ТОЗАГӢ АСОСӢ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА: ШАНБЕГӢ ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Субҳи имрӯз 11.07.2026 дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ шанбегӣ дастаҷамъона баргузор гардид.
Баргузории шанбегӣ ва иқдомҳои созандагӣ ба ҳукми анъана даромада, имрӯзҳо дар тамоми сохторҳо шанбегӣ гузаронида мешавад. Саҳм гузоштан дар ободонии Ватан, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як шарванди солимфикри ҷомеа мебошад.
Санаи 11-уми июли баҳри, дар амал иҷро намудани дастури директори муассиса профессор Табариён Баҳром Сафар корҳои ободонӣ анҷом дода шуд. Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Саломатӣ ин тани солим ва маҷмӯи сифатҳои ҷисмонӣ ва маънавии одам аст,ки барои татбиқи нақшаҳои эҷодӣ ва меҳнати сермаҳсули ӯ ба манфиати ҷамъият шарт ва зарур аст.
Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд. Тавассути ақли бузургаш инсон муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад. Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи шаҳр ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии мост.
Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