ТИРГОН -ҶАШНИ ОБ, БОРОН ВА ШОДМОНИИ МАРДУМ

ТИРГОН -ҶАШНИ ОБ, БОРОН ВА ШОДМОНИИ МАРДУМ

Дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни мардуми тоҷик ҷашнҳои миллӣ ва мардумӣ мақоми хосса дошта, онҳо ҳамчун омили муҳимми ҳифзи ҳувият, худшиносӣ ва пайванди наслҳо хизмат намудаанд. Дар баробари Наврӯз, Меҳргон ва Сада, ҷашни Тиргон низ аз ҷумлаи қадимтарин ойинҳои мардумони ориёинажод ба ҳисоб рафта, бо об, борон, фаровонӣ ва шодмонии мардум иртиботи мустақим дорад. Ин ҷашн аз амиқи таърих сарчашма гирифта, бозгӯи ҷаҳонбинӣ, муносибати эҳтиромомези инсон ба табиат ва орзуву ормонҳои мардум барои зиндагии осоишта ва пурбаракат мебошад.

Тиргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ҳавзаи фарҳанги эронӣ буда, ҳар сол дар миёнаҳои фасли тобистон таҷлил мегардид. Номи ҷашн аз калимаи «Тир» гирифта шудааст. Дар тақвими бостонӣ рӯзи сездаҳуми моҳи Тир бо номи «Тир» номгузорӣ шуда буд ва мутобиқ омадани номи рӯз ва моҳ барои баргузории ҷашн асос мегардид. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандони гузашта, аз ҷумла дар асарҳои Абурайҳони Берунӣ, дар бораи ҷашни Тиргон маълумоти арзишманд ба назар мерасад. Ӯ таъкид мекунад, ки ин ҷашн ба фариштаи борон Тиштар, ки дар ҷаҳонбинии мардум рамзи об, борон ва сарсабзӣ маҳсуб мешуд, бахшида шудааст.

Дар фарҳанги ориёӣ об ҳамчун манбаи ҳаёт ва неъмати муқаддас эҳтироми бузург дошт. Мардум бовар доштанд, ки фариштаи Тиштар барои ба замин овардани борон бо қувваҳои хушксолӣ ва қаҳтӣ мубориза мебарад. Пирӯзии ӯ рамзи омадани борон, серобӣ ва ҳосили фаровон ба шумор мерафт. Аз ҳамин сабаб, Тиргон ҳамчун ҷашни об ва борон ҷойгоҳи махсус касб намуда, мардум дар ин рӯз барои фаровонии об, ҳосили хуб ва зиндагии пурбаракат дуо мекарданд.

Ҷанбаи дигари муҳими таърихии ҷашни Тиргон ба ривояти машҳури қаҳрамони миллӣ Ораши камонгир вобаста аст. Мувофиқи ривоят, пас аз ҷангҳои тӯлонӣ миёни Эрону Тӯрон барои муайян кардани сарҳади байни ду давлат қарор қабул гардид, ки паҳлавоне тире ба самти шарқ партоб кунад ва ҳар ҷо тир фуруд ояд, ҳамон ҷо сарҳад муайян шавад. Ораши камонгир, ки рамзи ватандӯстӣ ва ҷоннисорӣ маҳсуб мешавад, тамоми нерӯи худро ба тир андохта, онро ба масофаи хеле дур фиристод ва баъд аз ин кор ҷони худро аз даст дод. Ба ёди ин фидокорӣ мардум ҷашни Тиргонро бо эҳтироми махсус таҷлил мекарданд. Ин ривоят нишон медиҳад, ки Тиргон танҳо ҷашни табиат набуда, балки рамзи ваҳдат, ҳимояи Ватан ва фидокорӣ дар роҳи манфиатҳои миллӣ низ мебошад.

Дар гузашта мардуми тоҷик ҷашни Тиргонро бо расму ойинҳои гуногун баргузор мекарданд. Пошидани об ба якдигар яке аз суннатҳои маъруфи ин ҷашн буд. Мардум бо ин амал фаровонии об, покӣ ва баракатро таҷассум менамуданд. Ҳамчунин ҷавонон ба соҳили рӯдҳо ва чашмаҳо рафта, шодиву сурудхонӣ мекарданд. Дар баъзе минтақаҳо мардум ресмони ҳафтрангро ба даст мебастанд ва баъди чанд рӯз онро ба об месупориданд, ки ин амал рамзи дур шудани ғаму андуҳ ва омадани бахту саодат ҳисоб мешуд.

Тиргон аз нигоҳи иҷтимоӣ низ аҳамияти калон дошт. Ҷашн мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят мекард. Дар рӯзҳои таҷлили он одамон аз кинаву адоват дурӣ ҷуста, ба якдигар орзуҳои нек мекарданд. Ин анъанаҳо нишон медиҳанд, ки гузаштагони мо табиат ва неъматҳои онро на танҳо барои истифода, балки ҳамчун амонати муқаддас эҳтиром мекарданд.

Дар шароити муосир низ ҷашни Тиргон аҳамияти худро гум накардааст. Баръакс, бо эҳёи арзишҳои миллӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба мероси фарҳангӣ ин ҷашни бостонӣ дубора ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вориси тамаддуни куҳани ориёӣ ба эҳё ва ҳифзи ҷашнҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон истифода мебарад. Таҷлили Тиргон мардумро ба қадршиносии об, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ даъват менамояд.

Ин масъала махсусан имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти тағйирёбии иқлим, камбуди об ва хушксолӣ рӯ ба рӯ шудааст, аҳамияти бештар касб мекунад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамеша ба ҳалли мушкилоти вобаста ба захираҳои об таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, фалсафаи ҷашни Тиргон, ки эҳтиром ба об ва табиатро тарғиб мекунад, бо сиёсати муосири давлат дар самти ҳифзи захираҳои обӣ ва рушди устувор ҳамоҳанг мебошад.

Тиргон на танҳо ёдгори таърихии гузашта, балки ҷашни умед, зиндагӣ ва шодмонии мардум аст. Он моро ба эҳтироми арзишҳои миллӣ, пос доштани неъмати бебаҳои об ва ҳифзи муҳити зист ҳидоят менамояд. Маънӣ ва муҳтавои амиқи ин ҷашни бостонӣ имрӯз низ барои ҷомеаи тоҷик аҳамияти бузурги маънавӣ ва тарбиявӣ дошта, метавонад дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон нақши муассир гузорад.

Аз ин рӯ, эҳё ва гиромидошти ҷашни Тиргон на танҳо арҷгузорӣ ба мероси пурғановати фарҳангии гузаштагон, балки арҷгузорӣ ба об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, ба табиат ҳамчун асоси ҳастии инсон ва ба арзишҳои волои инсонӣ мебошад. Тиргон ҷашни зиндагӣ, фаровонӣ ва ҳамдилии мардум буда, то имрӯз паёми дӯстӣ, сулҳ ва меҳру муҳаббатро аз умқи таърих ба наслҳои имрӯзу фардо мерасонад.

Мамадносирова Ш. Қ.-номзади илмҳои таърих, омузгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


30.06.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php