ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ барои ҳар як миллат неъмати бебаҳо ва асоси пешрафту шукуфоии давлат ба ҳисоб меравад. Ҳар кишваре, ки дар он сулҳу субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мерасад. Тоҷикистон низ маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯз ба кишвари орому обод табдил ёфтааст.

Пас аз солҳои душвору пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик сарҷамъ гардид ва роҳи созандагиро пеш гирифт. Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фазои оромӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Мардуми кишвар бо дили пур аз меҳри Ватан барои ободии сарзамини худ саҳм мегузоранд ва аз истиқлолу ваҳдати миллӣ ифтихор мекунанд.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон барои ҳамаи мо Ватани муқаддас аст ва ҳар як шаҳрванд бояд барои ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намояд. Ин суханон аҳамияти бузурги дӯстиву ягонагии мардумро нишон медиҳанд, зеро танҳо дар фазои сулҳ давлат метавонад рушд кунад ва зиндагии мардум беҳтар гардад.

Имрӯз ҷаҳон пур аз низоъҳо ва ҷангҳои харобиовар аст. Дар бисёр кишварҳо мардум аз сабаби нооромӣ ранҷ мекашанд, хонаҳои худро аз даст медиҳанд ва қурбони хушунат мегарданд. Ин ҳолат бори дигар арзиши сулҳу ваҳдатро барои мардуми тоҷик равшан месозад. Мо бояд шукргузор бошем, ки дар Ватани азизамон сулҳу оромӣ ҳукмфармост.

Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Мо бояд бо эҳтироми ҳамдигар, дӯстиву ҳамбастагӣ ва меҳнати содиқона барои пешрафти Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем Ватани худро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.

 

Мананова П.И., Раҷабов Р.Р.-омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ


25.05.2026 13

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php