ТАЪЛИМ ДАР НАЗДИ БИСТАРИ БЕМОР ҲАМЧУН ТЕХНОЛОГИЯИ МУҲИМИ ОМОДАСОЗИИ КАСБИИ ТАБИБОНИ ОЯНДА
Таҳсилоти тиббӣ дар ҳама давру замон ба як ҳадафи асосӣ – омода намудани табиби донишманд, соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва инсонпарвар равона аст. Табиб на танҳо шахсе мебошад, ки дорои маҷмӯи муайяни донишҳои тиббӣ аст, балки мутахассисест, ки бояд бо бемор муносибати дуруст барқарор намояд, ҳолати ҷисмонӣ ва равонии ӯро дарк кунад, ба дарду ранҷи инсон бо эҳтиром муносибат намояд ва дар асоси дониш, таҷриба ва арзишҳои ахлоқӣ қарори касбӣ қабул кунад. Аз ин рӯ, таҳсилоти тиббӣ ҳамеша аз доираи азхудкунии назария берун рафта, масъалаи ташаккули фарҳанги муошират, масъулияти касбӣ ва муносибати инсонпарваронаро низ дар бар мегирад.
Фарҳанги муносибат бо бемор дар таърихи халқи тоҷик дорои анъанаҳои қадима мебошад. Мардуми тоҷик аз даврони хеле пеш ба саломатии инсон, нигоҳубини бемор, эҳтироми пиронсолон ва аёдати беморон аҳамияти махсус медоданд.
Фариддудини Аттор фармудаанд:
Бар сари болини беморон гузар,
З-он ки ҳаст ин суннати Хайрулбашар[19,с.42].
Оид ба аёдати бемор дар асари «Одоб-ул-асҳоб»-и устоди сухан Фахриддин Алии Сафӣ чунин омадааст: «Дидори мариз бояд аз рӯйи дилҷӯйӣ ва улфат бошад. Суннат он аст, ки ба дидорбинии мариз рӯзе ояд ва ду рӯз пайи ҳам наояд, то шубҳае дар дили бемор пайдо нагардад. Бо ҷомаи нав ба сари болини бемор наравад ва ҷомаи чиркин ҳам дар бар надошта бошад. Чун назди бемор омад, хандон ва кушодарӯй бошад, наздики сараш биншинад. Ба ясо ва ямин (гирду атроф) назар накунад, тез-тез ба рӯйи бемор нанигарад. Дар ҳузури бемор сухани бисёр нагӯяд. Он чи ки мегӯяд, бояд дар он хайри бемор бошад. Аз мариз худро дур нагирад, даст бар пешонааш ниҳад, пас кайфияти аҳвол аз вай савол кунад. Дуои сиҳатӣ ва офиятии беморро кунад, аз мариз низ талаби дуо кунад. Замони аёдат бояд баробар ба фурсати дӯшидани шири як гов бошад»[20,с.21].
Дар ҳуввияти миллии мо айёдати бемор на танҳо як амали иҷтимоӣ, балки ифодаи меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, дастгирии маънавӣ ва масъулияти инсонӣ ба ҳисоб меравад. Дар фарҳанги миллӣ ҳузур дар назди бемор бояд бо сухани нек, муносибати ором, эҳтиром ва кӯшиши баланд бардоштани рӯҳияи ӯ ҳамроҳ бошад. Ин анъанаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар тӯли асрҳо як қисми муҳими фарҳанги муносибати инсон ба беморро ташкил додаанд.
Ҳафт одоби аёдати бемор чунин аст:
- аввал, он ки баъд аз намози дигар (аср) беморро напурсад, ки ба ҳасби (мувофиқи) хосият неку нест;
- дуюм, он ки чун дарояд, на хандад, на гиряд, ки ҳеҷ кадом лоиқ набошад;
- сеюм, аз чапи бемор дарояд ва бар рости ӯ биншинад;
- чаҳорум, бар сари болини бемор бисёр сухан нагӯяд;
- панҷум, даст ба узве аз узвҳои ӯ, чун сару даст ва пешонию сина расонад ва аз кароҳат (парҳез) надорад;
- шашум, бо бемор ба лутфу мулоимат сухан гӯяд;
- ҳафтум, зуд равад [9,с.45].
Таърихи тамаддуни тоҷикон бо рушди илми тиб низ робитаи ногусастанӣ дорад. Номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз бузургтарин намояндагони илми тибби асримиёнагӣ бо ташаккули муносибати илмӣ ба беморӣ, мушоҳидаи бемор ва аҳамияти таҷрибаи клиникӣ пайванди ногузир дорад. Дар осори тиббии Ибни Сино ба мушоҳидаи ҳолати бемор, муайян намудани нишонаҳои беморӣ, муносибати дуруст бо бемор ва зарурати ба назар гирифтани ҳолати умумии инсон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Намояндагони дини мубини ислом низ оид ба масъалаи айёдати бемор гуфтаҳои зиёде доранд, ки ҷабҳаҳои тарбиявии онҳо хеле баланданд, масалан: Имоми Аъзам ба фарзанди худ гуфтаанд: «Вақте бо касе, хосатан, маризе сухан мегӯйӣ, садоятро ҳаргиз баланд накун, ором бош, маъмулан кам дасту по зан, то мақоми устувори ту собит гардад».
