ТАМОШОИ ФИЛМИ МУСТАНАД «ҲАФТ РУКН, ПАНҶ АСОС: РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» - ДАРСИ ВАТАНДӮСТӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

ТАМОШОИ ФИЛМИ МУСТАНАД «ҲАФТ РУКН, ПАНҶ АСОС: РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» - ДАРСИ ВАТАНДӮСТӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Шоми 4 ноябри соли 2026 номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедраи физиологияи патологӣ Шукуров Фирдавс Абдушукурович ҳамроҳ бо донишҷӯёни гурӯҳи куратории худ аз курси 3-юми факултети стоматологӣ дар кинотеатри «Ватан» филми мустанади «ҲАФТ РУКН, ПАНҶ АСОС: РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ»-ро тамошо намуданд.

Ин филм аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, роҳи тайнамудаи кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ бозгӯ менамояд. Наворҳои нодири бойгонӣ, мусоҳибаҳо, далелҳои таърихӣ ва тасвирҳои Тоҷикистони муосир марҳилаҳои асосии ташаккули давлатдории миллӣ, дастовардҳои кишвар ва дигаргуниҳои созандаро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа инъикос мекунанд.

Дар меҳвари филм нақши таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори мамлакат қарор дорад. Бо баёни рӯйдодҳои муҳими таърихӣ нишон дода мешавад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат аз марҳилаҳои душвори давлатсозӣ гузашта, ба пешрафтҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардидааст.

Ҳамчунин, дар филм самараи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ, бунёди иншооти муҳими инфрасохторӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, пешрафти соҳаи энергетика, саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди илму маориф равшан таҷассум ёфтааст.

Тамошои дастаҷамъонаи филм барои донишҷӯён имкони бештар шинос шудан бо таърихи навини Тоҷикистон ва дарки арзиши дастовардҳои истиқлолиятро фароҳам овард. Чунин чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ифтихор аз Ватан ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат мусоидат менамоянд.

Иштирок дар ин чорабинӣ ҳамзамон ба донишҷӯён ёдрас намуд, ки ҳифзи сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободию пешрафти Ватан масъулияти ҳар як шаҳрванд, бахусус насли ҷавон мебошад.

 

Кафедраи физиологияи патологӣ


06.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php