ВОХӮРИИ МАШВАРАТӢ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ОИД БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ИСТЕҲСОЛӢ
Рӯзи 24-уми июни соли 2026 бо ассистентони кафедраҳои клиникии Донишгоҳ, ки мутасаддӣ оиди таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили 2025-2026 таҳти фармоиши ректори Донишгоҳ таъйин гаштанд вохурии машваратӣ баргузор гардид. Дар вохурӣ ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Муҳиддин Н.Д. таъкид намуданд, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳ қисми муҳими таълим ба ҳисоб рафта, барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб аҳамияти калон дорад.
Ҳамзамон ректори Донишгоҳ қайд намуданд, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳ ин такмил додани малакаҳои амалии онҳо оиди парасторӣ, ташхис, табобати беморон ва корҳои ташкилии соҳаи тандурустӣ, ки дар марҳилаҳои гуногуни таълим аз худ намудаанд мебошад.
Дар ин вохурӣ масъалаҳои гуногун оиди гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ҳаллу фасл гардиданд.
Қайд кардан зарур аст, ки таҷрибаомӯзии истеҳсолии соли таҳсили 2025-2026 аз санаи 1-уми июл то 31-уми июли соли 2026 идома меёбад.
ШУЪБАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