ВАСИЯТИ ОХИРИНИ УСТОД

ВАСИЯТИ ОХИРИНИ УСТОД

(Ба 110 -солагии зодрӯзи асосгузори ҷарроҳи асаб дар Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Зикрулло Почоевич Хоҷаев бахшида мешавад)

   ...Ибтидои солҳои бистуми асри гузашта дар шаҳри Хуҷанд аввалин мактабҳои ибтидоӣ дарҳои худро ба рӯи оммаи васеъ кушоданд, ки ин барои ташнагони илму маърифат воқеаи ниҳоят муҳим ва нодире ҳисоб меёфт. Мактабҳои аввалин , ки асосан вазифаи маҳви бесаводиро ба ҷо меоварданд, одамони синну соли гуногунро ба худ фаро гирифта буданд ва ба зудӣ диққати мардумро ба худ ҷалб намуданд. Зикруллои хурдсол ҳар рӯз ба онҳое, ки китобу дафтар зери китф ба мактаб мерафтанду боз баъди соатҳои муайян бо як руҳи болида бармегаштанд, бо ҳавас менигарист. Ӯхудро дар сафи ин донишомӯзон дидан мехост, вале талабаҳои мактабро дар синну сол аз худ калон дида, боз истиҳола мекард. Бо вуҷуди ин боре аз ин хусус ба падараш муроҷиат намуда гуфт:

-Дада, ман ба мактаб рафтан мехоҳам.

- Ҳоло барои мактабравии ту барвақттар аст, писарам, фурсат, ки расид, худам туро ба мактаб мебарам,- сари кӯдакро сила карда истода гуфт падар.

Боре Зикрулло дид, ки бачаи ҳамагӣ ду сол аз ӯкалонтар аз мактаб бармегардад ва беихтиёр сари роҳашро гирифта аз ӯкунҷковона пурсон шуд:

-Ту ҳам дар мактаб мехонӣ?

-Бале, чӣ буд?

-Ман ҳам рафта метавонам?

-Чаро наметавонистаӣ, мактаби нав ҳар киро, ки хоҳиш дошта бошад, қабул мекунад.

-Китобу дафтарро аз куҷо бояд гирам?.

-Аз ҳеҷ куҷо, мактаб, ки рафтӣ, дар ҳамон ҷо ба ту медиҳанд.

Зикрулло тамоми шабро бо андешаи мактаб рӯз кард ва саҳарӣ либосҳои тоза ба бар намуда, дигар ба падараш чизе нагуфта, тарафи мактаб роҳ пеш гирифт.

Дар синфхона одамони синну соли гуногун машғули сабақомӯзӣ буданд. Зикрулло оҳиста дарро кушода, вориди синфхона шуд.

-Ҳа, писарам, ту чӣ мехоҳӣ?- ба ӯрӯй оварда пурсид муаллим.

-Ман ҳам хондан мехоҳам, -ҷавоб гардонд Зикрулло .

-Чандсолаӣ?

-Шашсола, ҷавоб гардонд писарак ва ҷавоби муаллимро интизор нашуда боз илова кард:-ман фақат шишта, гӯш мекунам.

 

Аз чӣ бошад, ки муаллим дигар чизе нагуфта табассуме карду аз дасташ гирифта Зикруллоро бурда дар партаи аввали синф шинонд.

Ин воқеа тирамоҳи соли 1922 рух дода буд ва ҳамин тавр Зикрулло Хоҷаеви хурдсол талабаи мактаб шуд. Дар ду моҳи таҳсил ӯба ба дигар ҳамсабақонаш баробар гашт ва баъди шаш моҳ бошад, ҳамчун беҳтарин талабаи мактаб ном баровард. Ӯбаъди дарсҳо ҳам соатҳои зиёдро ба омӯхтан сарф мекард ва хоҳиши зиёди кӯдакро дида муаллим ҳар вақт ба ӯкитобҳои иловагӣ медод, ки бекор намонад. Махсусан омӯхтани забони русӣ бештар диққати ӯро ба худ ҷалб месохт. Он замон бо забони русӣ китобҳои бештаре дастрас буданд ва аз ин рӯЗикрулло мехост, ки ҳарчи тезтар ин забони барояш ҳанӯз пурмуамморо аз худ кунаду барои омӯзиши васеи ояндааш роҳ кушояд. Ҳамин тавр ӯрасо даҳ сол дар мактаби нав бо шавқу ҳаваси зиёд ва кӯшишу ҳавсалаи тамом таҳсил намуд. Ӯтаҳсил мекарду вале аз хусуси касбу кори ояндаащ ҳанӯз андешае надошт, вале воқеае сабаб гашту роҳи ояндаи ӯро бехабар равшан сохт.

