ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ: КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ
Дар доираи ташаббуси фарҳангии «Тоҷикона мепӯшем» аз ҷониби занону бонувони кафедраи фармакология чорабинии тарғиботӣ ва фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин иқдом тарғиби либоси миллӣ, эҳёи суннатҳои неки ниёгон, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ифтихори миллӣ дар миёни кормандону донишҷӯён мебошад. Бонувони кафедра бо ба бар намудани либосҳои миллӣ, аз ҷумла атлас, адрас, чакан ва зардӯзӣ, намунаи олии арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни тоҷиконро нишон доданд.
Қайд гардид, ки либоси миллӣ яке аз муҳимтарин рамзҳои фарҳанги миллӣ, ҳувияти мардум ва ифтихори давлатдорист. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ва нишонаи ифтихору ҳувияти тоҷикон мебошад.
Зимни чорабинӣ инчунин аз ҷониби кормандони кафедра ҷашни Наврӯзи Аҷам низ бо рӯҳияи баланди миллӣ таҷлил карда шуд. Иштирокчиён аз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии Наврӯз ёдовар шуда, онро ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи дӯстиву муҳаббат, покизагӣ ва оғози зиндагии нав арзёбӣ намуданд.
Ин гуна иқдомҳои фарҳангӣ дар тарбияи маънавии ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги либоспӯшии тоҷикона нақши муҳим дошта, барои густариши худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Кафедраи фармакология