ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ

ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ

Санаи 18 апрели соли равон Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим”-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори арҷгузорӣ ба пойтахти кишвар – Душанбе роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он тақвияти ҳисси ватандӯстӣ миёни иштирокчиён мебошад.

Дар озмуни мазкур намояндагони гуногуни қишрҳои ҷомеа фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро дар бахшҳои гуногуни эҷодӣ ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ бо омодагии баланд ва руҳияи эҷодӣ дар ин чорабинӣ ширкат варзида, муваффақ гардиданд.

Аз рӯйи номинатсияи «Эҷоди шеъри беҳтарин» донишҷӯёни Донишгоҳ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла, Саидаи Рамазон, донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ, сазовори ҷойи дуюм гардида, бо эҷодиёти пурмазмуну ватандӯстонаи худ таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамонро ҷалб намуд. Ҳамзамон, Ёқубов Фаридун, донишҷӯи курси сеюми факултети стоматологӣ, ҷойи сеюмро ишғол намуда, маҳорати баланди суханварӣ ва истеъдоди эҷодии худро нишон дод.

Муваффақияти донишҷӯёни Донишгоҳ дар чунин озмунҳои сатҳи баланд бозгӯи сатҳи баланди таълиму тарбия, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон дар муҳити Донишгоҳ арзёбӣ мегардад. Раёсати Донишгоҳ чунин дастовардҳоро муҳим арзёбӣ намуда, барои минбаъд низ фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди истеъдодҳои ҷавон талош меварзад.

Иштирок ва пирӯзии донишҷӯён дар озмунҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими таҳкими ҷаҳонбинии маънавӣ, худшиносии миллӣ ва боло бурдани нуфузи Донишгоҳ дар сатҳи шаҳр ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Раёсат ва Иттифоқи касабаи донишҷӯён ғолибони Озмунро ба ин дастоварди назаррас табрику муборакбод менамоянд!

Муовинати тарбия


20.04.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php