ВАКСИНАТСИЯ БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР КӮДАКОН -КАФОЛАТИ САЛОМАТИИ НАСЛИ ОЯНДА
Ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт пешгирии бемориҳои сироятӣ тавассути ваксинатсия аҳамияти махсус дорад. Ваксинатсия яке аз дастовардҳои бузурги илми тиб буда, дар паст намудани сатҳи беморшавӣ, маъюбият ва фавти кӯдакон нақши муҳим мебозад. Ба шарофати истифодаи васеи ваксинаҳо дар саросари ҷаҳон паҳншавии бисёр бемориҳои хавфноки сироятӣ коҳиш ёфта, ҳаёти миллионҳо кӯдак наҷот дода шудааст.
Бемориҳои сироятӣ, махсусан дар давраи навзодӣ ва синни барвақтии кӯдакӣ, метавонанд бо ҷараёни вазнин ва инкишофи оризаҳои гуногун гузаранд. Ин ҳолат ба хусусиятҳои анатомию физиологии организми кӯдак ва номукаммалии системаи масуният вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ташаккули муҳофизати махсуси иммунологӣ тавассути ваксинатсия яке аз роҳҳои боэътимоди пешгирии бемориҳои сироятӣ ба шумор меравад.
Моҳият ва механизми таъсири ваксинатсия
Ваксинатсия раванди ворид намудани ваксина ба организми инсон бо мақсади ташаккули масунияти махсус бар зидди бемории муайяни сироятӣ мебошад. Ваксинаҳо метавонанд дорои микроорганизмҳои заифшуда, ғайрифаъолкардашуда, қисмҳои антигении онҳо ё дигар ҷузъҳое бошанд, ки системаи масуниятро фаъол мегардонанд.
Пас аз ворид намудани ваксина дар организм подтанҳо (антителаҳо) ва ҳуҷайраҳои хотираи иммунологӣ ташаккул меёбанд. Ҳангоми дучор шудани организм бо ангезандаи воқеии беморӣ системаи масуният онро зуд шинохта, аксуламали муҳофизатиро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа хатари гирифторшавӣ ба беморӣ, ҷараёни вазнини он ва пайдоиши оризаҳо коҳиш меёбад.
Барои ташаккули масунияти устувор баъзе ваксинаҳо якчанд маротиба гузаронида мешаванд. Ваксинатсияи такрорӣ (реваксинатсия) барои нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани муҳофизати иммунологӣ аҳамияти калон дорад.
Аҳамияти ваксинатсия дар пешгирии бемориҳои сироятӣ
Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар давоми солҳои 1974–2024 тавассути иммунизатсия дар ҷаҳон ҳаёти на камтар аз 154 миллион нафар наҷот дода шудааст, ки аз ин шумора 146 миллион нафарро кӯдакони то 5-сола ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо самаранокии ваксинатсияро дар пешгирии фавти кӯдакон собит менамоянд.
Ваксинатсия дар пешгирии бемориҳои зерини сироятӣ аҳамияти калон дорад:
- Сил – ваксинаи БСЖ кӯдаконро аз шаклҳои вазнини беморӣ, аз ҷумла менингити силӣ ва сили милиарӣ муҳофизат менамояд.
- Гепатити вирусии В – ваксинатсия хатари инкишофи гепатити музмин, сирроз ва саратони ҷигарро коҳиш медиҳад.
- Фалаҷи атфол (полиомиелит) – ваксинатсия воситаи асосии пешгирии фалаҷи бебозгашт ва маъюбияти кӯдакон мебошад.
- Гулӯзиндонак (дифтерия) – пешгирии осеби вазнини роҳҳои нафас, мушаки дил ва системаи асаб.
- Кабудсулфа – коҳиш додани хатари хурӯҷҳои сулфаи вазнин, қатъшавии нафаскашӣ ва пневмония, махсусан дар кӯдакони ширмак.
- Кузоз – пешгирии осеби системаи асаб, кашишхӯрии мушакҳо ва норасоии нафас.
- Сурхакон – пешгирии беморӣ ва оризаҳои он, аз ҷумла пневмония, энсефалит ва осеби системаи масуният.