    Солҳои бистум дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) аввалин беморхонаи минтақавӣ ба фаъолият шуруъ намуда, табибони касбӣ беморонро бо усулҳои нави барои мардум ҳанӯз «номақбул» табобат менамуданд. Кормандони беморхона дар баробари табобат боз маҳалла ба маҳалла гашта, сокинонро ташвиқ менамуданд, ки беморони худро барои табобати саривақтӣ ба шифохона баранд, зеро ҳанӯз одамон ба тибби муосир ошноӣ надоштанду аз он бо таъсири хурофотпарастон дурӣ меҷустанд.

Баҳори соли 1930. Зикрулло дар синфи ҳаштум таҳсил дошт. Боре аз мактаб баргашта истода дар назди хонаи ҳамсоя одамони зиёди ҷамъшударо дид ва аз даруни хона фарёди ҷонхароши кӯдаконаро шунида, тарафи ҳамон овоз давид. Рӯи ҷойгоҳ бачаи шаш-ҳафтсола беқаророна дод мезаду, аз шиддати кадом дарде дар худ мепечид. Болои сараш бошад, кампире ким-кадом алаферо дуд дода, давр мегашту бо овози баланд ба қавли худаш ҷонзодҳои ноайёнро меронд. Вале вазъи кӯдак торафт баъдтар мешуду беҳтар не. Аз сару рӯи ӯякзайл арақ мешорид. Модари бемор талаб дошт, ки табибони беморхонаи навро даъват кунанд, вале бобои бемор ва кампири «табиб» ба ин ҳеҷ розӣ намешуданд. Ниҳоят модар дигар тоқат накарда худаш тарафи беморхона шитофт ва дере нагузашта ҳамроҳи ду нафар одамони хилъати сафедпӯш баргашт. Баъди каме муоина табибон муайян намуданд, ки кӯдак ба варами кӯррӯда (аппендитсит) гирифтор шудаву ӯро фавран ба беморхона бурда, ҷарроҳӣ кардан лозим меояд. Ҳамаи ин ҳодисаро аз аввал то ба беморхона бурдани кӯдак Зикрулло наззора кард ва боз баъди чанд рӯз ҳамон кӯдакро дар назди хонаашон соқу саломат дида ба «муъҷиза»-и табибони беморхонаи нав қоил шуд. Ӯқатъӣ қарор дод, ки оянда табиб мешавад.

Бо ҳамин нияту мақсад соли 1932 баъди хатми мактаб ба Теникуми тиббии Хуҷанд ҳуҷҷат супорид. Дар техникум бо дониши фавқулоддааш ба зудӣ ангуштнамо гашт. Ба бахти баландаш соли 1933 дар пойтахти ҷумҳурӣ Донишкадаи тиббӣ таъсис ёфт ва баъди хатми соли авали таҳсил Зикрулло Хоҷаевро ҳамчун донишҷӯи қобилиятнок аз техникум ба донишкадаи навтаъсиси тиббӣ интиқол доданд. Таҳсил дар донишкада душвориҳои махсуси худро дошт. Зеро китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ вуҷуд надоштанд ва аксари омӯзгорон низ русзабон буданд. Машғулиятҳо ба воситаи тарҷумонҳо мегузаштанд. Зикрулло низ аз рӯзҳои аввали таҳсил дар донишкада ҳачун донандаи хуби забони русӣ аз тарафи роҳбарияти таълимгоҳ дар баробари таҳсил ҳамчун тарҷумон ба кор ҷалб гардид.

Илова бар ин мушкилиии ба сари ҳамсабақонаш омадаро дида, Зикрулло бо хоҳиши худ маҳфили омӯзиши забони русиро таъсис дод ва ба ташвишҳои зиёди донишомӯзиаш нигоҳ накарда ӯҳар бегоҳ дар соатҳои муайян ба хоҳишмандон забони русиро меомӯзонд. Худаш бошад, бо тамоми ҳастӣ ба омӯзиши фанни анатомия пардохта буд. Ин фанро дар донишкада директори донишкада профессор А.В.Тихонович меомӯзонд ва ҳар дафъа таъкид мекард, ки бе омӯзиши амиқи анатомияи одам духтури хуб шудан ғайриимкон аст.

