ВИТАМИНИ Д: АЗ ОФТОБ ТО ҲУҶАЙРА

ВИТАМИНИ Д: АЗ ОФТОБ ТО ҲУҶАЙРА

Нури офтоб барои танзими функсияҳои организми мо ва реҷаи хоб муҳим аст. Он рӯҳия, некӯаҳволӣ ва саломатии умумии моро беҳтар мекунад. Ғайр аз он, нури офтоб мубодилаи моддаҳо ва гардиши хунро таҳрик медиҳад ва ба системаи масуният таъсири судманд мерасонад. Ҳамаи ин бартариҳо аз нури офтоб на танҳо манбаи лаззат мебахшанд – он барои саломатии мо муҳим аст.

Нури офтоб барои истеҳсоли витамини Д муҳим аст, ки ба бисёр ҷанбаҳои саломатии мо таъсири мусбӣ мерасонад ва дар навбати худ рӯҳияи моро беҳтар мекунад.

Як механизми эҳтимолии робитаи байни таъсири нури офтоб ва саломатии аҳолӣ ин биосинтези витамини Д мебошад, ки бо номи "витамини офтобӣ" маълум аст. Таваҷҷӯҳ ба нақши витамини Д дар организм аз замони кашфи он беш аз 100 сол пеш, пайваста афзоиш ёфтааст.Дар он замон исбот шуда буд, ки норасоии он ба бемории рахит сабаб мегардад.

Дар баробари камфаъолиятии ҷисмонӣ(гиподинамия) ва дигар омилҳо, таъсири нокифояи офтоб дар ҷомеаи муосир як мушкили ҷиддиест. Ҳангоми пандемияи COVID-19, худмуҳофизатӣ организмро нисбатба нури табиӣ коҳиш дод, ки ин ҳолат метавонад боиси десинхроз гардад.

Дигар сабабҳои норасоии витамини Д низ вуҷуд доранд, ба монанди бемориҳои меъдаю рӯда (хусусан синдроми мальабсорбсия – ихтилоли ҷаббшии рӯда), талафи витамини Д бо пешоб ҳангоми бемориҳои шадиди гурда ва тағйирёбии мубодилаи витамини Д дар ҷигар бо норасоии шадиди кори бофтаи ҷигар. Дар одамони вазни зиёдатӣ дошта бошад, ин захирашавии он дар бофтаи равғании пӯст ва вайроншавии гардиши калони хун аст.

Ба маънои қатъӣ, витамини Д ҳормони эндокринӣ аст, зеро организм қобилияти синтез кардани онро дорад ва инро солҳои 70-ум аллакай исбот карда буданд. Манъбаи ғизоии он моҳии равғанӣ, тухм шир буда, лекин манбаи асосӣ (90%) ин холестерини зери пӯст мебошад.

Холестерин дар қабатҳои эпидермалии мембранаи ҳуҷайраҳои пӯст ҷойгир аст. Тақрибан 65% тамоми холестерин дар эпидермиси пӯст ва танҳо 35% дар дерма ҷойгир аст. Холестерин дар аввал то 7-дегидрохолестерол оксид шуда ва баъдан дар зери таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб он ба витамини Д3 – холекальциферол мубаддал мешавад. Баъдан витамин дар хун бо сафедаи витамини Д пайвасткунанда (VDBP) ба ҷигар интиқол гардида, ба раванди гидрокислиронӣ дучор гашта ба калсидиол (25-гидрооксикалциферол) табдил меёбад ва баъдан дар гурда фаъолтар гардида калситриолро (1,25 дигидрокалсиферол) ҳосил мекунад.

То замони ҳозира зиёда аз 50 метаболитҳои витамини Д маълуманд, аммо имрӯз танҳо ду метаболити витамини Д3 (25-гидрооксикалсиферол ва 1,25 дигидрокалсиферол) маъмуланд.

     Калситриол (ҳормони стероидӣ) бо ретсептори мушаххаси витамини Д (VDR), ки дар дохили ҳуҷайраҳои қариб ҳамаи бофтаҳо (рӯдаҳо, устухонҳо, мушакҳо, ҳуҷайраҳои иммунӣ ва ғ.) мавҷуд аст, пайваст шуда дар ядрои ҳуҷайра экпрессияи (ифодаи) генҳоро танзим намуда, ба синтези сафедаҳо ва дар натиҷа ба равандҳои физиологӣ таъсир мерасонад. Таъсири классикии (скелетии) эндокринии Д-гормон азхудкунии калсий дар рӯдаҳо, танзими мубодилаи калсий ва фосфорро дар устухонҳо, раванди минерализатсия ва азнавсозии устухон (реминерализатсия) мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ, норасоии витамини Д ба ҷараёни остеомаляция (кам шудани устувории устухон аз сабаби минерализатсияи нокифояи бофтаи устухон), рахит, остеопороз таъсири манфӣ мерасонад ва хатари афтиданро дар пиронсолон зиёд мекунад.

  Дар одами сафедпӯст (пӯсти навъи II, аврупоӣ) эпидермиси пӯст тақрибан 20-30% радиатсияро бо дарозии мавҷи 295 нм интиқол медиҳад ва ба таври назаррас камтар, танҳо 2-5% ин радиатсия ба эпидермиси пӯсти одами сиёҳпӯст (пӯсти навъи V) ворид мешавад.

Ғайр аз он, қобилияти пӯст барои истеҳсоли витамини Д бо мурури синну сол коҳиш меёбад - дар одамони калонсол, он назар ба ҷавонон ҳадди аққал се маротиба камтар аст. Аз ин рӯ, беморони аз 60-сола боло хатари норасоии витамини Д (гиповитаминоз)-ро доранд.

Ба ҳисоби миёна, дар як ҳафта якчанд маротиба аз 10 то 30 дақиқа дар зери нури бевоситаи офтоб гаштан, ба нигоҳ доштани сатҳи витамини Д дар организм мусоидат мекунад.

     Бофтаҳои нишонавии ғайриклассикӣ- барои витамини Д ҳамчунин пӯст, ғадуди зери меъда, системаҳои иммунӣ ва дилу рагҳо, майна ва мушакҳо низ ба шумор мераванд.

      Витамини Д системаи масуниятро мустаҳкам мекунад, ки ҳам ба иммунитети модарзодӣ ва ҳам ҳаётӣ таъсир мерасонад. Он ҳуҷайраҳои иммуниро (макрофагҳо, Т-лимфоситҳоро) фаъол намуда дар синтези пептидҳои зиддимикробӣ (кателицидин и дефензин), ки бо вирусҳо ва бактерияҳо мубориза мебаранд, кӯмак мекунад ва илтиҳоб (коҳиши ситокинҳои илтиҳобӣ-ИЛ-6), ва хатари бемориҳои аутоиммуниро коҳиш медиҳад.

    Хулоса, витамини Д ҳама мушкилоти саломатиро ҳал намекунад, аммо нигоҳ доштани сатҳи он калиди системаи мустаҳками иммунитетӣ, солимии устухонҳо ва дандонҳо, рӯҳияи мусбӣ ва некӯаҳволии умумӣ мебошад.                        

    Витамини Д як маводи ғизоии воқеан муҳим аст, ки дар тамоми ҷанбаҳои саломатӣ нақши муҳим мебозад.

 

Сабурова А.М.-д.и.б., профессори кафедраи биохимия

Носирҷонова Х.Р.-н.и.б.,дотсенти кафедраи биохимия

 

 

 

 


06.04.2026 39

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php