Гарчанде ин гуфтаҳои болоиро бо мафҳуми имрӯзаи «технологияи таълим дар назди бистари бемор» айнан баробар кардан дуруст нест, онҳо барои дарки таърихии аҳамияти мушоҳидаи мустақими бемор ва таҷрибаи клиникӣ заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Дар анъанаи таърихии омодасозии табиб низ муносибати устод ва шогирд мавқеи муҳим дошт. Шогирд донишро на танҳо аз китоб ва шарҳи назариявии устод, балки аз мушоҳидаи фаъолияти ӯ, иштирок дар раванди муоина ва таҳлили ҳолати беморон меомӯхт. Устод ҳамчун шахси дорои таҷрибаи касбӣ барои шогирд намунаи муносибат бо бемор, тарзи ҷамъоварии маълумот, мушоҳидаи аломатҳои беморӣ, муоширати эҳтиромона ва риояи меъёрҳои ахлоқии касбӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ, таҷрибаи клиникӣ дар муносибати устоду шогирд на танҳо воситаи интиқоли дониш, балки воситаи ташаккули фарҳанги касбии табиби оянда низ ҳаст.
Технологияи таълим дар назди бистари бемор шакли махсуси таълими клиникӣ мебошад, ки дар он донишҷӯ дар муҳити воқеии тиббӣ таҳти роҳбарии омӯзгор ё табиби ботаҷриба бо бемор мустақиман ҳамкорӣ мекунад. Ин усул имкон медиҳад, ки донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалии табибӣ пайваст гардида, раванди ташаккули салоҳияти касбӣ дар шароити воқеии фаъолияти тиббӣ амалӣ шавад[4,с.52].
Аз нуқтаи назари педагогӣ, технологияи таълим дар назди бистари бемор ба принсипи асосии «омӯзиш тавассути амал» такя мекунад.
Омӯзиш тавассути амал ҳамчун шакли ташкили раванди таълим бар иштироки бевоситаи фаъолонаи донишҷӯ дар иҷрои фаъолияти таълимӣ-амалӣ, татбиқи дониш дар ҳолатҳои мушкилӣ, таҳлил ва арзёбии натиҷаи фаъолияти худ асос ёфта, ба ташаккули дониш, малака, таҷрибаи амалӣ ва салоҳиятҳои зарурӣ мусоидат менамояд[6,с.62].
Омӯзиш тавассути амал дар таҳсилоти тиббӣ ҳамчун технологияи таълимӣ фаҳмида мешавад, ки дар он донишҷӯ тавассути иҷрои вазифаҳои таълимӣ ва касбӣ, ҳалли ҳолатҳои клиникӣ, гузаронидани таҷрибаҳо, кор дар муҳити симулятсионӣ ва татбиқи донишҳои назариявӣ дар вазъиятҳои амалӣ дониш, малака, таҷрибаи касбӣ ва салоҳиятҳои заруриро ташаккул медиҳад.
Донишҷӯ на танҳо маълумоти тайёрро қабул мекунад, балки дар раванди мушоҳида, таҳлил, муҳокима ва қабули қарорҳои клиникӣ фаъолона иштирок менамояд. Ин раванд ба рушди фаъолияти маърифатӣ, мустақилияти фикрӣ ва қобилияти истифодаи донишҳо дар амал мусоидат мекунад.
Дар назди бемор будани устод ва шогирд дорои хусусияти махсуси педагогӣ мебошад. Шогирд дар ин ҳолат на танҳо маълумоти тиббӣ мегирад, балки мебинад, ки табиби соҳибтаҷриба чӣ гуна ба бемор муроҷиат мекунад, чӣ гуна савол медиҳад, чӣ гуна маълумоти заруриро ба даст меорад, чӣ гуна ҳолати беморро мушоҳида ва арзёбӣ менамояд ва дар кадом маврид бояд эҳтиёткорӣ ва ҳассосияти бештар нишон диҳад. Аз ин ҷиҳат, муҳити клиникӣ метавонад ҳамчун муҳити воқеии ташаккули дониш, малака, муносибат ва арзишҳои касбӣ хизмат кунад.
