баланд дошта бошанд. Ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии шаҳрвандӣ яке аз роҳҳои муҳими пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи вохӯрӣ полковники милитсия Раҷабов Зайниддин, подполковники милитсия Сафарзода Илҳом ва Саидов Абдуҳанон- аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Авангард» доир ба масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир, нақши ҷавонон дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва пешгирии зуҳуроти экстремистию террористӣ табодули назар намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, иштирокдорон оид ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро баён карданд. Чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандии ҷавонон, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аҳаммияти муҳим доранд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


26.11.2026

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php