ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЙДЕВОРИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 29-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ)

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЙДЕВОРИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 29-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ)

Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду арзиши муқаддас ва тақдирсозе мебошанд, ки сарнавишти халқи тоҷикро дар даврони нав муайян намуда, роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро ҳамвор сохтанд. Агар Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ, худшиносӣ ва имкони муайян намудани роҳи мустақилонаи рушдро фароҳам оварда бошад, Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори ин истиқлол, суботи сиёсӣ, оромии ҷомеа ва ҳамбастагии тамоми қишрҳои мардумро таъмин намуд. Таҷрибаи давлатдории навини Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истиқлол бидуни сулҳу ваҳдат наметавонад устувор бошад ва ваҳдат бе ҳифзи истиқлол арзиши воқеии худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, ин ду мафҳум ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, ҳамчун ду рукни асосии давлатдории муосири тоҷикон хизмат менамоянд.

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихии рушди худ ворид гардид. Ин рӯйдоди бузурги сиёсӣ ормони ҳазорсолаи халқи тоҷикро ҷомаи амал пӯшонида, барои эҳёи давлатдории миллӣ, рушди забон, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ замина гузошт. Аммо солҳои аввали истиқлол барои миллати тоҷик давраи озмоишҳои вазнин гардид. Бӯҳрони сиёсӣ, нофаҳмиҳои гурӯҳӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ кишвари ҷавонро ба вартаи фоҷиа бурда, хатари аз байн рафтани давлатдорӣ ва пароканда шудани миллатро ба миён овард. Дар чунин шароити мураккаби таърихӣ эҳсоси масъулиятшиносӣ, хирадмандӣ ва иродаи қавии фарзандони фарзонаи миллат тавонист роҳи сулҳ ва созишро пайдо намояд.

Маҳз бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва иродаи неки мардуми Тоҷикистон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки оғози марҳилаи нави таърих – даврони сулҳу субот ва созандагиро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо санаи таърихӣ, балки рамзи пирӯзии ақлу хирад бар низоъ, ғалабаи иродаи миллӣ бар ихтилоф ва таҷассуми ормони мардум барои зиндагии осоишта мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ тавонист ҷомеаи тоҷикро аз парокандагӣ наҷот дода, барои барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, эҳёи иқтисодиёт ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварад.

Ваҳдати миллӣ дар фаҳмиши амиқи худ танҳо маънои набудани ҷанг ва низоъро надорад. Ваҳдат пеш аз ҳама иттиҳоди фикрӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумимиллӣ, ҳамбастагӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ҷомеае, ки дар он ваҳдат, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми байниҳамдигарӣ ҳукмфармо аст, метавонад ба пешрафтҳои назаррас ноил гардад. Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дастовардҳои бузурги Тоҷикистон маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардидаанд.

Дар даврони истиқлол ва махсусан баъди барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил шуд. Сохтори давлатдорӣ таҳким ёфта, низоми идоракунии давлатӣ мукаммал гардид, Конститутсия ҳамчун санади асосии давлатдорӣ нақши муҳим пайдо намуд, обрӯи байналмилалии Тоҷикистон боло рафт ва муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон густариш ёфтанд. Иқтисоди миллӣ тадриҷан рушд карда, инфрасохтори мамлакат навсозӣ гардид, роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ бунёд шуданд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи фазои сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа мебошанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир қарор дорад, ки таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла ифротгароӣ, терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ, муборизаҳои иттилоотӣ ва буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ метавонанд ба амният ва суботи давлатҳо таъсир расонанд. Дар чунин вазъ ҳифзи ваҳдати миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлатдорӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, эҳтироми қонун ва рушди ҷомеа саҳми худро гузорад.

Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ махсусан муҳим мебошад. Зеро ҷавонон идомадиҳандагони роҳи бунёдкоронаи наслҳои гузашта ва ояндасозони давлат мебошанд. Тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои истиқлол заминаи муҳими пойдории давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки сулҳу оромӣ неъмати осон ба дастомада набуда, натиҷаи заҳмат, ҷоннисорӣ ва талошҳои пайвастаи халқи тоҷик мебошад.

Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон ҳамчун самтҳои афзалиятнок қарор доранд. Дар ин раванд саҳми зиёиён, омузгорон, олимон, аҳли фарҳанг, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар басо муҳим аст. Танҳо тавассути муттаҳидӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ метавон рушди устувор ва ояндаи дурахшони давлатро таъмин намуд.

Имрӯз, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳар як фарди ҷомеа бояд ба арзиши ин дастовардҳои бузурги таърихӣ бо чашми масъулият ва эҳтиром назар намояд. Таърих собит кардааст, ки миллатҳои муттаҳид ва дорои иродаи ягона метавонанд ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, роҳи пешрафту шукуфоиро идома диҳанд. Барои миллати тоҷик Ваҳдати миллӣ на танҳо хотираи гузашта, балки кафолати имрӯзу фардои давлат мебошад.

Ваҳдати миллӣ воқеан пойдевори устувори Истиқлоли давлатӣ ва муҳимтарин омили бақои давлатдории тоҷикон дар замони муосир мебошад. Маҳз ба шарофати сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии мардум Тоҷикистон тавонист роҳи душвори бунёди давлати мустақилро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда пайдо кунад. Вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо, тарғиби ғояҳои сулҳпарварӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Ватан мебошад. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳз бар заминаи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бунёд мегардад.

Юсупов Н. А.-мутахассиси Раёсати таълимӣ-методӣ


16.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php