Ҷанбаи тарбиявии ин технология инчунин дар он ифода меёбад, ки донишҷӯ дар муҳити клиникӣ тадриҷан муносибати масъулиятнокро ба касби интихобкардаи худ ташаккул медиҳад. Вай дарк мекунад, ки фаъолияти табиб бо ҳаёт ва саломатии инсон алоқаманд буда, аз ӯ дониш, малака, эҳтиёткорӣ, масъулият, устувории ахлоқӣ ва омодагии доимӣ ба омӯзишро талаб менамояд. Ҳар як муоина, ҳар як гуфтугӯ бо бемор ва ҳар як қарори клиникӣ метавонад барои ташаккули мавқеи касбии донишҷӯ аҳамияти тарбиявӣ дошта бошад[14,с.57].
Аз ин лиҳоз, ҷанбаҳои тарбиявии технологияи таълим дар назди бистари беморро метавон ҳамчун низоми таъсирҳои мақсадноки педагогӣ фаҳмид, ки дар раванди фаъолияти клиникӣ ба ташаккули арзишҳо, муносибатҳо, одатҳои касбӣ ва сифатҳои шахсии табиби оянда равона шудаанд. Ин таъсирҳо танҳо тавассути сухан ва тавсияҳои омӯзгор амалӣ намешаванд, балки тавассути фаъолияти воқеии донишҷӯ, намунаи рафтори омӯзгор, муносибати бемор ва муҳити клиникӣ ташаккул меёбанд.
Бояд таъкид кард, ки технологияи таълим дар назди бистари бемор ба маънои муосири педагогӣ танҳо ҳузури устод ва донишҷӯ дар назди бемор нест. Гарчанде ки марҳилаи бевоситаи чунин таълим метавонад нисбатан кӯтоҳ буда, танҳо чанд дақиқа ё як қисми маҳдуди вақти машғулиятро дар бар гирад, самаранокии он аз омодагии пешакӣ, банақшагирии мақсаднок, интихоби вазъияти клиникии мувофиқ, муайян намудани вазифаҳои таълимӣ ва тарзи ташкили фаъолияти донишҷӯ вобастагии мустақим дорад.
Аз ин нуқтаи назар, таълим дар назди бистари бемор бояд ҳамчун технологияи педагогии ба фаъолияти касбӣ нигаронидашуда баррасӣ карда шавад, ки дар он ҳар як марҳилаи раванди таълим - аз омодагӣ то таҳлил ва арзёбии натиҷа - дорои мақсад, мазмун, усул, восита ва натиҷаи пешбинишуда мебошад. Ҳузури кӯтоҳи устод ва донишҷӯ дар назди бемор танҳо қисми намоён ва ниҳоии раванди нисбатан васеи педагогӣ ба ҳисоб меравад.
Пеш аз ворид шудан ба ҳуҷраи бемор донишҷӯ бояд бо мавзуъ, мақсади таълимӣ ва вазифаи мушаххаси худ шинос шуда, маълумоти зарурии назариявиро аз худ намояд ва ба иҷрои фаъолияти клиникӣ омода бошад. Устод низ бояд бемор ва ҳолати клиникии ӯро пешакӣ интихоб ва арзёбӣ намуда, мувофиқати онро ба мақсадҳои таълимӣ муайян кунад, пайдарҳамии фаъолияти донишҷӯёнро тарҳрезӣ намояд, масъалаҳои ахлоқӣ ва деонтологиро ба назар гирад ва меъёрҳои арзёбии фаъолияти онҳоро муайян созад[17,с.45].
Бинобар ин, ҳатто агар фаъолияти бевоситаи устод ва донишҷӯ дар назди бистари бемор вақти кӯтоҳро дар бар гирад, он бояд натиҷаи як раванди пешакӣ тарҳрезишудаи педагогӣ бошад. Дар ин раванд донишҷӯ на ҳамчун мушоҳидагари одӣ, балки ҳамчун субъекти фаъоли таълим баромад мекунад: ҳолати беморро мушоҳида менамояд;
- шикоятҳоро муайян мекунад;
- анамнез ҷамъ меорад;
- муоинаи клиникиро анҷом медиҳад;
- нишонаҳоро таҳлил мекунад;
- фарзияи ташхисӣ пешниҳод менамояд;
- натиҷаҳои таҳқиқотро шарҳ медиҳад;
- қарорҳои касбии худро асоснок мекунад.
Дар навбати худ, устод на танҳо маълумот медиҳад ё фаъолияти донишҷӯро мушоҳида мекунад, балки ҳамчун ташкилкунанда, роҳнамо, мушовир ва арзёбандаи фаъолияти таълимӣ-касбӣ амал менамояд. Ӯ тавассути саволҳои мақсаднок, ҳолатҳои проблемавӣ, муҳокимаи клиникӣ, нишон додани намунаи амали касбӣ ва бозхӯрди фаврӣ ба ташаккули тафаккури клиникӣ ва мустақилияти касбии донишҷӯ мусоидат мекунад[11,с.24].
