ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА
Дар ҷаҳони муосир масъалаи таъмини сулҳу субот ва таҳкими амният ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Тағйироти геополитикӣ, афзоиши низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, буҳронҳои экологӣ ва иқтисодӣ, инсониятро водор месозанд, ки роҳҳои нави ҳамгироӣ ва ҳамкории байналмилалиро барои ҳифзи сулҳ ҷустуҷӯ намояд. Дар чунин шароити мураккаби байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар бо пешниҳоди муҳим ва таърихии худ қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» мавқеи пешоҳанги худро дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ нишон дод.
Қабули ин қатънома аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо нишонаи эътирофи сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон, балки инъикосгари нақши афзояндаи кишвар дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мебошад. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими фазои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда байни давлатҳо равона шудааст.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи душвору пурпечутобро тай намуд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта барои миллати тоҷик сабақи бузурги таърихӣ гардид ва арзиши сулҳу ваҳдатро барои ҳар як сокини кишвар равшан сохт. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии мардум сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид ва Тоҷикистон ба роҳи рушду созандагӣ қадам гузошт.
Таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон имрӯз на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон аҳамияти амалӣ дорад. Кишваре, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст, имрӯз худ ба ташаббускори масъалаҳои сулҳу амният дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин воқеият нишон медиҳад, ки Тоҷикистон сулҳро танҳо ҳамчун арзиши миллӣ не, балки ҳамчун арзиши умумибашарӣ ва омили асосии рушди устувори инсоният меҳисобад.
Ташаббуси нави Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар замоне пешниҳод гардид, ки ҷаҳон бо буҳронҳои ҷиддии сиёсӣ ва низомӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чанд минтақаи сайёра низоъҳои мусаллаҳона идома доранд, сатҳи эътимоди байни давлатҳо коҳиш ёфта, рақобатҳои геополитикӣ шиддат гирифтаанд. Дар чунин вазъ зарурати ташаккули фарҳанги сулҳ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад.
Моҳияти асосии ташаббуси Тоҷикистон аз он иборат аст, ки сулҳ бояд ба фарҳанг, тарзи тафаккур ва меъёри муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёбад. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки маҷмӯи шароитест, ки дар он инсон метавонад озодона зиндагӣ намояд, таҳсил кунад, меҳнат намояд ва барои ояндаи худ нақша кашад. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда маънои фароҳам сохтани заминаи устувори рушд барои инсониятро дорад.
Қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бозгӯи эътибори байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои ҷаҳониро пешниҳод намудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтаанд. Ташаббусҳо дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дигар пешниҳодҳои Тоҷикистон нишон доданд, ки кишвари мо метавонад масъалаҳои мубрами ҷаҳониро ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид намояд ва барои ҳалли онҳо саҳми арзанда гузорад.
Ташаббуси нави сулҳ низ идомаи ҳамин сиёсати созанда мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори муколамаи тамаддунҳо, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳамкории байни халқҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми муҳим медиҳад: ояндаи инсоният танҳо дар шароити сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин мешавад.
Дар ин замина нақши ҷавонон аҳамияти махсус дорад. Насли ҷавон меросбари сулҳу суботи имрӯз ва бунёдгари фардои давлатҳо мебошад. Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои муҳими Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.
Имрӯз технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари имкониятҳои васеъ, хатарҳои муайянеро низ ба миён овардаанд. Паҳн гардидани ғояҳои ифротӣ, таблиғи хушунат ва густариши ҷангҳои иттилоотӣ ба тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳое ниёз дорад, ки ба таҳкими фарҳанги сулҳ ва тарғиби арзишҳои инсондӯстӣ мусоидат намоянд. Ташаббуси Тоҷикистон маҳз ба ҳамин ҳадаф нигаронида шудааст.
Барои Тоҷикистон сулҳ танҳо шиори сиёсӣ нест. Сулҳ пояи асосии давлатдории миллӣ, шарти муҳимтарини рушди иқтисодӣ ва кафили зиндагии шоистаи мардум мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати сулҳу субот кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуд, инфрасохтори иҷтимоӣ рушд ёфт ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон боло рафт.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи фаъол дорад. Пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда далели он аст, ки Тоҷикистон худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъул медонад ва барои таъмини амният ва суботи байналмилалӣ саҳм мегузорад.
Қабули ин қатънома инчунин масъулияти давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи таҳкими сулҳ бештар мекунад. Татбиқи ҳадафҳои Даҳсола метавонад ба рушди барномаҳои байналмилалӣ дар самти таълиму тарбияи ҷавонон, таҳкими фарҳанги таҳаммулгароӣ, рушди дипломатияи мардумӣ ва пешгирии низоъҳо мусоидат намояд.
Дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ на ҳар давлат метавонад ташаббусеро пешниҳод намояд, ки ба манфиати тамоми инсоният равона шуда бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо исбот намудааст, ки метавонад бо андешаи созанда ва сиёсати сулҳҷӯёна дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзанда гузорад. Ин дастоварди сиёсӣ нишонаи болоравии нуфузи байналмилалии кишвар ва эътирофи нақши созандаи он дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда паёми умед, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Имрӯз, ки инсоният ба ҳамбастагӣ ва муколамаи бештар ниёз дорад, ин ташаббус метавонад заминаи нави ҳамкориҳои байналмилалиро барои бунёди ҷаҳони амну осо ва рушди устувор фароҳам созад.
Сулҳ бузургтарин неъмати зиндагӣ ва муҳимтарин шарти пешрафти ҷомеа мебошад. Таъмини сулҳ барои наслҳои оянда вазифаи танҳо як давлат ё як миллат нест, балки масъулияти умумии тамоми инсоният мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда бори дигар собит намуд, ки сиёсати сулҳпарваронаи он ба арзишҳои умумибашарӣ такя намуда, ба манфиати тамоми башарият хизмат мекунад. Ин ташаббус метавонад дар роҳи бунёди ҷаҳони орому осуда ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу фардо саҳми назаррас гузорад.
Чоршанбезода М.-номзади илмҳои сиёсӣ, омузгори кафедраи тибби ҳарбӣ