- Гулафшон – пешгирии беморӣ ва коҳиш додани хатари пайдоиши нуқсонҳои модарзодӣ дар ҷанин ҳангоми сироятёбии занони ҳомила.
- Сирояти ротавирусӣ – пешгирии дарунравии вазнин, беобшавии организм ва зарурати бистарӣ намудани кӯдакон.
- Сироятҳои пневмококкӣ ва гемофилӣ – коҳиш додани хатари пневмония, менингит, сепсис ва дигар бемориҳои вазнини сироятӣ.
- Вируси папилломаи инсон (HPV) – пешгирии як қатор бемориҳои саратонӣ, махсусан саратони гарданаки бачадон.
Ваксинатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ барномаҳои миллии иммунизатсия амалӣ карда мешаванд. Ваксинатсияи кӯдакон тибқи Тақвими миллии иммунизатсия, бо дарназардошти синну сол ва вазъи саломатии кӯдак гузаронида мешавад.
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҷиҳати баланд бардоштани фарогирии кӯдакон бо ваксинаҳо, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо ваксинаҳои босифат ва такмили ихтисоси кормандони тиб тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Тибқи маълумоти ЮНИСЕФ, дар Тоҷикистон сатҳи фарогирии кӯдакон бо ваксинаҳои асосӣ, аз ҷумла бар зидди сил, фалаҷи атфол, сурхакон, гулӯзиндонак, кабудсулфа ва кузоз, дар давоми зиёда аз даҳ сол аз 90 фоиз баланд боқӣ мондааст. Ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намудани ваксинаҳои нави зидди сироятҳои ротавирусӣ ва пневмококкӣ имкониятҳои пешгирии бемориҳои сироятиро васеъ намудааст.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, сари вақт нагирифтани ваксинаҳо, муҳоҷирати аҳолӣ, маълумоти нокифояи падару модарон ва паҳншавии ақидаҳои нодуруст оид ба иммунизатсия метавонанд сабаби афзоиши беморшавӣ ва сар задани хуруҷи бемориҳои сироятӣ гарданд.
Аҳамияти масунияти дастаҷамъӣ
Ваксинатсия на танҳо воситаи муҳофизати инфиродии кӯдак, балки яке аз роҳҳои ҳифзи саломатии тамоми ҷомеа мебошад. Ҳангоми фарогирии қисми зиёди аҳолӣ бо ваксинаҳо имконияти интиқоли ангезандаҳои бисёр бемориҳои сироятӣ аз як шахс ба шахси дигар маҳдуд мегардад. Ин падида масунияти дастаҷамъӣ номида мешавад.
Масунияти дастаҷамъӣ барои муҳофизати кӯдакони навзод, кӯдакони дорои норасоии масуният ва бемороне, ки бо сабабҳои тиббӣ баъзе ваксинаҳоро гирифта наметавонанд, аҳамияти махсус дорад.
Паст гардидани сатҳи фарогирии аҳолӣ бо ваксинаҳо метавонад боиси дубора паҳн гардидани бемориҳое гардад, ки қаблан таҳти назорат қарор доштанд. Аз ин рӯ, риояи муҳлатҳои ваксинатсия на танҳо масъулияти шахсӣ, балки масъулияти иҷтимоии ҳар як шаҳрванд мебошад.
Бехатарии ваксинаҳо ва зиддинишондодҳо
Ваксинаҳои муосир пеш аз ворид шудан ба амалияи тиббӣ аз марҳилаҳои гуногуни таҳқиқоти озмоишгоҳӣ ва клиникӣ мегузаранд. Сифат, бехатарӣ ва самаранокии онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори тандурустӣ мунтазам назорат карда мешавад.
Пас аз ваксинатсия дар баъзе кӯдакон баландшавии ҳарорати бадан, сурхшавӣ, варам, дард дар ҷойи тазриқ, беқарорӣ ва камшавии муваққатии иштиҳо мушоҳида шуданаш мумкин аст. Ин аломатҳо одатан сабук буда, дар давоми 1–3 шабонарӯз худ аз худ бартараф мегарданд. Аксуламалҳои вазнини аллергӣ пас аз ваксинатсия хеле кам ба қайд гирифта мешаванд.