Аз ин рӯ, технологияи таълим дар назди бистари беморро метавон ҳамчун низоми пайдарпай ва мақсадноки фаъолияти педагогӣ тасаввур намуд:
омодагии пешакӣ → гузоштани мақсад ва вазифа → интихоби ҳолати клиникӣ → фаъолияти бевоситаи донишҷӯ дар назди бемор → мушоҳида ва роҳнамоии устод → муҳокима ва таҳлили ҳолат → бозхӯрд ва ислоҳи хатогиҳо → арзёбии натиҷа → рефлексия ва татбиқи дониш дар ҳолатҳои нави клиникӣ.
Ҳамин тариқ, «дар назди бистари бемор» будан худ аз худ технологияи педагогӣ набуда, технологияи педагогии мақсаднок ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок ташкил намудани фаъолияти таълимӣ дар ин муҳит мебошад. Арзиши воқеии он на дар давомнокии ҳузури донишҷӯ дар назди бемор, балки дар он ифода меёбад, ки то чӣ андоза ин вақти кӯтоҳ ба фаъолияти маърифатӣ, амалӣ, муоширатӣ ва рефлексивии донишҷӯ табдил дода мешавад.
Дар чунин шароит ҳатто якчанд дақиқаи таълими бевосита дар назди бемор, агар пешакӣ ва баъдан бо фаъолияти мақсадноки педагогӣ таъмин карда шавад, метавонад барои ташаккули салоҳиятҳои касбии табиби оянда аҳамияти назаррас дошта бошад. Аз ин рӯ, самаранокии таълим дар назди бистари беморро пеш аз ҳама бояд на бо давомнокии ҳузур, балки бо сифати тарҳрезӣ, ташкил, роҳнамоӣ, фаъолияти донишҷӯ ва натиҷаи таълимӣ муайян намуд.
Таҷрибаҳо собит намуданд, ки таълим дар назди бистари бемор, дар таълими муосири тиббӣ он ба як шакли мақсаднок ва сохторбандишудаи таълим табдил ёфтааст, ки дорои ҳадафҳои муайян, вазифаҳои таълимӣ, усулҳои мушаххас, алгоритми гузаронидани машғулият, меъёрҳои баҳодиҳӣ ва талаботи ахлоқию ҳуқуқӣ бояд бошад. Маҳз ҳамин хусусиятҳо имкон медиҳанд, ки таҷрибаи анъанавии омӯзиши бемор дар назди устод ба технологияи муосири педагогии таълими клиникӣ табдил дода шавад.
Дар шароити рушди таҳсилоти тиббии муосир ин масъала аҳамияти бештар пайдо мекунад. Дар гузашта донишҷӯ асосан тавассути лексия, китобҳои дарсӣ, мушоҳидаи устод ва таҷрибаи беморхона донишҳои худро такмил медод. Имрӯз бошад, таълими тиббӣ бо усулҳои симулятсионӣ, технологияҳои рақамӣ, таълими интерактивӣ, омӯзиши ҳолатҳои клиникӣ, баҳодиҳии объективии малакаҳои клиникӣ ва дигар технологияҳои муосир ғанӣ гардидааст. Бо вуҷуди ин, бемори воқеӣ ҳамчун субъекти таълимӣ дорои имкониятҳои махсус мебошад, ки онҳоро на ҳамеша симулятор ё модели рақамӣ пурра иваз карда метавонад[2,с.35].
Маҳз дар назди бемор донишҷӯ бо мураккабии воқеии фаъолияти касбии табиб рӯ ба рӯ мешавад. Бемор танҳо маҷмӯи аломатҳо ё маълумоти клиникӣ нест; ӯ шахсиятест бо эҳсосот, тарс, саволҳо, интизориҳо ва эҳтиёҷоти инфиродӣ. Аз ин рӯ, таълим дар назди бистари бемор ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки дар баробари малакаҳои клиникӣ, фарҳанги муошират, ҳамдардӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияти гӯш кардан, эҳтироми шаъну шарафи инсон ва риояи махфияти маълумоти тиббиро низ аз худ намояд. Дар ин раванд нақши омӯзгори клиникӣ ниҳоят муҳим аст.
Дар раванди истифодаи технологияи таълим дар назди бистари бемор омӯзгор бояд на танҳо донишҳои тиббиро шарҳ диҳад, балки барои донишҷӯ намунаи муносибати касбӣ бошад. Тарзи муоширати омӯзгор бо бемор, муносибати ӯ ба саволҳои бемор, эҳтиёткорӣ ҳангоми муоина, риояи меъёрҳои этика ва деонтология ва тарзи таҳлили ҳолати клиникӣ барои донишҷӯ ҳамчун модели рафтори касбӣ хизмат мекунад. Аз ин рӯ, дар технологияи таълим дар назди бистари бемор «устод – донишҷӯ – бемор» ба як низоми ягонаи педагогӣ табдил меёбад, ки дар он ҳар се унсур нақши муҳим доранд[12,с.336].