 

Мутаассифона донишкадаи навтаъсис ҳамагӣ ду сол фаъолият карду соли 1935 аз сабаби нарасидани пойгоҳи лозимии моддию таълимӣ барҳам дода, донишҷӯёни он ба донишкадаҳои тиббии шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд интиқол дода шуданд. Ҳамин тавр соли 1936 Зикрулло Хоҷаев донишҷӯи курси дуюми факултаи муолиҷавии Донишкадаи тиббии шаҳри Тошканд гашт. Таҳсил дар ин ҷо ба осонӣ ба даст намеомад, зеро ҳамон мушкилиҳои забонӣ, ки ҳангоми таҳсилоти пешина донишҷӯёни тоҷикро домангир гашта буданд, дар ин ҷо бештар мушоҳида мегаштанд. Аксари толибилмон ба дарс бо луғат ва китобҳои забони русӣ меомаданд ва баъди ҳар машғулият онҳоро лозим меомад, ки вожаву истилоҳҳои навро ба забонҳои тоҷикӣ ваё ӯзбекӣ тарҷума намуда, баъд маводи таълимиро аз худ намоянд. Хушбахтона ин роҳи мушкил барои Зикруллои ҷавон аллакай тайгашта ҳисоб меёфт, зеро ӯба забони русӣ ба хубӣ балад буду илова бар ин ба қадри ҳол истилоҳҳои лотиниро низ аз бар карда буд. Мушкилоти дӯстон боз ӯро ором нагузоштанд. З. Хоҷаев хоҳиши ҳамкурсонро ба инобат гирифта, ҳар бегоҳ ба онҳо аз чунин фанҳои душвор, ба мисли фармакология, иммунология, биология, микробиология ва ғайраҳо дарсҳои иловагӣ мегузаронд. Худ бошад, бо тамоми ҳастиаш меомӯхт. Таҳсил дар донишкададаи тиббии Тошкент ба Зикрулло Хоҷаев ниҳоят маъқул афтода буд. Дар ин ҷо шароитҳои васеи таълимӣ муҳайё буданду устодон ва профессорони донишманд аз фанҳои зарурӣ таълим медоданд. Ҷавони ҳушманд аз рӯзҳои аввали таҳсил бо дониши қавӣ, кӯшишу ғайрати зиёд , ташаббускориҳо ва хислатҳои ҳамидаи инсониаш дар байни устодон низ обрӯи баландро сазовор гашта буд. Ба ӯдар ҳар кор боварӣ менамуданд. Соли 1937 бошад, донишҷӯи курси сеюм Зикрулло Хоҷаев дар қатори устодони донишкада ба муборизаи зидди бемории вараҷа ба вилояти Фарғона сафарбар карда шуд. Барои мубориза бо ин беморӣ шумораи зиёди олимону табибон аз Руссия даъват шуда буданд ва онҳо бо шароитҳои душвори маҳал нигоҳ накарда вазифаи худро бо сарбаландӣ иҷро менамуданд. Баъдҳо З.П.Хоҷаев борҳо ба донишҷӯён иқрор шудааст, ки ӯсабақи аввалини корӣ, одамият, виҷдони поки табибӣ, инсондӯстӣ ва тарзи муомилаю муоширатро бо беморон маҳз аз ҳамон табибони волонтёр(ёрдамчиёни беминнат) омӯхтааст. Онҳо, ки дар қаторашон З.П.Хоҷаев низ заҳмати зиёд кашида буд, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, барои барҳам задани ин бемории паҳнгашта корҳои бемисли фаҳмондадиҳӣ ва табобатиро ба ҷо оварданд ва дар муддати шаш моҳ тавонистанд, ки ин бемориро дар вилояти Фарғона ба ҳадди нестӣ расонанд.

Аз ин сафари аввалини хизматӣ баргашта Зикрулло ба ҳамсабақонаш таассуротҳои зиёдеро нақл мекард, зеро ба қавли худаш гӯё ӯдар зарфи шаш моҳ як мактаби калони одаму одамгариро хатм карда буд. Баъди ин бошад обрую нуфӯзи З.П.Хоҷаев дар донишкада боз ҳам бештар боло рафт. Акнун устодон ба ӯна ҳамчун донишҷӯ, балки чун ҳамкори таҷрибагирифта муносибат менамуданд. Махсусан, таваҷҷуҳи мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ профессор М.С.Астров ба Зикрулло зиёд гашта буд. Баъдтар яке аз ҳамсабақонаш К.Ю.Ахмедов, ки ба мансаби Вазири тандурустии Тоҷикистон муваффақ гашта буд, яке аз ҳамон лаҳзаҳоро ба хотир оварда менависад:

