ҲУНАР БЕҲ АЗ МЕРОСИ ПАДАР

ҲУНАР БЕҲ АЗ МЕРОСИ ПАДАР

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" (ҳоло "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак") барои соли 2025 муносибатҳои тарбияи кӯдакро дар рӯҳияи инсондӯстӣ танзим мекунад. Тағйироти нав номи қонунро тағйир дода, масъулиятро дар таълими фарзанд дар руҳияи ифтихори миллӣ тақвият додаанд.

      Санаи 28.04.2026 сол ҳайати кормандони кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибб дарси тарбияви бахшида ба мавзуи «Ҳунар беҳ аз мероси падар»., бо донишҷӯёни курси 4 гуруҳҳои 53 ва54 факултаи тиббӣ, гузаронида шуд. Дар семинари мазкур ҳайати устодон ва донишҷўён фаъолона иштирок намуданд. Семинарро мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ дар кафедра Зиёдалиева Т.З., ҳусни оғоз бахшида кайд кард, ки дар ҷомеаи инсонӣ аз замонҳои қадим то имрӯз масъалаи арзиши ҳунар ва меҳнат мавқеи муҳим дорад. Мақоли халқии «Ҳунар беҳ аз мероси падар» таҷрибаи ҳаётии мардумро инъикос намуда, аҳамияти омӯзиши касбу ҳунарро таъкид мекунад. Ин гуфта нишон медиҳад, ки сарвати ҳақиқӣ на молу мулк, балки дониш ва маҳорат аст. Ҳунар ин қобилият ва маҳоратест, ки инсон бо омӯзиш ва таҷриба ба даст меорад. Шахсе, ки соҳиби ҳунар аст, метавонад дар ҳар шароит зиндагии худро таъмин намояд. Масалан, табиб, омӯзгор, муҳандис ё усто ҳамаи онҳо бо ҳунари худ ба ҷомеа фоида мерасонанд ва ҳамзамон зиндагии худро пеш мебаранд. Инчунин, ҳунар инсонро мустақил, фаъол ва боэътимод мегардонад. Одаме, ки ҳунар дорад, ба дигарон вобаста намешавад ва метавонад бо меҳнати ҳалол обрӯ ва эҳтиром пайдо кунад. Ҷомеа низ ба чунин шахсон эҳтиёҷ дорад, зеро пешрафти кишвар аз донишу малакаи шаҳрвандон вобаста аст.

     Хамчунин муаллимаи калони кафедра Нуридинова Н.Н., кайд карданд, ки касберо соҳиб шудан басо кори мушкил ва заҳматталаб мебошад. Интихоби касб низ пешаи худодоист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад. Ин ақидаи бузург, бояд ҳар як инсонро дар дилаш бедор намояд. Ин роҳи умед пастиву баландиҳои зиёде дорад, ки ҳар касро тоқати тай кардани он набошад. Шахси хирадманд дар ин ҷода устуворона қадам мезанад ва оқибат ба мақсади худ мерасад. Шуғли инсон ганҷи бепоён аст. Ободӣ ва осудагии рӯзгори мардумон аз касбу кори онҳо вобаста мебошад. Оре, ҳар як инсони рӯи замин ба худ касб ё пешае дорад, ки тавассути он ризқу рӯзи дарёфта, зиндагии хешро пеш мебарад. Касбу ҳунар дар қалби инсон ҳанӯз аз овони хурдӣ ҷо гирифта, рӯз то рӯз устувортару азизтар мегардад. Ҳар як фард бояд пешае дошта бошад, то дар зиндагӣ хору зор нагардад. Дар интихоби касб инсон бояд ҷиддӣ, дурандешона ва таҳаммулпазирона рафтор намояд, зеро барои омӯхтану соҳибкасб гаштан машаққатҳои зиёде пеш меоянд. Нафароне кам нестанд, ки аз моли падар мефахранд ва дар омӯзиши касбу ҳунар танбалӣ мекунанд. Шахсоне, ки нисбати касбу кор ҷиддӣ ё таҳаммулпазир нестанд, наметавонанд дар зиндагӣ ба ягон касбу пешае ноил гаштаву соҳиби ҳурмату эҳтироми хосса гарданд.

             Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

              Дар дидаи мардумон азиз аст.

 

Дар фарчом Юсуфзода П кайд кардан, ки назардошти гуфтаҳои боло, метавон гуфт, ки мақоли «Ҳунар беҳ аз мероси падар» аҳамияти бузург дорад. Он моро ба омӯзиш, меҳнат ва аз худ кардани касбу ҳунар даъват мекунад. Зеро танҳо ҳунар метавонад инсонро дар зиндагӣ муваффақ ва мустақил гардонад.

 

   

Кафедраи нигаҳдории тандурустии

ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


30.04.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php