Ҷанбаи дигари муҳими ин технология дар он аст, ки донишҷӯ аз мавқеи шунавандаи ғайрифаъол ба иштирокдори фаъоли раванди таълим табдил меёбад. Ӯ бояд беморро мушоҳида кунад, саволҳои мақсаднок диҳад, маълумоти заруриро ҷамъоварӣ намояд, нишонаҳоро таҳлил кунад, фарзияи клиникӣ пешниҳод намояд, бо роҳбарии омӯзгор натиҷаҳои худро асоснок созад ва баъд аз машғулият фаъолияти худро арзёбӣ намояд[16,с.123].
Ҳамин тавр, технологияи таълим дар назди бистари бемор метавонад барои ташаккули тафаккури клиникӣ ва қобилияти қабули қарорҳои касбӣ заминаи мусоид фароҳам созад.
Дар баробари ин, истифодаи бемори воқеӣ дар раванди таълим масъулияти махсуси педагогӣ ва ахлоқиро талаб мекунад. Ба бемор набояд танҳо ҳамчун «воситаи таълим» муносибат карда шавад. Пеш аз ҷалби ӯ ба раванди таълим бояд ҳуқуқ, шаъну шараф, махфияти маълумоти тиббӣ ва розигии огоҳонаи ӯ ба назар гирифта шавад. Донишҷӯ бояд дарк намояд, ки ҳар як амали ӯ дар назди бемор бояд ба принсипи «пеш аз ҳама, зарар нарасондан» ва эҳтироми шахсияти инсон асос ёбад[17,с.43].
Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи таърихии фарҳанги тоҷикӣ ва талаботи муосири педагогикаи тиббӣ дар як нуқта ба ҳам меоянд: муносибат ба бемор бояд пеш аз ҳама инсонпарварона бошад. Агар дар фарҳанги миллӣ аёдати бемор ҳамчун нишонаи меҳрубонӣ, ҳамдардӣ ва дастгирии инсонӣ арзёбӣ гардад, дар таълими муосири тиббӣ ин арзишҳо ба ҷузъи фарҳанги касбии табиб табдил меёбанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки технологияҳои муосири таълими клиникӣ аз ҷиҳати шакл ва сохтор нав бошанд ҳам, арзишҳои инсонпарваронаи дар муносибат бо бемор асосёфта решаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ доранд.
Ташкили технологияи таълим дар назди бистари бемор яке аз шартҳои асосии самаранокии ин технологияи педагогӣ ба ҳисоб меравад. Самаранокии он на танҳо аз мазмун ва усулҳои истифодашавандаи таълим, балки аз дуруст ба роҳ мондани муҳити клиникӣ, интихоби бемор, омодагии омӯзгор ва донишҷӯ, муайян намудани мақсаду вазифаҳо, тақсимоти нақшҳо, риояи меъёрҳои этикӣ ва таъмини бехатарии бемор вобаста мебошад. Аз ин рӯ, технологияи таълим дар назди бистари бемор бояд ҳамчун раванди мақсаднок, пешакӣ ба нақша гирифташуда, марҳилавӣ ва идорашаванда ташкил карда шавад.
Дар ташкили ин технология се иштирокдори асосӣ – омӯзгори клиникӣ, донишҷӯ ва бемор – бо ҳамдигар робитаи педагогӣ ва касбӣ доранд. Ҳар яке аз онҳо мақоми муайянро соҳиб аст. Омӯзгор ташкилкунанда ва роҳнамои раванди таълим буда, мақсадро муайян мекунад, бемори мувофиқро интихоб менамояд, фаъолияти донишҷӯро назорат ва дар ҳолати зарурӣ ислоҳ мекунад. Донишҷӯ ҳамчун субъекти фаъоли таълим мушоҳида, муошират, ҷамъоварии маълумоти клиникӣ, муоина, таҳлил ва муҳокимаи ҳолати беморро анҷом медиҳад. Бемор бошад, ҳамчун ширкаткунандаи воқеии раванди таълим бо риояи ҳуқуқ, шаъну шараф, розигӣ ва амнияти ӯ ҷалб карда мешавад.
