Тоҷикон дар оинаи таърих

Тоҷикон дар оинаи таърих
Дар толори лексионии кафедраи дерматовенерология семинар баргузор гардид, ки дар он ҳайати устодону профессорони кафедраи дерматовенерологиявадонишҷӯёнигурӯҳои 17-21-умикурси 4-уми факултети тиббӣ иштирок намуданд. Дар он донишҷӯи гурӯҳи 20курси 4-уми факултети тиббӣ Достов Раҳмоналӣ дар мавзӯи “Тоҷикон дар оинаи таърих" баромад намуд.
Ӯ дар баромадаш қайд намуд, ки аҷдоди тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагӣ карда, халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ—аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асри миёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст. Дар замонҳои қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX—XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесторо офариданд. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX—VIII тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ—Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.
А.М. Аҳмадалиевна н.и.т., ассистенти кафедраи дерматовенерология


14.05.2021 116