«Ҳангоме ки дар курси чорум мехондем, боре дар машғулияти амалӣ , ки дар беморхонаи клиникӣ мегузашт, профессор М.С.Астров беихтиёр ба З.П.Хоҷаев рӯй оварда фармуд, ки ба ҷои ӯдар бораи беморе, ки он лаҳзаҳо ҳамчун «маводи таълимӣ » хизмат мекард, ба донишҷӯён маълумоти пурра диҳад. Зикрулло худро гум накард ва бо як маҳорати хоса аз хусуси беморӣ, сабабҳои пайдоиши он ва роҳҳои табобати ин беморӣ он қадар босаводона ва равшану фаҳмо ҳарф зад, ки дарси мо аз машғулияти амалӣ гӯё ба як навъ дарси омехтаи лексионию амалӣ табдил ёфта, на танҳо диққати мо донишҷӯён, балки таваҷҷуҳи беандозаи профессор Астровро ба худ ҷалб кард. Мо ҳама медонистем, ки профессор дар байни ҳама шогирдон ба Зикрулло Хоҷаев як наъ эҳтирому боварии алоҳида дорад».

 

Профессор М.С.Астров Зикруллои ҷавонро ба маҳфили ҷарроҳии клиникӣ даъват намуд. Бо ӯсоатҳо якҷоя машғулият мегузаронду нозукиҳои ин касби воқеан ҳам душворро ба ӯмеомӯзонд. М.С.Астров китобхонаи шахсии пур аз маводҳои таълимии фанни ҷарроҳиро дошт, ки аз байни ҳамсабақон танҳо З.Хоҷаев иҷозати дастрасӣ ба онро дошт. Маҳз ҳангоми истифода аз ҳамин маъхази бебаҳо ӯбори аввал ба осори пурбаҳои илмии олимони сатҳи ҷаҳонӣ Н.И.Пирогов ва Н.Н.Бурденко шинос гашт ва касби ҷарроҳиро аз сидқи дил дӯст дошт.

 

Соли 1939 З.П.Хоҷаев донишкадаро бомуваффақият хатм намуда, ҳамчун мутахассиси соҳибмаълумоти соҳаи ҷарроҳӣ ба ватан баргашт. Ӯро дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ ба сифати ординатор ба кор гирифтанд. Ӯаз пешомадҳои тақдир розӣ буд, зеро дар ҷои кори нав низ бо чунин мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷарроҳони варзида ба мисли К.П.Арихбаев, Н.Н.Кутчак, М.А.Бухман, Л.Ф.Парадоксов шиносо гашта, ба зудӣ забон ёфт, ки барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявиаш нақши калон бозиданд. Ҳарчанд ҳар кадоми ин табибони номӣ дар тарбияи табиби ҷавон саҳми алоҳидаи худро гузошта бошанд ҳам, вале З.П.Хоҷаев то охири умр аз хусуси дилсӯзӣ, ҳалолкорӣ, суҳбатороӣ, сахтгирӣ, самимият барин хислатҳои наҷиби устодаш Н.Н.Кутчак бо эҳтироми хоса ҳарф мезад. Ин марди дар ҳақиқат ҳам шариф дар баробари устоди ҳақиқии касби хеш будан боз ҳамчун педагоги моҳир дар лаҳзаҳои фориғ аз кор кӯшиш мекард, ки бо суханҳои гарму самимӣ дар дили шогирдонаш меҳру муҳаббати ҳақиқиро нисбат ба касби ҷарроҳӣ бедор намояд. Маҳз аз ҳамин дилдодаи касб З.П.Хоҷаев бисёр нозукиҳои касби ҷарроҳӣ, қоидаҳои истифодабарии асбобу лавозимоти зарурӣ, қоидаҳои хунгузаронӣ ҳангоми ҷарроҳӣ ва ғайраҳоро омӯхт. Давоми ду соли ординаторӣ З.П.Хоҷаев дар баробари бевосита анҷом додани амалиётҳои ҷарроҳӣ дар ҳайати бригадаҳои экспедитсионӣ борҳо ба гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарҳо карда, бо вазъи солимии мардум аз наздик шиносо гашт ва ҳар бори сафар аз худ қаноатманд мегашт, ки маҳз касби барои халқаш заруриро интихоб намудааст, зеро ҳамон солҳо мардуми ҷумҳурии ҷавони мо ҳарчанд аз хуруҷи бемориҳои гуногун, махсусан бемориҳои сироятӣ азият мекашиданд, мутаассифона мутахассисони соҳибмаълумоти тиб ангуштшумор буданд. З. Хоҷаев ифтихор дошт, ки хизмати бевоситааш ба халқи азизаш мерасаду бо ёрии ӯву ҳамсафонаш соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ рӯба рушду пешравӣ меорад.