Ташкили технологияи таълим дар назди бистари беморро шартан ба панҷ марҳилаи ба ҳам алоқаманд ҷудо кардан мумкин аст:
- марҳилаи якум – омодагӣ ба таълим: дар ин марҳила омӯзгор мақсад ва натиҷаҳои интизоршавандаи таълимро муайян намуда, мазмуни мавзуъ, саволҳои клиникӣ ва шакли фаъолияти донишҷӯёнро пешакӣ ба нақша мегирад. Беморе интихоб карда мешавад, ки ҳолати клиникии ӯ ба мақсади машғулият мувофиқат кунад. Пеш аз оғози машғулият омӯзгор бояд вазъи бемор, имконияти иштироки ӯ дар раванди таълим ва талаботи марбут ба махфияти маълумоти тиббиро ба назар гирад. Ҳамзамон, донишҷӯён бояд бо масъалаҳои назариявии зарурӣ, мақсади машғулият ва қоидаҳои рафтор дар муҳити клиникӣ шинос карда шаванд;
- марҳилаи дуюм – омодасозии бемор ва муҳити клиникӣ: пеш аз ҷалби бемор ба машғулият бояд ба ӯ мақсади таълимӣ бо забони фаҳмо шарҳ дода шавад. Иштироки бемор бояд ихтиёрӣ буда, бо эҳтироми ҳуқуқ ва шаъну шарафи ӯ сурат гирад. Муҳити таълимӣ бояд ба қадри имкон ором, бехатар ва мувофиқ ба талаботи фаъолияти клиникӣ бошад. Дар ин марҳила инчунин масъалаҳои махфият, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва пешгирии нороҳатии бемор ба назар гирифта мешаванд;
- марҳилаи сеюм – фаъолияти мустақими донишҷӯ дар назди бистари бемор: ин марҳилаи марказии технология мебошад. Донишҷӯ таҳти роҳбарии омӯзгор бо бемор муошират намуда, шикоятҳо ва анамнезро ҷамъоварӣ мекунад, ҳолати беморро мушоҳида менамояд ва вобаста ба мақсади машғулият амалҳои зарурии муоинаи клиникиро иҷро мекунад. Омӯзгор дар ин раванд на танҳо маълумот медиҳад, балки тавассути саволҳои мушкилдор, мушоҳида ва роҳнамоӣ донишҷӯро ба таҳлили мустақили ҳолати бемор водор месозад;
- марҳилаи чорум – муҳокима ва таҳлили клиникӣ: пас аз муоина омӯзгор ва донишҷӯён натиҷаҳои мушоҳида ва маълумоти ҷамъовардашударо муҳокима мекунанд. Донишҷӯ бояд далелҳои клиникии бадастовардаро таҳлил намуда, робитаи байни нишонаҳо, анамнез ва ҳолати умумии беморро муайян кунад. Дар ин марҳила тафаккури клиникӣ, қобилияти муқоиса, таҳлил, хулосабарорӣ ва асоснок намудани андешаи касбии донишҷӯ инкишоф меёбад.
- марҳилаи панҷум – рефлексия ва баҳодиҳӣ: дар анҷоми машғулият фаъолияти донишҷӯ таҳлил ва арзёбӣ карда мешавад. Омӯзгор дастовардҳо ва камбудиҳои донишҷӯро муайян намуда, барои такмили минбаъдаи фаъолияти касбии ӯ тавсияҳо медиҳад. Худи донишҷӯ низ ба фаъолияти худ баҳои рефлексивӣ дода, муайян мекунад, ки кадом дониш ва малакаҳоро истифода бурд, дар кадом ҳолатҳо мушкилӣ дошт ва барои бартараф намудани онҳо ба кадом омодагии иловагӣ ниёз дорад.
Аз нуқтаи назари ташкили педагогӣ, дар ҳар як машғулият бояд мақсади таълимӣ, мақсади тарбиявӣ ва мақсади амалии клиникӣ бо ҳам алоқаманд карда шаванд. Масалан, ҳангоми омӯзиши усулҳои муоинаи бемор донишҷӯ ҳамзамон бояд тарзи дурусти муошират, эҳтироми шаъну шарафи бемор, риояи махфият ва масъулияти касбиро низ аз худ намояд. Ҳамин тавр, фаъолияти клиникӣ ба воситаи ягонаи таълим ва тарбия табдил меёбад.
Ҷиҳати муҳими ташкилии технологияи мазкур тақсимоти дурусти вақт ва фаъолияти иштирокчиён мебошад. Машғулият набояд ба як муоинаи одии бемор табдил ёбад. Ҳар як марҳила бояд мақсади мушаххас дошта бошад: пешакӣ омодагӣ гирифтан, муошират бо бемор, мушоҳида ва муоина, муҳокимаи ҳолати клиникӣ, ҷамъбаст ва рефлексия. Ин сохтор ба омӯзгор имкон медиҳад, ки раванди таълимро идора намояд ва иштироки фаъоли ҳар як донишҷӯро таъмин кунад.
Ҳангоми ташкили таълим дар назди бистари бемор инчунин шакли кор бо донишҷӯён бояд ба назар гирифта шавад. Вобаста ба мақсад ва хусусияти машғулият метавон фаъолияти инфиродӣ, ҷуфтӣ ва гурӯҳиро истифода бурд. Дар шакли инфиродӣ донишҷӯ метавонад мустақилона анамнез ҷамъоварӣ ё муоина гузаронад; дар кори ҷуфтӣ як донишҷӯ нақши иҷрокунанда ва дигаре нақши мушоҳидакунанда ё таҳлилгарро иҷро мекунад; дар кори гурӯҳӣ бошад, донишҷӯён ҳолати клиникиро якҷоя муҳокима намуда, хулосаи асоснок пешниҳод мекунанд[17,с.42].
