ВОХӮРИИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДИАТРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМ

ВОХӮРИИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДИАТРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМ

16 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳ бо иштироки декани факултети педиатрӣ Давлатзода Б. Х. ва донишҷӯёни курси якум вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ декани факултет донишҷӯёнро ба оғози марҳилаи нави ҳаёти донишҷӯӣ табрик намуда, таъкид карданд, ки дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қадами муҳим дар роҳи ба даст овардани дониш, касбомӯзӣ ва ташаккули шахсияти ҷавон ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки донишҷӯи муассисаи тиббӣ бояд пеш аз ҳама ба омӯзиши пайваста, риояи интизоми донишҷӯӣ, одоби муошират ва масъулияти баланди касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба тартиботи дохилидонишгоҳӣ, риояи қоидаҳои донишгоҳ, иштироки мунтазам дар машғулиятҳои таълимӣ, муносибати масъулиятнок ба таҳсил ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Давлатзода Б. Х. таъкид намуданд, ки донишҷӯёни курси якум бояд аз рӯзҳои аввали таҳсил ба риояи интизоми дохилӣ, ҳозиршавии саривақтӣ ба дарсҳо, омодагӣ ба машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ, муносибати эҳтиромона ба омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ, инчунин нигоҳдории муҳити созгори таълимӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани маърифати донишҷӯён, риояи одоби донишҷӯӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, муносибати шоиста бо ҳамсабақон ва омӯзгорон, истифодаи дурусти вақти холӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангии Донишгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар идомаи вохӯрӣ доир ба хусусиятҳои таҳсил дар факултети педиатрӣ, талаботи марҳилаи аввали таҳсил ва аҳамияти интихоби дурусти самти касбӣ суҳбати судманд сурат гирифт. Таъкид гардид, ки касби табиб аз донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ бештар буда, масъулияти баланди инсонӣ, ахлоқӣ ва касбиро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, донишҷӯёни имрӯза ҳамчун табибони оянда бояд аз солҳои аввали таҳсил барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, маърифати тиббӣ ва сифатҳои баланди ахлоқию касбӣ талош намоянд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои донишҷӯён вобаста ба раванди таълим, тартиботи донишгоҳӣ ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти донишҷӯӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки роҳбарияти факултет барои дастгирии донишҷӯён ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсил ва рушди касбии онҳо омода мебошад.

Чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни курси якум дар оғози соли таҳсил барои шиносоии онҳо бо муҳити донишгоҳӣ, талаботи таълимӣ ва меъёрҳои рафтору интизоми донишҷӯӣ аҳамияти муҳим дошта, ба ташаккули масъулиятшиносӣ ва муносибати ҷиддӣ ба таҳсил мусоидат менамоянд.

ФАКУЛТЕТИ ПЕДИАТРӢ


18.09.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php