Пеш аз гузаронидани ваксинатсия корманди тиб бояд вазъи саломатии кӯдак, собиқаи беморӣ, мавҷудияти аксуламалҳои аллергӣ ва зиддинишондодҳои эҳтимолиро арзёбӣ намояд.
Ба зиддинишондодҳои воқеии ваксинатсия аксуламали вазнини аллергӣ ба вояи қаблии ваксина ё яке аз ҷузъҳои он, инчунин норасоии вазнини масуният ҳангоми истифодаи баъзе ваксинаҳои зинда дохил мешаванд. Ҳангоми бемории шадиди миёнавазнин ё вазнин ваксинатсия метавонад муваққатан ба таъхир гузошта шавад.
Бояд қайд намуд, ки камхунии сабук, норасид таваллуд шудан, бемориҳои музмини таҳти назорат ва сироятҳои сабуки роҳҳои нафас дар аксари ҳолатҳо барои гузаронидани ваксинатсия зиддинишондод намебошанд.
Пешгирии паҳншавии маълумоти нодуруст оид ба ваксинатсия
Дар шароити муосир яке аз мушкилоти муҳим паҳншавии маълумоти беасос оид ба ваксинаҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Чунин маълумот метавонад дар байни падару модарон тарсу ҳарос ва нобовариро ба вуҷуд оварда, сабаби даст кашидан аз ваксинатсияи кӯдакон гардад.
Таҳқиқоти сершумори илмӣ тасдиқ намудаанд, ки байни ваксинатсия ва пайдоиши аутизм робитаи сабабӣ вуҷуд надорад. Ваксинаҳо системаи масуниятро заиф накарда, баръакс, барои ташаккули муҳофизати махсус бар зидди ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ мусоидат менамоянд.
Падару модарон бояд маълумотро оид ба ваксинаҳо аз манбаъҳои боэътимоди тиббӣ ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ дастрас намоянд.
Нақши кормандони тиб ва падару модарон дар баланд бардоштани сатҳи иммунизатсия
Табибони кӯдакона, табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ дар баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ нақши калидӣ доранд. Ба вазифаҳои асосии онҳо фаҳмонидани аҳамияти ваксинатсия, муайян намудани зиддинишондодҳои воқеӣ, назорати вазъи саломатии кӯдак, риояи қоидаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли ваксинаҳо, инчунин пешбурди ҳуҷҷатҳои тиббӣ дохил мешаванд.
Муҳим аст, ки кормандони тиб бо падару модарон суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, оид ба манфиатҳо ва аксуламалҳои эҳтимолии ваксинаҳо маълумоти саҳеҳ пешниҳод намоянд.
Падару модарон, дар навбати худ, бояд ба масъалаи иммунизатсияи фарзандони худ муносибати масъулиятшиносона дошта бошанд, муҳлатҳои ваксинатсияро риоя намоянд ва ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат кунанд.
Гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ ва воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба иммунизатсия аҳамияти калон дорад.
Хулоса
Ваксинатсия воситаи самаранок, аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва аз ҷиҳати иқтисодӣ муфиди пешгирии бемориҳои сироятӣ дар кӯдакон мебошад. Иммунизатсияи саривақтӣ имконият медиҳад, ки сатҳи беморшавӣ, оризаҳои вазнин, маъюбият ва фавти кӯдакон коҳиш дода шавад.
Риояи Тақвими миллии иммунизатсия, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, пешгирии паҳншавии маълумоти нодуруст ва ҳамкории зичи кормандони тиб бо падару модарон шартҳои муҳими таъмини солимии насли наврас мебошанд.
Ҳифзи саломатии кӯдакон вазифаи умумии оила, ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳар як кӯдаки сари вақт ваксинагирифта имконияти бештари солим ба воя расидан ва инкишофи муътадилро пайдо менамояд.
Ваксинатсияи саривақтӣ – кафолати саломатии кӯдак, оромии оила ва ояндаи солими миллат!
Насридинова Н.Н., ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1
ба номи Аминов Х. Ҷ.