Нақши омӯзгор дар ин раванд махсусан муҳим аст. Ӯ бояд на баҳри ба ҷойи донишҷӯ иҷро намудани амалҳои клиникӣ, балки барои ташаккули фаъолияти мустақилонаи ӯ шароит фароҳам оварад. Омӯзгор метавонад аввал намуна нишон диҳад, баъдан иҷрои амалро ба донишҷӯ вогузор намояд ва дар ҳолати зарурӣ танҳо тавассути савол, ишора ва тавсияи методӣ фаъолияти ӯро ислоҳ кунад. Чунин муносибат аз амсилаи (модели) «омӯзгор мегӯяд – донишҷӯ иҷро мекунад» ба амсилаи (модели) «омӯзгор роҳнамоӣ мекунад – донишҷӯ амал мекунад – донишҷӯ таҳлил мекунад – омӯзгор натиҷаро арзёбӣ менамояд» гузаришро таъмин мекунад.
Ҳамзамон, ташкил намудани таълим дар назди бистари бемор бояд ба талаботи бехатарии бемор ва донишҷӯ ҷавобгӯ бошад. Ҳеҷ як вазифаи таълимӣ набояд ба вазъи бемор таъсири манфӣ расонад. Дар ҳолатҳои вазнин ё ҳангоми номувофиқ будани ҳолати бемор, истифодаи усулҳои дигар, аз ҷумла симулятсия, омӯзиши ҳолати клиникӣ ё дигар шаклҳои таълими амалӣ мувофиқ мебошад. Ин талабот нишон медиҳад, ки ҳадафи таълимӣ набояд аз ҳуқуқ ва манфиатҳои бемор болотар гузошта шавад.
Ҳамин тавр, қисмати ташкилии технологияи таълим дар назди бистари бемор маҷмӯи чораҳои ба ҳам алоқамандеро дар бар мегирад, ки аз банақшагирӣ ва омодагӣ оғоз гардида, бо фаъолияти клиникии донишҷӯ, муҳокима, баҳодиҳӣ ва рефлексия анҷом меёбад. Ташкили дурусти ин марҳилаҳо имкон медиҳад, ки бемор ҳамчун иштирокчии ҳифзшавандаи раванди таълим, донишҷӯ ҳамчун субъекти фаъоли омӯзиш ва омӯзгор ҳамчун роҳнамо ва мураббии касбӣ дар як низоми ягонаи педагогӣ фаъолият намоянд. Дар натиҷа, таълим дар назди бистари бемор ба муҳити воқеии ташаккули донишҳои клиникӣ, малакаҳои амалии касбӣ, фарҳанги муошират ва арзишҳои ахлоқии табиби оянда табдил меёбад.
Технологияи таълим дар назди бистари беморро метавон ҳамчун низоми мақсаднок, марҳилавӣ ва идорашавандаи фаъолияти омӯзгор ва донишҷӯ дар муҳити воқеии клиникӣ муайян кард, ки ба ҳамгироии донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалии клиникӣ, тафаккури клиникӣ, фарҳанги муошират ва сифатҳои ахлоқию касбии табиби оянда равона карда шудааст.
Технология = мақсад + мазмун + шакл + метод + восита + марҳилаҳо + назорат + натиҷа.
Воситаҳои таълимие, ки дар раванди технологияи таълим дар назди бистари бемор истифода мешаванд:
1.Воситаҳои анъанавӣ:
- стетоскоп;
- тонометр;
- термометр;
- фонендоскоп;
- асбобҳои муоина;
- варақаи таърихи беморӣ;
- ҷадвалҳои клиникӣ;
- алгоритмҳои муоина;
- протоколҳои клиникӣ;
- варақаҳои назоратӣ.
2.Воситаҳои таълимии рақамӣ:
- планшет ё ноутбук;
- захираҳои электронии таълимӣ;
- китобҳои электронии тиббӣ;
- тасвирҳои рентгенӣ, КТ ва МРТ;
- презентатсияҳои электронӣ;
- видеоҳои таълимии клиникӣ;
- системаҳои электронии таърихи беморӣ;
- платформаҳои таълими электронӣ.
Аммо як нуктаи муҳимро бояд қайд кунем, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ набояд бемори воқеиро аз раванди таълим хориҷ кунанд. Онҳо бояд ҳамчун воситаи такмилдиҳанда истифода шаванд. Баррасиҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки симулятсия ва технологияҳои муосир имкониятҳои муҳим доранд, вале таҷрибаи муошират ва муоинаи бемори воқеӣ хусусиятҳое дорад, ки пурра ба муҳити симулятсионӣ гузаронида намешаванд.
