ТАЪЗИЯ
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ бо андӯҳи гарон хабар медиҳанд, ки яке аз омузгорони варзида, табиби ҳозиқ ва инсони соҳибэҳтиром, собиқ муовини декани факултети ппедиатрӣ, муаллими калони кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона Фузайлова Мавлуда Саидисломова баъди бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид.
Марҳум дар давоми фаъолияти пурбаракати хеш дар тарбияи мутахассисони соҳаи тиб саҳми арзанда гузошта, бо хислатҳои неку ҳамида ва муносибати самимӣ миёни ҳамкорону шогирдон ҷойгоҳи хоса доштанд.
Раёсат ва ҳайати кормандони Донишгоҳ ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардии амиқ баён намуда, аз даргоҳи Ҳақ барои эшон сабри ҷамил ва барои марҳум ҷаннати фирдавсро орзу менамоянд.