ВАХДАТИ МИЛЛӢ- ЗАМИНАИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАХДАТИ МИЛЛӢ- ЗАМИНАИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик на танҳо як мафҳуми сиёсӣ ё ҳуқуқӣ, балки рамзи эҳёи миллат ва кафили зиндагии босаодат аст. Таърихи нави Тоҷикистон собит намуд, ки бидуни иттиҳоду ҳамбастагӣ ҳеҷ як ҷомеа наметавонад аз вартаи нобудӣ раҳо ёфта, роҳи рушду тараққиётро пеш гирад. Ваҳдат барои давлат пойдеворест, ки дар болои он бинои истиқлолият ва суботи имрӯзаи кишвар қомат афрохтааст.

Имрӯз, баъд аз беш аз се даҳсола, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои сулҳпарвару амн табдил ёфтааст. Мардум дар фазои осуда умр ба сар мебаранд, фарзандон дар мактабҳо илм меомӯзанд ва деҳу шаҳрҳо рӯ ба ободӣ доранд. Ҳамаи ин, бе шак, маҳсули Ваҳдати миллӣ аст - он неъмати бебаҳо, ки дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони фидоии миллат ва бо роҳбарии Пешвои сулҳпарвари миллат ба даст омад. Сулҳу ваҳдат худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Онро мисли кӯҳи баланд бояд бо дастони худ сохт, бо меҳру муҳаббат

поянда кард ва бо фидокорӣ ҳифз намуд. Тоҷикон, ки баъди ҷанги харобиовар аз нав кишварро бунёд карданд, бештар аз ҳар қавми дигар медонанд, ки сулҳ ва ваҳдат чист ва он чӣ қадар арзиш дорад.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар рӯзи 27 июни соли 1997 ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз дар таърихи муосири тоҷикон сабт шудааст. Ин на танҳо санади сиёсӣ, балки рамзи ҳаёти нав, оғози бунёди ҷомеаи

соҳибистиқлол ва ягона гардид. Он замоне ки оташ хомӯш шуд ва садои силоҳҳо ҷойи худро ба сухани дӯстӣ дод, дар дилҳои мардум чароғи умед равшан гашт.

Ҳар ҳаракати бузург роҳбари бузург мехоҳад. Дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва барқарории давлати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарнавиштсоз буд. Ин шахсияти хирадманд дар лаҳзаҳои пуртаҳлука масъулияти таърихиро бар дӯш гирифт ва бо иродаи қавӣ, сабру таҳаммул ва хирад ба сӯйи ваҳдат раҳбарӣ кард. Ӯ на танҳо сиёсати сулҳро таҳия ва роҳандозӣ намуд, балки шахсан ба ҳар деҳа ва минтақаи ҷангзада рафт, бо мардум рӯ ба рӯ сӯҳбат кард, онҳоро барои авфи якдигар ва оғози зиндагии нав ҳидоят намуд. Бо ҳамин ҷасорат ва самимият ӯ тавонист, ки як миллатро аз вартаи нобудӣ ба сӯи ояндаи осуда раҳнамоӣ кунад.

Дар фарҷом бояд таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ гавҳари ноёбест, ки бо қимати гарон ва ҷони ҳазорон фарзандони содиқи ватан ба даст омадааст. Ҳифзи ин дастовард на танҳо вазифаи давлат, балки қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди

Тоҷикистон, махсусан ҷавонон мебошад. Мо бояд дарк намоем, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат метавонем илм омӯзем, ватанро обод кунем ва ояндаи дурахшони насли наврасро таъмин намоем.

 

Расулова Б.Н.-ассистенти кафедраи гистология


02.04.2026 71

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php