…Ҳуҷуми аҳдшиканонаи фашизми Германия ба мамлакати Шӯроҳо нияту нақшаҳои зиёди ҷавонони солҳои чилумро ба куллӣ дигаргун кард. Вақте, ки ҷанг сар шуд, З.П.Хоҷаев акнун ба синни биступанҷсолагӣ қадам мегузошт. Касбашро аллакай ба хубӣ аз худ карда барои иҷрои ҳадафҳояш пеши худ нақшаҳои зиёд гузошта буд. Вале чӣ илоҷ, ки ҷанги манҳус ӯро бетараф гузошта наметавонист. Ҳанӯз рӯзҳои аввали ҷанг Зикрулло Хоҷаев ба комиссариати ҳарбӣ ариза навишта хоҳиш намуд, ӯро ба ҷабҳаи ҷанг фиристанд, вале хоҳишашро то муҳлати муайян мавқуф гузоштанд. Ӯфурсатро истифода бурда, аз устодаш К.П.Арихбаев нозукиҳои хизмати тиббиро дар шароити ҷанг омӯхт. К.П.Арихбаев аз рӯзҳои аввали ҷанг сардори беморхонаи ҳарбии эвакуатсионӣ дар шаҳри Душанбе таъйин гашта буд. Ӯ, ки дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ вазифаи духтури ҳарбиро бошарафона ба ҷо оварда буд, дар баробари кори сангини шабонарӯзӣ вақти холӣ ёфта, шогирдонаш З.П.Хоҷаев, К.Т.Тоҷиев, К.Ю.Ахмедов, С.М.Ниёзова, И.Я.Бобохоҷаев барин ҷавононеро, ки дар касби интихобкардаи худ аллакай мустақилу соҳибтаҷриба гашта буданд, ба қоидаҳои хизмати тибби ҳарбӣ шинос мекард.

 

29 июли соли 1941 онҳоро ба воситаи поезд аввал ба Тошкент ва баъд аз он ҷо ба шаҳри Чита фиристоданд. Дар ин ҷо дар ҳайати бригадаи 104-уми дивизияи 61-уми кавалерӣ давоми чанд моҳ нозукиҳои хизмати ҷангиро омӯхтанд. Қисми онҳо, ки ба он генерал-лейтенант Т.Т.Шапкин роҳбарӣ мекард, моҳи октябри соли 1942 ба Сталинград фиристода шуд. Дар ин ҷо душман тамоми қувваи захиравии худро ҷамъ карда ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанӣ ва шаҳри чанд моҳ боз дар асоратбударо ишғол карданӣ буд. Ҳавопаймоҳои душман шабу рӯз ором нагирифта, шаҳрро бомбаборон мекарданд. Ба қисми санитарии З.П.Хоҷаев чанд шабонарӯз лозим омад, ки хӯру хобро фаромӯш намоянд. Дар як шабонарӯз то сад амалиёти ҷарроҳиро анҷом додан лозим меомад. Шароитҳои ҷарроҳӣ намерасиданд, вале ин монеаи кори ватандӯстон намегашт. Бисёр ҳолатҳо зарур меомад, ки ҷарроҳиҳои вазнинро аз заминкан дур нашуда анҷом диҳанд. Дар ҳамин муҳорибаи сахт барои хизмати аъло ва шуҷоату мардонагӣ ба З.П.Хоҷаев унвони ҳарбии капитани гвардияро сазовор донистанд. Моҳи сентябри соли 1943 қисми санитарию тиббиии онҳоро ба шаҳри Чернигов фиристоданд. Дар ин ҷо онҳо дар ҳайати корпуси 7-уми кавалерӣ, ки ба Фронти марказӣ итоат мекард, хизмат менамуданд. Душман барои рахна кардани фронт дар ин самт 25 ҳавопаймо ва 208 танкро сафарбар намуда буд. Дар рӯзи аввали муҳориба, қисми онҳо, ки дар шаҳраки Берёзка воқеъ гашта буд, таҳти бомбабонкунии сахт қарор гирифт. Чанде аз ҳамхизматонашро, ки барои наҷоти ҷанговарони захмбардошта борҳо мардонагию диловарӣ нишон дода буданд, дар ин муҳориба аз даст доданд. Дар ҳарбу зарби сахт махсусан хоҳарони шафқат, ки таҳти сардории З.П.Хоҷаев хизмати тибби ҳарбиро ба ҷо меоварданд, аз худ маҳорати баланди ҷангӣ ва диловарӣ нишон доданд. Онҳо ба тирпарронии дутарафаи шадид нигоҳ накарда, ҷони худро ба гарав гузошта, садҳо нафар ҷанговарони маҷруҳро аз майдонҳои набард ба ақибгоҳ кашида бароварда, аз марг наҷот доданд.

