ТАЪЗИЯ

ТАЪЗИЯ

Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ бо андӯҳи гарон хабар ёфтанд, ки Ибодзода Ҳабибулло, доктори илмҳои тиб, профессор, муассиси Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», шахсияти маъруфи соҳаи маориф ва тандурустии кишвар, аз олам даргузаштанд.

Марҳум Ибодзода Ҳабибулло дар тӯли фаъолияти пурсамари хеш дар рушди илми тиб, таҳсилоти олии тиббӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда гузошта, ҳамчун олими варзида, омӯзгори соҳибтаҷриба ва ташаббускори соҳаи маорифи тиббӣ дар ҷомеа мақоми шоиста доштанд.

Хизмати арзандаи эшон дар рушди соҳаи тандурустӣ ва таҳсилоти тиббии кишвар, тарбияи мутахассисони ҷавон ва пешрафти илми тиб ҳамеша дар хотираи ҳамкасбон, шогирдон ва аҳли ҷомеа боқӣ хоҳад монд.

Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ ба аҳли хонавода, пайвандон, наздикон, ҳамкорон ва шогирдони марҳум Ибодзода Ҳабибулло дар ин рӯзи барои онҳо вазнин изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва таҳаммул хоҳонанд.

Рӯҳашон шод ва ёдашон гиромӣ бод!


25.09.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php