Ҳамин тариқ, технологияи таълим дар назди бистари бемор низоми ҳамгирои таълимӣ-педагогӣ буда, дар он усулҳо, шаклҳо ва воситаҳои таълим дар муҳити воқеии клиникӣ ба таври мақсаднок муттаҳид гардида, барои ташаккули донишҳои клиникӣ, малакаҳои амалии касбӣ, тафаккури клиникӣ, фарҳанги муошират, масъулиятшиносӣ ва арзишҳои ахлоқию инсонпарварии табиби оянда равона карда мешаванд.
Падидаи нав будани технологияи таълим дар назди бистари бемор маҳз дар системанокӣ ва мақсаднокии педагогии он зоҳир мегардад. Яъне, агар дар гузашта шогирд дар назди бемор таҷрибаи устодро мушоҳида карда, аз он таълим мегирифт, имрӯз ин раванд бояд дар асоси ҳадафҳои таълимӣ, натиҷаҳои пешбинишудаи омӯзиш, методҳои фаъол, саволҳои клиникӣ, мушоҳидаи сохторбандишуда, рефлексия ва баҳодиҳии объективӣ ташкил карда шавад. Ин гузариш аз «омӯзиш тавассути ҳузур дар назди бемор» ба «таълими мақсаднок дар назди бемор» яке аз самтҳои муҳими рушди педагогикаи тиббии муосир мебошад.
Адабиёт
1. Байзоев А. Баъзе масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълим (дастури методӣ). – Душанбе: Донишварон, 2018. – С. 40.
2. Булатов С.А., Пальмова Л.Ю. Методика «Стандартизированный пациент» как этап формирования клинического мышления у будущих врачей. Вестник современной клинической медицины. 2009;2(4):33-36.
3. Васильев В.С. «Роль и место лекции в учебном процессе в высшей медицинской школе в современных условиях» Ж. Гродненский Государственный Медицинский Университет, 2009, №2(26).,с.224-227.
4. Дернер К. Хороший врач. Учебник основной позиции врача. Пер. Сапожниковой И.Я. М.: Алетейя; 2006. 256с.
5. Долгова Т.В. Смешанное обучение – инновация XXI века. – 2017. – 5: Интерактивное образование. С. 2-8.
6. Ермалович А.В. «Педагогические аспекты медицинского образования» Ж. «Навуковыя публикацыи» 2017, с. 60-64.
7. Қодиров Қ.Б. Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тоҷикон аз замонҳои қадим то зуҳури ислом, Д., 1998.
8. Лутфуллозода М. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи суннатҳо ва арзишҳои миллӣ, Душанбе, 2006, 126 с.
9. Лутфуллозода М. Эҳёи педагогикаи Аҷам, Душанбе, 1997.424с.
10. Лутфуллоев М., Педагогикаи миллии халқи тоҷик. Осори педагогӣ, ҷилди 6. Душанбе -2015 с. 704
11. Магазаник Н.А. Диагностика без анализов и врачевание без лекарств. М. 2014. 120с.
12. Мадалиева С.Х., Ерназарова С.Т., Кудайбергенова А.Ж. К вопросу об организации развития коммуникативной компетентности у студентов медиков. Международный журнал экспериментального образования. 2016;2-2:334-337.
13. Мирализода А.М. Асосҳои маҳорати педагогӣ (Китоби дарсӣ). - Душанбе: «Ирфон», 2024, - 324с.
14. Нагаева И.А. Смешанное обучение в современном образовательном процессе: необходимость и возможности// Отечественная и зарубежная педагогика. – 2016. – № 6. – С. 56–67.
15. Петрушенко Т.А., Бублий Т.Д., Попович И.Ю., Ступак Е.П. «Особенности чтения лекций англоязычным студентам на кафедре теоретической стоматологии» СМБ,2013,№2 – 1(37)
16. Родзаевская Е.Б. «Классическая аудиторная лекция в преподавании гистологии как фундаментальной медико-биологической дисциплины» Вестник медицинского института «Реавиз», 2016, №1,(21). С.123
17. Свистунов, А.А. Доверие к современному медицинскому образованию / Медицинское образование и профессиональное развитие. – 2014, №2. – С.41- 51.
18. Сулаймонӣ С. Тамаддун /Дар 4 китоб - Душанбе: Ирфон, 2003 -2007, 354 с.
19. Фаридуддини Аттор. Мантиқ-ут-тайр ва Асрорнома. / Фаридуддини Аттор Бо кӯшиши Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. - Душанбе: Адиб, 2014. - 480 с.
20. Фахриддин Алии Сафӣ. Одоб-ул-асҳоб. Душанбе, 1998. 53 с.
21. Шеин С.А. Диалог как основа педагогического общения. // Вопросы психологии. Выпуск 12. – Челябинск: Изд. ЧГПУ, 2001.
Доктори илмҳои педагогӣ, устоди кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсиони
Қодиров Бахтиёр Розиқович