 

Борҳо дар солҳои ҷанг ба З.П.Хоҷаев ва тобеонаш лозим омад, ки касби табибии худро як сӯгузошта, барои ҳимояи мавқеашон ба ҷанги рӯба рӯбароянд. Соли 1944 қисми тиббии онҳо ҳангоми озодкунии шаҳри Будапешт, барои ишғол кардани мавқеъ дар сафи пеш ба ҳуҷум гузашта, танҳо баъди ишғоли якчанд хона қисми худро ҷо ба ҷо намуданд ва ба қабули маҷруҳон шуруъ намуданд. Ҳангоми табобати маҷруҳон якбора ба ҳамон хонае, ки онҳо ҷо гирифта буданд, якчанд нафар фашистон ҳуҷум карданд. З.П.Хоҷаев ҳамроҳи боз шаш нафар ёрдамчиёнаш аз чор тараф хонаро ба мудофиа гирифта, ба тарафи душман оташкушоиро оғоз намуданд. Баъди муҳорибаи сахт немисҳо ақибнишинӣ намуда, якчанд нафари онҳо асир афтоданд. Танҳо баъди ин хилъати сафедпӯшон аз нав ба ҷойҳои худ гузашта, корҳои табобатии худро идома доданд. Роҳи ҷангии майори гвардия З.П.Хоҷаев аз шаҳри Сталинград оғоз ёфта, дар шаҳри Белгради Югославия ба охир расид. Барои хизматҳои ҷангиаш ӯбо ду ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ордени Ситораи Сурх якчанд медалу ифтихорномаҳо сазовор гашта, баъди ғалабаи пурра аз болои ин вабои инсоният-фашизми Германия бо сари баланд ба Ватан баргашт.

 

Ҷанг ҳарчанд дар хотираи З.П.Хоҷаев нақшҳои зиёди шуми худро боқӣ гузошта бошад ҳам, вале дар тӯли чор соли хизмат ба ҳайси афсари тибби ҳарбӣ имконият пайдо кард, ки дар шароити душвори ҷангӣ бисёр амалиётҳои нозуки ҷарроҳиро муваффақона анҷом дода, таҷрибаашро дар касби интихобкардааш ғанӣ гардонад. Дар лаҳзаҳои мушкили корӣ аз чи бошад, ки таваҷҷуҳашро амалиётҳои ҷарроҳии асаб бештар ба худ ҷалб мекард. Ӯмаҳз дар солҳои ҷанг ба хубӣ пай бурд, ки ҷарроҳии асаб бисёр ҷиҳатҳои нозуки худро дорад ва на ҳар кас метавонад ба ин соҳаи мушкил сару кор гирад. Аз ин хотир аз фронт баргашта, З.П.Хоҷаев дар назди худ мақсад гузошт, ки давоми ояндаи умри худро пурра ба ин соҳаи нозук мебахшад. Воқеан, ӯбаъди бозгашт тамоми умри минбаъдаи худро ба Донишгоҳи тиббӣ ва рушди ин соҳа дар ҷумҳурӣ бахшид. Аллакай то оғози солҳои панҷоҳум ӯдар соҳаи ҷарроҳии асаб ҳамчун яке аз мутахассисони варзида дар байни хосу ом ном мебарорад. Вале ӯхуб медонист, ки барои ҷарроҳи хуби асаб будан боз бештар омӯхтан лозим меояд. Аз ин хотир боз ба шаҳри Москва роҳ пеш гирифт. Тӯли се сол дар пажуҳишгоҳи ҷарроҳии асаби ба номи Н.Н.Бурденко курси махсуси тахассусиро гузашта, оид ба пешаи интихобкардааш маводҳои зиёде ҷамъ намуд ва соли 1955 дар мавзӯи «Ҷараёни таркиби моеи майнаи сар ва сутунмуҳра дар марҳилаи баъдиҷарроҳӣ ҳангоми омосҳои нейроэктодермалии чуқураки ақиби косахонаи сар» рисолаи номзади илмҳои тибро ҳимоя намуд. Баъди бозгашт ба ватан бошад, ба рушди ҷарроҳии асаб ба таври ҷиддӣ машғул шуд. Дар навбати аввал ба ӯлозим буд, ки беморхонаи махсусеро, ки дар оянда ба ҷарроҳӣ ва табобати бемориҳои асаб махсус гардонида шуда бошад, таъсис дода, барои кори муваффақона шогирдони сазоворро тарбия намояд. Ва ӯаз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ баромад. Ҳама он кормандоне, ки З.П.Хоҷаев дар кафедраи бемориҳои асаби донишгоҳ ҷамъ овард, мутахассисони соҳибтаҷриба ва дӯстдорони ҳақиқии касби хеш буданд. Таҷрибаи дар солҳои ҷанг гирдовардааш дар замони осоишта ба ҷарроҳи аллакай таҷрибаи кофӣ гирифта кор доданд. Дар замони осоишта бошад, З.П.Хоҷаев боз бисёр масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла маҳдудсозии фаъолияти марказҳоро ҳангоми фишори баланди майнаи сар, варами майнаи сар, таҳаммулпазирии майнаи сар бо сироят ва ғайраҳоро ба маърази омӯзиш баровард, ки ин масъалаҳои илмӣ баъдтар яке аз нишондодҳои сифатӣ ва назарраси хадамоти нейрохирургии Тоҷикистон гаштанд.

