ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

Боиси зикр аст, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ба шарофати Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд. Ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон неъмати бузург ва омили асосии сулҳу субот ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати ваҳдат дар кишвар оромӣ пойдор гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуд ва барои рушди илму маориф, фарҳанг ва иқтисодиёт заминаи мусоид фароҳам омад. Аз фурсати муносиб истифода бурда санаи 28.05.2026 сол дар кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибб МДТ «ДДТТ-и ба номи Абуалӣ ибни Сино» тибқи нақшаи тасдиқшуда оид ба корҳои тарбиявӣ, семинар бахшида ба мавзӯи «Ваҳдати миллӣ — шукуфоии Ватан» бо иштироки донишҷӯёни курси 4, гурӯҳҳои 45, 46 ва 48 баргузор гардид. Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Семинарро муаллимаи калони кафедра Комилов И.Ш., оғоз намуда, кайд карданд ки, таърихи мо тоҷикон шоҳиди воқеаҳои талх ва ширини зиёде мебошад. Яке аз фоҷиабортарин давраҳо, ки қариб боиси нестшавии давлатдории навини мо гардид, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 буд. Дар он солҳои вазнини озмоиш, ки хиради азалии тоҷик ва ғурури миллӣ зери хатар қарор гирифта буд, роҳи ягонаи наҷот – ваҳдату созиш буд. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, Созишномаи умумии барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санаи таърихӣ хотимаи ҷанги бародаркуш ва оғози марҳалаи нави эҳёи Тоҷикистон гардид. Аз он рӯз ба ин сӯ, ваҳдати миллӣ ба сифати муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ, ҳамчун сипари устувор миллати моро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошт.       Ин пирӯзӣ ва наҷоти миллат бевосита ба номи – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст. Маҳз иродаи қавӣ, хиради баланди сиёсӣ ва садоқати бепоёни ӯ ба халқ имкон дод, ки кинаҳои чандинсоларо паси сар гузошта, ояндаи муштаракро интихоб кунад. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии ваҳдат гузошта шуд. Баъдан, тавассути муколамаи сулҳомез ва қатъияти пешвоёна, миллати тоҷик дубора муттаҳид гардид. Имрӯз мо ҳама эътироф мекунем, ки бидуни ин талошҳои фидокорона, сулҳу субот ва дастовардҳои имрӯза ғайриимкон мебуд.

     Бадан асситенти кафедра    Аброров М.М., кайд карданд,ки имрӯз, дар соли 2026, мо вориди марҳалаи нави таърихӣ ҳастем, ки дар он 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 29-умин солгарди барқарории сулҳу ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Тоҷикистон дар фазои орому осуда қарор дошта, мардуми мо дастовардҳои бузургеро дар тамоми арсаҳо ба даст овардааст, ки ҳамагӣ аз меваҳои ваҳдати миллианд. Имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа вазифадоранд, ки сулҳу дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзишҳои миллиро ҳифз намоянд. Ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд барои ободиву пешрафти Ватан саҳм гузорад.Ваҳдати миллӣ рамзи ягонагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардум буда, кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.

 


Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва

омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


01.06.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php