УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Дар шароити рушди босуръати илму маориф, сифати таълим пеш аз ҳама аз усули дурусти омӯзиш вобаста аст. Имрӯз дар кафедраи забонҳои хориҷӣ дарсҳои забони англисӣ бо истифода аз усулҳои муосири педагогӣ ба роҳ монда шудаанд, ки фаъолияти зеҳнӣ ва коммуникативии донишҷӯёнро тақвият медиҳанд.

Омӯзиши интерактивӣ - донишҷӯй. Ин усули омӯзиши интерактивӣ донишҷӯро аз шунавандаи одӣ ба иштирокчии фаъол табдил медиҳад. Дар чунин дарсҳо муҳокима, саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва ҳамкорӣ дар гурӯҳҳо нақши асосӣ мебозанд. Ин раванд ба рушди тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлил ва ибрози озоди андеша мусоидат мекунад.

Омӯзиши лоиҳавӣ-проектӣ (Project-Based Learning). Яке аз самтҳои муҳими таълими муосир омӯзиши лоиҳавӣ мебошад. Донишҷӯён вобаста ба мавзӯъ таҳқиқот мегузаронанд, мавод ҷамъовари намуда ва натиҷаҳоро дар шакли презентатсия пешниҳод менамоянд. Чунин равиш масъулиятшиносӣ, мустақилият ва маҳорати кор дар гурӯҳро ташаккул медиҳад. Муҳимтар аз ҳама, дар ин раванд донишҷӯй забонро ҳамчун воситаи амал истифода барад, на танҳо ҳамчун фан меомӯзад.

Мизи мудаввар - фарҳанги гуфтугӯ. Ташкили “мизи мудаввар” фазои озоди мубоҳиса ва табодули назарро фароҳам меорад. Ҳар донишҷӯй имконият дорад андешаи худро баён кунад, мавқеи худро ҳимоя намояд ва ба фикри дигарон эҳтиром гузорад. Ин усул малакаҳои суханронӣ ва фарҳанги муоширатро рушд медиҳад.

Бозиҳои таълимӣ - омӯзиш бо шавқ. Бозиҳои дидактикӣ, бозии нақшҳо ва вазъиятҳои моделӣ раванди таълимро ҷолиб мегардонанд. Донишҷӯён худро дар муҳити воқеии муошират тасаввур намуда, малакаҳои гуфториро дар амал татбиқ мекунанд. Омӯзиш тавассути бозӣ хотирмон ва самаранок мегардад.

Ташаккули малакаҳои коммуникативӣ. Ҳадафи асосии дарсҳои забони англисӣ - рушди малакаҳои коммуникативӣ мебошад. Донишҷӯй бояд битавонад фикри худро равшан ифода намояд, суҳбатро идома диҳад, савол диҳад ва посух гӯяд. Усулҳои муосир маҳз ба ҳамин равона шудаанд.
Хулоса. Истифодаи усулҳои интерактивӣ, омӯзиши лоиҳавӣ, мизи мудаввар ва бозиҳои таълимӣ нишон медиҳад, ки сифати дарс на танҳо ба таҷҳизоти техникӣ, балки ба маҳорати педагогӣ ва равиши эҷодкоронаи устод вобаста аст. Дарси муосири забони англисӣ - ин фазои ҳамкорӣ, фикрронӣ ва эҷод аст. Маҳз чунин муҳит метавонад донишҷӯёнро ба шахсиятҳои фаъол, боваринок ва рақобатпазир табдил диҳад.

 

Каримова М.Д. - н.и.ф., омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷӣ

 


06.03.2026 74

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php