 

Таҷрибаи кории солҳои панҷоҳум ба З.П.Хоҷаев имконият доданд, ки оид ба чунин масъалаҳои муҳим, аз қабили ҷарроҳии пластикӣ, натиҷаҳои баъдии садамаҳои пӯшида ва оқибатҳои табобати фаврӣ мавқеи хоси назариявию амалии худро пайдо кунонад. Омӯзиши ин масъалаҳо иштироки якҷояи невропатологҳо, физиологҳо, морфологҳо, патофизиологҳо, отоневрологҳо, окулистҳо ва мутахассисони дигар соҳаҳоро тақозо мекард, ки олими тоҷик аз ӯҳдаи ин вазифаи муҳим низ ба хубӣ баромад. Дар давоми бист соли фаъолияташ З.П. Хоҷаев тавонист, ки бисёр гиреҳҳои мушкили соҳаи ҷарроҳии асабро дар ҷумҳурӣ кушояд. Умуман дар давоми фаъолияти ин олими варзида, таҳти роҳбарии ӯдар ҷумҳурӣ бештар аз 1,5 ҳазор амалиётҳои ҷарроҳии садамаи косахона ва майнаи сар ва варамҳои майнаи сар муваффақона анҷом дода шуданд. Дар давоми даҳ соли баъди вафоти ӯбошад, шогирдонаш бештар аз даҳ ҳазор чунин амалиётҳои мушкили ҷарроҳиро бомуваққият гузарониданд, ки ин як гардиши куллӣ дар рушди соҳаи нейрохирургияи тоҷик ба ҳисоб мерафт.

 

З.П.Хоҷаев давоми солҳои 1957-65 вазифи пурмасъули ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба уҳда гирифта, дар таъсиси марказу шуъбаҳо ва кафедраҳои нав, беҳтарсозии шароиту имкониятҳои кору таҳсил дар ин боргоҳи илму маърифат саҳми бузург гузошт ва ҳамзамон солҳои зиёд масъалаи қонуниятҳои пайдоиши садамаҳои косахона ва майнаи сарро дар муҳлатҳои дароз омӯхта, соли 1970 ҳамаи онҳоро дар рисолаи доктории худ таҳти унвони «Хусусиятҳои хоси ҷараёни садамаи шадиди пӯшидаи косахона ва майнаи сар дар шароити баландкӯҳ» ҷамъбаст намуд. Вобаста ба ин масъала баъдтар монографияи устод аз чоп баромад, ки дар он нишондодҳои муоинаи 820 нафар беморони ба садамаи пӯшидаи косахона ва майнаи сар гирифтор дар шароити ҳамворӣ ва 241 нафар ҳамин гуна беморон дар шароити баландкӯҳ ба таҳқиқ кашида шуда буданд. Таҳқиқоти мазкур собит намуд, ки садамаҳои косахона ва майнаи сар ба қисмати мураккаби тибби клиникӣ дохил мешаванд.   Аз оризаҳои ин садамаҳо огоҳ намудани одамон бошад, ба фаҳмиши дурусти механизмҳои иллатёбӣ вобастагии зич дорад. Мушкилии кор боз дар он аст, ки омӯзиши механизми пайдоиши ин касалиҳо на танҳо таҳқиқи сабабҳои пайдоиши беморӣ, балки омӯзиши проблемаҳои бунёдии физиология ва патологияи майнаи сарро тақозо менамояд. Ин проблемаҳои ҳангоми таҳқиқот пайдошуда, дар ҷараёни пешбурди корҳои илмии З.П.Хоҷаев ва шогирдонаш то ҳадди имкон ҳалли худро ёфтанд.

