Ваҳдати миллӣ – пояи устувори давлатдорӣ ва омили рушди Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ – пояи устувори давлатдорӣ ва омили рушди Тоҷикистон

Дар таърихи ҳар як халқу миллат санаҳои тақдирсозе мавҷуданд, ки бо гузашти асрҳо аҳаммият ва арзиши худро гум намекунанд. Баръакс, онҳо ҳамчун омили асосии таҳкими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа хизмат менамоянд. Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик низ соҳиби чунин рӯйдоди бузурги таърихӣ мебошад, ки дар радифи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоса дорад. Ин санаи муқаддас Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад.

Агар 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардида бошад, пас 27-уми июни соли 1997 бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ин истиқлолият таҳким ёфт ва ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба кишвар расонида буд, хотима бахшида шуд. Ҳангоми сухан гуфтан аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ, пеш аз ҳама, симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Бо роҳбарии хирадмандонаи ӯ музокироти сулҳ оғоз гардида, раванди барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар ба марҳилаи нав ворид шуд. Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали роҳбарии давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор намуда буданд: “Мо бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахшем. Бояд дар сарзамини абгору дардхӯрдаи мо аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад. Ҳамаи мақсаду мароми ман ҳамин оштии миллӣ ва ба василаи он баргардонидани гурезаҳо, ободу ором сохтани Тоҷикистон аст”. Ин суханон далели равшани онанд, ки тамоми фаъолияти сиёсӣ ва давлатии Пешвои миллат ба барқарор намудани сулҳу субот, таъмини оромии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ равона гардидааст. Дар оғози фаъолияти роҳбарии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, таъкид намуда буданд: “То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам”. Ин суханон нишонаи масъулияти бузурги роҳбари давлат нисбат ба сарнавишти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Марҳилаи бозгашти гурезаҳо яке аз муҳимтарин дастовардҳои сулҳ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, Пешвои миллат гуфта буданд: “Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ҳамчун санади таърихии сарнавиштсоз роҳи нави рушди давлат ва ҷомеаро муайян намуд. Ин санад оғози марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон гардида, барои таҳкими давлатдории миллӣ заминаи устувор гузошт. Ваҳдати миллӣ арзишҳои баланди маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии миллати тоҷикро боз ҳам тақвият бахшид. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияти нек, виҷдони пок ва бо мақсади муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рӯи кор овардем. Рушду инкишоф ва неъматҳои зиндагӣ аз берун барои мо ворид намешаванд, онҳоро мо бояд дар замини аҷдодӣ ва дар замири худ рӯёнем”. Таърихи миллат гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша ваҳдатгаро ва фарҳангпарвар будаанд. Ҳатто дар давраҳое, ки давлати ягона надоштанд, онҳо ваҳдати забонӣ, фарҳангӣ ва маънавии худро ҳифз намудаанд. Дар оғози истиқлолият, мутаассифона, ин ҳамбастагӣ заиф гардид. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва иродаи қавии мардуми Тоҷикистон ваҳдати сиёсӣ ва давлатдории миллӣ аз нав эҳё гардид.

Дар давраи пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ дар саросари кишвар фазои орому созанда, рушди иқтисодӣ, бунёдкорӣ ва пешрафти иҷтимоӣ таъмин гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзандаи худро соҳиб гардидааст. Ҳамасола 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашн рамзи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Хусусан ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифз ва таҳкими сулҳу ваҳдат, пешрафти давлат ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Бешубҳа, Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ин неъмати бузургро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдат ва рушди Тоҷикистони азиз саҳми муносиб гузорад.

Кафедраи ташхиси клиникию озмоишгоҳии Донишгоҳ


25.06.2026 17

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php