ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲҲОИ №1 ВА №2
23 октябри соли 2026 дар хобгоҳҳои №1 ва №2 вохӯрии муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия бо донишҷӯён баргузор гардид.
Зимни боздид бо шароити зисти донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарон шиносоӣ пайдо гардида, масъалаҳои риояи тартиботи дохилии хобгоҳҳо ва беҳтар намудани муҳити тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини декани факултет оид ба тарбия дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни ниёгонро гиромӣ дошта, худро аз хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ ва исрофкорӣ ҳифз намоянд.
Ҳамзамон, ба донишҷӯён ҷиҳати риояи қатъии дастурамали либосҳои тавсиявӣ, қоидаҳои будубош дар хобгоҳҳо, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона ва роҳ надодан ба зуҳуроти ифротгароӣ дастуру тавсияҳои муфид дода шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