 

Баъдтар бисёр масъалаҳои дигари ҳалталаби соҳаи нейрохирургияи тоҷикро шогирдони устод-М.К.Максунова, И.И.Липатсев, Л.Б.Сергеев, П.А.Комилов, И.Ю.Данский мавриди таҳқиқ қарор дода, дар рушду инкишофи ин соҳаи нав саҳми босазои худро гузоштанд. Профессор З.П.Хоҷаев дар тӯли умри бобаракати худ дар баробари корҳои илмию педагогӣ ҳамчун ташкилотчии моҳири соҳаи тандурустӣ дар вазифаҳои гуногуни масъулиятнок пурмаҳсул фаъолият намуда, дар ривоҷу равнақи илми тибби муосири тоҷик саҳми босазое гузоштааст. Баъди бозгашт аз ҷанг ӯякбора сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ таъин шуд, ки то соли 1948 ин вазифаро сарбаландона пеш бурд. Қобилияти баланди ташкилотчигии ӯмахсусан, дар давраи фаъолияташ ба ҳайси ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1957-65) боз бештар зоҳир гашт. Маҳз бо кӯшишҳои бевоситаи ӯдар ин муддат дар ягона муассисаи таҳсилоти олии тиббии ҷумҳури якчанд кафедраю факултаҳои нав арзи вуҷуд намуда, заминаи моддию техникии донишгоҳ боз ҳам мустаҳкам гашт. Устод яке аз ташаббускорон ва созмондеҳони Анҷумани 1-уми умумиитифоқии ҷарроҳони асаб (Москва, 1971), Анумани 11 ҷарроҳони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (Душанбе, 1973), иштирокчии Анҷумани байналмилалии ҷарроҳон (Москва, 1971), аъзои раёсати Шӯрои олӣ, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъватҳои 5-6) буд. Хизматҳои хоксоронаи устоди зиндаёд бо орденҳои Ленин, Ситораи Сурх, , ду ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 9 медал, унвонҳои Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои зиёди давлатӣ қадрдонӣ гаштаанд.

 

Профессор Зикрулло Почоевич Хоҷаев чандон умри дароз надид. Ӯ13 декабри соли 1957 дар сини 57 солагӣ бо ин дунё падруд гуфт. Пеш аз маргаш устод ба бемориаш нигоҳ накарда ба шогирдонаш-кормандони кафедраи ҷарроҳии асаби донишгоҳи тиббӣ васиятномае иншо кард, ки аз панҷ саҳифа иборат буда, дар он зарурат ва роҳҳои рушду инкишофи соҳаи ҷарроҳии асаб ба таври равшан пешбинӣ ва дилсӯзона баён ёфтааст.

Аз ҷумла ӯменависад: «Ба кафедра баъди ман касе, ки роҳбарӣ накунад, як чизро дар хотир гиред: ҳар яки Шумо дар алоҳидагӣ як шохаи пурқуввати коллективро ташкил медиҳед ва аз қобилияти корӣ ва сайъу кӯшишатон бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Дар фаъолияти Шумо руҳияи баҳсу мусобиқа барои дар амал ҷорӣ намудани навовариҳои илми ҷарроҳии муосир ҳамеша бояд мавқеи сазовор дошта бошад».

 

   Бале, Зикрулло Почоевич Хоҷаев ба он қисмати фидоиёни роҳи илму фарҳанг дохил мешавад, ки номашон дар таърихи навини тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гаштаанд. Зеро дар умри кӯтоҳи худ ӯ тавонист, на танҳо як шохаи муҳими илми муосири тибро дар Тоҷикистони барояш азиз роҳандозӣ намояд, балки бо кӯшишу заҳматҳои зиёд шогирдонеро тарбия намуда ба воя расонад, ки имрӯз кори оғознамудаи устодашонро бошарафона пеш мебаранд. Ва беҳуда ҳам нест, ки имрӯз шуъбаи ҷарроҳии асаби Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ ва кафедраи ҷарроҳии асаби ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино номи ин фарзанди фарзонаи миллатро ба худ гирифта, кормандони онҳо аз рӯи васиятҳои устоди зиндаёд шарафмандона ба халқу Ватан хизмат менамоянд.

 

Маҳмадназар Мазиёев, Сармуҳаррири нашрияи “Ворисони Сино”,

узви ИЖТ, Аълочии фарҳанги ҶТ


22.10.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php